logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Аз ҳарфҳо калимаҳои мувофиқ сохта шавад
Катакчаҳои холиро бо ҳарфҳои нишондода тавре пур намоед, ки калимаҳои ҳосилшуда аз боло ба поён ҳам, аз тарафи чап ба рост ҳам, як калима хонда шаванд.
И, И, О, О, О, О, А, А, А, А, А, А, Ҳ, Ҳ, З, З, З, З, Б, Б, Д, Р.
Масъули рубрика  Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер,
Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40


«МЕРСЕДЕС» ДАР ОРОМГОҲ Ё ТУҲФА БА БАРОДАР БАЪД АЗ МАРГ
Дар оромгоҳи «Роздейл ва Роуз-ҳилл» - и иёлати Ню - Ҷерсии ИМА ёдгории ғайриодие ба чашм мерасад. Дар паси яке аз мақбараҳо  автомобили «Мерседес» истодааст, ки ҳар бинандаро ба ҳайрат меорад. Албатта, «Мерседес» ҳақиқӣ нест, вале онро бо тамоми ҷузъиёташ ва ҳам ҳаҷман баробари автомобили муқаррарӣ сохтаанд. Ду сангтарош давоми яку ним сол онро аз санги калони хорро бо маҳорати баланд тарошидаанд. «Мерседес» 36 тонна вазн дорад.  Барои сохтан ва то оромгоҳ овардану гузоштан 250 ҳазор доллари ИМА сарф намудаанд, ки бо қурби имрӯза ба 613 ҳазор доллар баробар аст.
«Мерседес» - ро соли 1982 миллиардер Дэвид Тсе ба хотири бародараш Рэе, ки чунин автомобилро меписандид, гузоштааст. Миллиардер ба Рэе ваъда дода буд, ки вақти соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шудан, ба ӯ «Мерседес - 240D - Рестайлинг»  мехарад. Аммо Рэе соли 1981 дар синни 15 - солагӣ дар садамаи автомобилӣ аз дунё мегузарад.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


ЗАНҲОИ МАЪРУФИ СИЁСАТМАДОР
Як зумра бонувон бо матонату ҷасорат ва иродаи мардонаашон дар арсаи сиёсат мақому мартаба ёфтаву муваффақ гаштаанд. Ва номашон дар саҳифаҳои таърих барои ҳамеша бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст. Перомуни чанд нафари онҳо маълумот хоҳем дод.
1. Индира Ганди
Индира Ганди аз маъруфтарин чеҳраҳои сиёсии Шарқ аст. Ӯ духтари Сарвазири Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неҳру мебошад, ки дар синни 48 - солагӣ ба вазифаи сарвазирӣ таъйин гашт. Солҳои 1966-1977 ва 1980-1984 ин вазифаро иҷро кардааст.
Индира Ганди ҳомии Ватан ва муборизи роҳи истиқлолу озодии кишвараш шинохта мешавад. Зеро ӯ дар замоне ба сари қудрат омад, ки дар мамлакат муноқишаҳои дохилӣ тезутунд буданд. Индира бо сиёсати хирадмандонааш тавонист вазъро ором карда, Ҳиндустонро ба мамлакати пурқудрат табдил диҳад. Ин аст, ки ҳиндуҳо ӯро дар баробари Маҳатма Ганди дӯст медоранд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ҲАФТ МУЪҶИЗАИ ОЛАМ
Ба пурсиши омӯзгор, ки «Ҳафт муъҷизаи олам кадомҳоянд?» аксари донишҷӯён чунин посухро навишта буданд:
 «Тоҷмаҳал, аҳроми Миср, Каниёни бузург, канали Панама, девори бузурги Чин, Б. Эмпире Стейт».
Аммо посухи духтаре аз ин ҳама тафовут дошт ва ғайриодӣ маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, омӯзгор онро бо шодмонӣ ва қаноатмандӣ  барои ҳама қироат кард: «Дар олам он қадар чизҳои пурэъҷоз ҳастанд, ки мо ҳоло ҳеҷ якеро дуруст дарк карда натавонистаем. Ҳафт муъҷизаи олам барои ман инҳоянд: «Дидан, шунидан, чашидан, бӯидан, хандидан, ламс кардан ва дӯст доштан». Баъд аз хондани ин муъҷизаҳо синфро комилан хомӯшӣ фаро гирифт ва ҳама ба фикр фурӯ рафтанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


9 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ОИД БА АВИАТСИЯ
7. Синни миёнаи ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ
Синни ҳавопаймоҳоро бо вақт на, балки бо сикли (доираи) ҳавоногузариашон (герметизатсияашон) муайян менамоянд. Ҳар бор, ҳангоми парвоз фюзегеляжи ҳавопаймо зери фишор қарор мегирад ва он ба ҳолати техникии ҳавопаймо таъсири манфӣ мерасонад.
«Давомнокии ҳаёт» - и ҳавопаймо вобаста аст ба «мондашавӣ» - и металл ва теъдоди тарқишҳои он. Дар аксар мавридҳо ба ҳисоби ҳавопаймои 20 – сола 51 ҳазор соати парвоз ва 75 ҳазор сикли герметизатсия рост меояд. Агар ҳавопаймо барои парвозҳои дур истифода гардад, яъне, мутобиқан вай камтар дучори сикли герметизатсия мегардад ва ин гуна тайёра метавонад бештар аз 20 сол ҳам, хизмат намояд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ  


«МАНЧЕСТЕР СИТИ»
«Манчестер Сити» (Англия) оид ба теъдоди ба чемпионати ҷаҳон фиристодани футболбозон рекорд гузошт, - иттилоъ додааст сомонаи Sport.
Барои, иштирок дар бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба Русия 16 бозигари бошгоҳи мазкур: Фабиан Делф, Ҷон Стоунс, Кайл Уокер, Раҳим Стерлинг (ҳама аз Англия), Эдерсон Мораес, Данилио, Фернандинё, Габриэл Жезус (ҳама аз Бразилия), Илкай Гюндоган (Олмон), Николас Отаменди, Серхио Агуэро (ҳар ду аз Аргентина), Венсан Компани, Кевин де Брюйне (ҳар ду аз Белгия), Бернарду Силва (Португалия), Давид Силва (Испания), Бенжамен Менди (Фаронса) фиристода мешаванд, ки бо чунин ҳайат то ҳанӯз дар чемпионати ҷаҳон ба ягон даста муяссар нашудааст.
Рекорди қаблӣ соли 2006 аз тарафи дастаи «Арсенал» (Англия) бо вакилии 15 футболбоз дар мундиали ҷаҳонӣ гузошта шуда буд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


10 ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
3. ШАНХАЙ
Аҳолияш 24 миллиону 484 ҳазор
Боғи марказии Шанхай бозори ғайриодие дорад, ки ҳафтае ҳамагӣ ду рӯз кушода аст. Ин ҷо асосан падару модароне меоянд, ки барои фарзанди худ арӯс ё домод мекобанд. Волидон дар бозор эълон часпонда, бо ҳам вомехӯранд, гапзанон мекунанд ва танҳо баъди маслиҳаташон пухтан домоду арӯсро ба якдигар мешиносонанд. Албатта, чунин «пешхезӣ» ба ҷавонон хуш намеояд ва онҳо худ тақдирҷумбони хеш будан мехоҳанд. Аммо насли калонсол мутмаин аст, ки танҳо бо ҳамин роҳ анъанаҳоро метавон зиндаю пойдор дошт.
Номи Шанхай бо дарозтарин метрои дунё (434 км) низ баромадааст. Як муқоиса: ба пойтахти Британия барои сохтмони метро 140 сол лозим омада бошад, ба Шанхай буду шуд 15 сол (дар ин ҷо метроро солҳои 1995 -2010 сохтанд).
Шаҳр соҳиби ду бинои осмонхарош мебошад, ки ба даҳгонаи баландтарин биноҳои дунё дохил аст: манораи Шанхай ва Маркази молияи ҷаҳон.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


10 КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
Шаҳрҳо бешуморанд, вале на ҳамаи онҳо таърихи бостонӣ доранд. Ҳафриётшиносон нахустин нишонаҳои тамаддунро дар қаламрави давлатҳои муосири Ироқ, Сурия, Юнону Ҳиндустон ва Эрон мушоҳида кардаанд. Ёдгориҳои таърихӣ, ки қисман то замони мо омада расидаанд, далели гуфтаҳои болост. Ба ин хотир, саҳифаи «Шоми шанбе» шуморо ба сайри 10 шаҳри қадимтарини дунё мебарад. 
1. Иерихон (Фаластин)
Куҳантарин шаҳри рӯйи олам буда, дар ҳудуди Фалас-тин ҷойгир аст. Онро истилогарон борҳо забт карда бошанд ҳам, сокинонаш зодгоҳашонро тарк накардаанд. Иерихон аз қадим маркази тиҷорат маҳсуб ёфта, бо номи «Шаҳри нахлҳо» машҳур аст. Ин шаҳри бостонӣ  дар «Инҷил» ҳам борҳо ёд шудааст.
Аз рӯйи баъзе мадракҳо шаҳр даҳ ҳазор сол қабл дар маҳали аз сатҳи баҳр 250 метр паст бунёд ёфтааст. Аввалин сокинонаш зиёда аз 9000 сол пеш ин шаҳрро маҳали зисти худ интихоб кардаанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ТУНДБОД
Аз хотираҳои В. М. Молотов аст, ки нақл мекунад:
- Субҳгоҳони як рӯзи хунуку барфӣ, ки тундбод мевазид, ҳамроҳи Сталин аз назди Манеж мегузаштем. Муҳофизин ҳанӯз наомада буданд. Рафиқ Сталин дар сар кулоҳи гӯшакдор ва дар тан палтои дарози пашмин дошт, ки аз нигоҳи аввал шинохтанаш ҳам ғайриимкон буд. Дар ҳамин вақт талбандае дар барамон рост шуду «садақа кунед, ҷанобон» гуфта, даст дароз кард.
Сталин аз дилсӯзӣ кисаҳояшро кофта, як даҳсӯма бароварду ба он бечора дод.  Талбанда  бошад, ғайричашмдошти мо якбора аз пуштамон ғавғо бардошт:
- Худо гирад дороии шуморо, бойбачаҳо.
Ҳарчанд медонистам, ки ӯ доҳиро нашнохтааст, бениҳоят асабонӣ шудам. Вале рафиқ Сталин баръакс, маънидорона табассум карду гӯё маро ором мекарда бошад, чунин гуфт:
-  Аз рафтори ин бечора тамоми мардумро фаҳмидан мумкин! Ғамхор набудан ниҳоят бад аст, касе инро қабул надорад. Дилсӯзии аз меъёр зиёд ҳам, чандон хуб нест. Яъне, ҳама кор бояд меъёр дошта бошад.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли аввали Донишкадаи  давлатии
забонҳои Тоҷикистон


ЧАТРЕ, КИ СОҲИБАШРО МЕШИНОСАД
Шояд бо шумо низ ҳолате рӯй дода бошад, ки ҳангоми борон ҳар ду дастатон бо бор банд буду илоҷи истифодаи чатратонро надоштед. Роҳи ғайриодии ҳалли чунин мушкилро президенти ширкати ҷопонии «Asahi Power Service» Кэндзи Судзуки пайдо намуд. Баъди зери борони сел монда тар шудан ба сараш фикри аҷибе омад: ихтирои чатри паррон.
Дар натиҷа, мутахассисони ширкаташ асбобе сохтанд, ки одамро аз борон ҳимоя месозад. Онро ҳоҷати бо даст болои сар доштан нест. Ин корро худаш анҷом медиҳад. Чатри нав на танҳо мустақилона болои сари соҳибаш парвоз мекунад, балки метавонад ӯро шиносад.
Арзиши асбоби ғайриодӣ алҳол хеле гарон аст. Ғайр аз ин, ба чатрҳо ба якдигар барнахӯрданро «ёд додан» даркор. Тибқи маълумот, чатрҳои паррон баъди ду сол ба фурӯш бароварда мешаванд.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
9. Регби
Дар ин намуди варзиш дастаҳо бо 15 бозигар (8 ҳамлагар ва 7 ҳимоятгар) бо ҳам зӯр меозмоянд.
Бозӣ аз ду нимаи 40 дақиқаӣ иборат мебошад. Бозигарони ҳар як даста тӯби чармини тухмшаклро ба ҳамдигар бо дасту пой дода, мекӯшанд, ки онро ба майдони баҳисобгирифташудаи паси дарвоза бирасонанд ва ё ба дарвозаи Н – шакл бизананд то соҳиби  имтиёз гарданд. Бозии регби ба шарофати мактабе, ки дар он зуд – зуд ин намудро бозӣ мекарданд, номгузорӣ шудааст.
Мутобиқи қиссаи мавҷуда асосгузори бозии регби Уилям Уэбб Эллис, хонандаи мактаби шаҳри Рагбии Англия мебошад. Қоидаҳои аввалини бозии регби низ аз тарафи хонандагони мактаби Рагби соли 1845 интишор гардидаанд.
Мусобиқоти бештар бонуфузи регби дар дунё чемпионати ҷаҳон маҳсуб ва аз соли 1987 дар ҳар чор сол як маротиба доир мешавад. Ғолиби мусобиқа соҳиби Ҷоми Уэбб Эллис мегардад.
Солҳои 1900, 1908 ва 1920 – 1924 регби ба барномаи расмии Бозиҳои олимпӣ шомил буд ва дубора, танҳо соли 2016 ба он баргашт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


8 РОҲИ ОҲАНИ ХАТАРНОК
Вайт Пасс ва Юкан
Ин роҳи оҳан таърихи зиёда аз садсола дошта, дарозиаш 109 километр мебошад. Он дар иёлати Аляскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тӯл кашида, ҳамчун хатсайри туристӣ истифода мешавад.
Баъзе қитъаҳои роҳи оҳани  Вайт Пасс ва Юкан дар болои пулҳои пулҳои чӯбӣ, ки ҳар  лаҳза фурӯ рафтани онҳо аз эҳтимол дур нест, бунёд гаштаанд. Вале, сарфи назар аз ин, сайёҳон ба хотири дидани манзараҳои зебои Аляска маҳз тариқи  он сафар мекунанд.
Таҳияи Комрон САФАР


ХАРАКҲОИ ОФТОБИИ ШИРКАТИ «ФОРД»
Ширкати машҳури автомобилбарории «Ford» якҷоя бо ширкати «Strawberry Energy» дар боғи фароғатии Лондон ва кӯчаҳои шаҳр 20 хараки барқи - офтобиро гузошт. Дар ин курсиҳо одамон на танҳо нишаста дам мегиранд, балки метавонанд дастгоҳҳои мобилии худро неру диҳанд, аз «Wi-Fi» - и ройгон истифода баранд.
Дигар хусусияти ғайри-одии ин курсиҳо дар он аст, ки манзараи атрофро шахси дар он нишаста аз экрани телефони мобилии худ метавонад бубинад ва дар бораи вазъи обу ҳаво, намнокӣ ва дараҷаи тозагии ҳаво низ маълумот гирад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ЯК ПАНД
Агар шумо парвоз карда наметавонед, давед, агар тавони давидан надоред, қадам занед, агар инро ҳам наметавонед, рӯи замин худро кашола кунед - илоҷе ёфта, бояд ҳамеша ба пеш дар ҳаракат бошед!
Мартин ЛЮТЕР


ОСОРХОНАҲОИ  ҒАЙРИОДӢ
Аз ҳама баландтарин осорхона Каса де ла Монедаи шаҳри Потосии Боливия мебошад, ки дар баландии 4100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Хурдтаринаш – «Баублис», дар деҳаи Биетайи Литва, дар ковокии дарахти булут ҷойгир аст. Осорхона аз соли 1812 арзи ҳастӣ намуда, дар он яроқҳои қадима, асбобу анҷоми аскарон, тангаҳо ва китобҳои нодир ба тамошо гузошта шудаанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
БА ГАРДИШҲО ОДАТ НАКАРДААМ
Дар вақти пойгаи дучархаронҳо дар мавзеи граф Гемпшир варзишгари касбии ҳолландӣ Д. Ингрид дар тангкӯчаҳои сергардиш дучархаашро идора карда натавониста ба тирезаи кушодаи хонае зада даромад, ки хушбахтона, аз замин он қадар баланд набуд.  Вай ба меҳмонхона афтод, ки аҳли оила барои ғизои нисфирӯзӣ ҷамъ омада, дар гирди миз менишаст. Ҳама аз ҳайрат бо даҳони воз лаҳзае карахт монд. Ингрид зуд ба худ омаду узрхоҳона гуфт: «Ман ба гардишҳои зиёд одат накардаам, дар ватани мо – Ҳолландия ҳамаи роҳҳо ростанд». Баъд вай бо пешниҳоди мизбонон паси миз нишаст ва бо иштиҳо оби шӯрборо дам кашид.  Дигар вай дар бораи ғалаба фикр намеронд. Ингрид ба марра 163 – юмин шуда расид. Дар мусобиқа 165 нафар пойгачӣ номнавис шуда буд. 164 ва 165 – ум ҳанӯз дар оғоз аз муҳориба даст кашида буданд.
Қурбон Мадалиев, тарҷума аз русӣ


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ
БАГУРДА БОШЕД!
Гурда ҳар дақиқа 1,2 литр хунро тоза карда метавонад.
* * *
Аксари нафароне, ки гурдадард мешаванд, камҳаракатанд. Металлургҳое, ки дар сехи гарм машғули меҳнатанд, ошпазҳо, қаннодон ва соҳибони касбҳои ба ҳаминҳо монанд ба халал ёфтани кори гурда моил мешаванд.
* * *
Хун рӯзе 35 маротиба аз гурда гузашта, аз заҳрҳо тоза мешавад.
* * *
Ҳамасола дар олам зиёда аз 30 ҳазор трансплантатсияи гурда ба ҷо оварда мешавад.
* * *
Ҳар як гурдаи шахси солим ба ҳисоби миёна 180 грамм вазн дорад.
* * *
Дар гурдаҳо пайдо шудани санг аз тарзи хобидани шахс вобаста будааст. Одамҳое, ки мудом бо паҳлуи чап мехобанд, дар гурдаи чап, касоне, ки доимо бо паҳлуи рост мехобанд, дар гурдаи рост санг пайдо мекунанд.
Таҳияи Умар АЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2018    №: 115    Мутолиа карданд: 327

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед