logo

Хабарҳо

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

Бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муассир андешида  мешаванд. Дар ноҳияи Рашт низ тайи солҳои охир бунёди муассисаҳои наву замонавӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бовусъат идома дорад.
Тавре муовини аввали раиси ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ иттилоъ дод, ҳоло 17 муассисаи таълимӣ ба бунёду азнавсозӣ ва таъмири асосӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, айни замон бо ҷалби соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар се муассиса оғоз гардида,  корҳои лоиҳакашии дигар муассисаҳо дар арафаи анҷомёбианд.
Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № № 14, 16 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва Вазорати маориф ва илм биноҳои нави замонавӣ сохта мешаванд.
- Бунёди синфхонаҳо то охири соли 2018 ба анҷом  мерасад. Дар ин амал саҳми сокинон назаррас аст. Аз ҷумла, сокини деҳаи Ярхаби Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак Абдулвоҳид Хонов барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ 50 ҳазор сомонӣ ҳиссагузорӣ намуд. Ва ба монанди ин, соҳибкорону шахсони саховатпеша дар корҳои ободонии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд, - гуфт Раҳимҷон Муқимӣ. 
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 341

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед