logo

сиёсат

МУБАШАР ҶОВИД АКБАР: "РОҲБАРОНИ ГУМРОҲИ НАҲЗАТӢ ИМОНРО БА ЗУЛМ ТАБДИЛ ДОДААНД"

- Тоҷикистон бо терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи онро дар як давраи ҳассос барҳам дод. Мо бояд маънои ин дастовардро дарк карда, эътироф намоем, ки таҷрибаи нодири Президент ва давлати Тоҷикистон  дар фурӯ нишондани даргириҳои ду даҳсола пеш на фақат таъмини субот дар кишвар, балки наҷоти Осиёи Марказӣ аз ҳузури террористон ва пешгирии тавсеаи ифротгароӣ дар минтақа буд. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро гирифт, ки метавонист Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳрҳои Хазару Сиёҳ ва Ироқу кишварҳои Левант доман занад.
Ин андешаи Мубашар Ҷовид Акбар, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон аст, ки ишораи мустақим ба ҳаводиси хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дорад. Номбурда ин матлабро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3 - 4 май бо ҳузури беш аз 400 намояндаи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуд. Ин мақоми баландпоя дар идомаи суханронии худ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки бояд дар мубориза бо терроризм мавқеи ягона ва қатъиро интихоб намоянд: «Мо бояд ба ҷонибдорони миссияҳои худкушӣ ва ҳимоятгарони бесарусомонӣ бо далерии эътиқодамон ҷавоб диҳем. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст дар муқобили терроризм ба манфиати кор нест. Иҷозат фармоед, бори дигар аз таҷрибаи мизбононамон, ки дар фикру рафтори худ равшании намунавӣ нишон доданд, мисол орам. Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзатро ҳамчун ташкилоти террористӣ бидуни шарт манъ кард. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми «наҳзат» чӣ маъно дорад? Чун мусулмон ман ба зуҳури ислом бовар дорам, зеро он аз сӯи Худованд омадааст. Ин наҳзати қалбакӣ кори одамони гумроҳ  аст. Худованд исломро қосиди сулҳ кард. Аммо ин афроди ҷоҳил дини мубини Исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд. Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд».
Дар ҳоле ки вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон дар баробари таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ, таҳияи роҳу усулҳои муборизаи самаранок алайҳи он дар конфронси сатҳи баланд матраҳ мешуд, Мубашар Ҷовид Акбар ҲНИТ - ро як неруи аҳриманӣ хонда ва гуфт: «Мо бояд Президент Эмомалӣ Раҳмон, неруҳои амниятӣ ва мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда табрик намоем».
Ғолибан, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон зери мафҳуми «фоҷиаи идоранашаванда» фаъолияти ҲНИТ - ро дар назар дошт, ки ҳамакнун эҳсоси хатари он ба марзҳои фаротар мерасад. Ҳарчанд мардум аз тахрибкориҳои аъзои ин ташкилоти террористӣ дар амри бесуботии кишвар ва ҷанги шаҳрвандӣ воқиф буданд, вале ҳаводиси хунини моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат чеҳраи аслии ин ҳизби мамнӯъро рӯшантар ва таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгарони хориҷиро ба худ кашид. Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки ин ҳизб аз оғози фаъолияташ хислати иртиҷоӣ дошта, ба раванди инкишофи сиёсӣ, таҳкими принсипҳои демократӣ халал ворид менамояд. Бадтар аз ин, аъзои он зарфи 10 - 15 соли охир бар пояи нишондоди хоҷагони хориҷии худ батадриҷ дар ҷомеа фазои хурофотӣ ва таассуби диниро ба вуҷуд оварда, дар ниҳоят мехостанд, ки қудрати сиёсиро тариқи исёни мусаллаҳона ба даст оранд. Дар ҳамин асно, ниқоб аз рӯи наҳзатиҳо дарафтод ва робитаи мустақими онҳо бо гурӯҳҳои даҳшатафкани террористӣ бо далелҳои ошкор муайян шуд. Соле қабл рӯзномаи бонуфузи «Ал-Аҳром» - и Ҷумҳурии Мисри Араб ба фаъолиятҳои ҲНИТ мутаваҷҷеҳ шуда, навишта буд, ки «ҳизби наҳзат - ақидааш аз гурӯҳи «Ихвон - ул - муслимин» сарчашма мегирад, дурӯғ мегӯянд, бо дурӯғ нафас мегиранд». Муаллифи матлаб, дар робита ба масъалаи матраҳ, чунин таъкид карда буд: «ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, хокаи аслиашон ба ҳамагон маълум гашт.
Амри собитшуда аст, ки хадамоти ҷосусии баъзе кишварҳои хориҷӣ ба манзури бароварда сохтани аҳдофи ғаразноки худ, тавонистанд ин ташкилоти террористиро созмон дода, афроди хурофотию мазҳабиеро бо роҳи мағзшӯӣ ба он ҷалб созанд. Ин гумроҳон, ки қисме аз кишвар фирор намудаву дар хориҷи мамлакат ба суди бегонагон фаъолият менамоянд, омили аслии ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ки ҳамакнун аз ҷониби сиёсатмадорон ва марказҳои таҳлилию пажӯҳишии кишварҳои зиёди ҷаҳон эътироф шудааст.
Воқеан, ихтисос ёфтани бахши аъзами суханронии Мубашар Ҷовид Акбар, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон, ба унвони як дипломати сатҳи баланд оид ба терроризму ифротгароӣ дар мисоли ҲНИТ ҳушдорест барои ҷомеаҳои сулҳхоҳи олам, ки дар амри ҷилавгирӣ аз фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд. Зеро таҷриба собит намудааст, ки фаъолияти чунин гурӯҳҳо, на танҳо рӯзгори халқу миллатҳои алоҳидаро тира месозанд, балки ба осоиши рӯзгори дигарон низ зарба мезананд.
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (6)    Санаи нашр: 08.06.2018    №: 115    Мутолиа карданд: 506

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед