logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. КАМБУДИ СУДҲО ЗИЁДАНД

Ҳарчанд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баҳри беҳтар шудани шароити корӣ ва усулҳои корбарии мақомоти судӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Суди Олии кишвар тадбирҳои фаровони манфиатбор андешида шудааст, аммо дар аксари судҳо камию костии ҳалталаб ҳанӯз ҳам ҷой доранд.  Масалан, қариб ҳама ниҳодҳои судии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар биноҳои солҳои сиюми асри гузашта бунёдёфта ҷой дода шудаанд, ки бештарашон ҳам аз ҷиҳати бехатарӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷолибияти меъморӣ ҷавобгӯӣ замон нестанд.
Бинои суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ яке аз онҳост. Рӯзи боздиди мо аз он ҷо раиси тозатаъйини суд Сироҷиддин Сайдалӣ кӯшиш дошт, ки ҳатталимкон бо маблағи худӣ ин иморати фарсударо “ҷомаи нав” пӯшонад.
– Бино хеле куҳна аст, - гуфт ӯ. - Қисме аз он ҳарчанд чандин сол пеш аз сӯхтор зарари ҷиддӣ дидааст, аммо то кунун ба ҳоли худ гузошта шудааст. Деворҳои атрофи бино низ ниёз ба таҷдид доранд.
Мероси дигари солҳои сиюм - бинои суди ноҳияи Дӯстӣ, ки бо бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамшафат аст, ба қавли раиси суд Латофат Ҷаъфарзода, пеш ҳамчун беморхона истифода мешудааст. Хиштҳои лойии намкашидаи деворҳои он солҳои мадидест, ки қобилияти нигоҳдории таъмири “косметикӣ” - ро гум кардаанд.
Судҳои навоҳии Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Панҷ низ дар биноҳои солҳои сиюм - панҷоҳуми асри ХХ ҷой дода шуда, солҳо боз бо айни мушкилоти болозикр мувоҷеҳанд.
Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси суди вилояти Хатлон, зимни суҳбат бо тасдиқи ин ки аксар иншооти судҳои ҳудуди вилоят куҳнаю фарсудаанд, афзуд: “Барои сохтани биноҳои нав маблағи зиёд лозим. Бо фароҳам омадани шароити мусоид бо навбат биноҳои муосиртарҳ эъмор мешаванд. Феълан корҳои сохтмонии чунин биноҳо дар баъзе ноҳияҳо идома дорад. Ва соли гузашта бинои ҷадиди суди ноҳияи Восеъ мавриди истифода қарор дода шуд”.
Кофӣ набудани утоқҳои корӣ ва толорҳои маҷлиси судӣ мушкили умдаи дигарест хосси аксар судҳои вилояти Хатлон.
– Ду - се судяи мо дар утоқҳои хурд якҷо бо котибони маҷлиси судӣ менишинанд, -  мегӯяд Абдураҳмон Ёқубзода, раиси суди шаҳри Бохтар. - Агар гӯем, ки фақат се судя - раис ва ду муовин бо утоқҳои корӣ таъминанд, хато намекунем. Як толори маҷлиси судӣ ва як толори ноболиғон дорем, ки бинобар басанда набудан бо мушкилоти бисёр рӯ ба рӯ мегардем. Ҳоло дар фикри сохтани ҳадди ақал се утоқ ва як толори маҷлиси судӣ ҳастем.
Чунин ноҷӯрии корӣ дар бештари судҳо ба мушоҳида мерасад. Аммо фаротар аз ин, судяҳои суди ноҳияи Дӯстӣ ҳатто як толори маҷлиси судӣ надошта маҷбуранд, ки маҷлисҳои судиро дар Қасри ҷавонон ва маҷлисгоҳи ШВКД - и ноҳия гузаронанд.
Бад-ин минвол, тибқи мушоҳидаҳои мо, мизу курсиҳои толорҳои маҷлиси судии судҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳам аз даврони шӯравиянд. Ағлаби толорҳои маҷлиси судӣ кондитсионерҳои коршоям надошта, дар онҳо баҳри таъмини шаффофият камераҳои назоратӣ насб нагардидааст. Нақлиёти хизматии судҳо автомошинаҳои тамғаи ВАЗ - 2106 ва ВАЗ  - 2107 буда, аз сабаби фарсуда шудан кайҳо боз истифода намешаванд. Раисони судҳои шаҳру навоҳии Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун иброз доштанд, ки дар ҷараёни кор маҷбуранд аз нақлиёти шахсияшон истифода баранд.
Масъалаи дигаре, ки мо камтаваҷҷуҳӣ ба онро мушоҳида кардем, дар эълонтахтаҳои даромадгоҳҳои судҳо мавҷуд набудани иттилои зарурист. Худи тахтаҳои иттилоотӣ дар ҳама судҳо насб шудаанд, лекин ба ҷуз суди вилоят дигар дар ягон ҷой рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда, тарзи ба суд муроҷиат кардани шаҳрванд, ҳаҷми пардохтҳои боҷи давлатӣ ва рӯйхати судяҳо дида намешавад.
Қисми зиёди сомонаҳои судҳо ҳам, ки василаи дигари иттилоотонии ҷомеа маҳсуб меёбанд, умуман фаъол нестанд.
Бахши каме, ки гӯё фаъоланд, танҳо бо баромаду табрикоти раисони судҳо пур карда шудаанду халос. Зимнан, Беҳрӯз Шафоев, сухангӯи Суди Олӣ, тасдиқ кард, ки сомонаҳои судҳо интизориҳои онҳоро ҳанӯз бароварда насохтаанд. “Имрӯз масъалаи аз нав таъсисдиҳии сомонаҳо ва омӯзиш додани мутахассисон пеш омадааст.
Биноан, аз таҷрибаи сомонадории пештара ба хулосае омадем, ки дар мадди аввал дар Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе, суди вилояти Хатлон, суди вилояти Суғд ва суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сомонаҳои дар ҳақиқат фаъол таъсис диҳем. Масъулияти назорати сомонаҳо ба дӯши котибони марказҳои матбуотии дар минтақаҳо тозатаъсис вогузор мегардад”, - афзуд Б. Шафоев.
Ба гирд овардани маълумот ва ҳисоботу санадҳо дар махзани алоҳида ё умумии электронӣ ҳам на дар суди вилоят ва на дар судҳои шаҳру навоҳӣ ҳеҷ таваҷҷуҳе зоҳир намегардад. 
Паҳлуи дигари кори судҳо ин аст, ки судя бояд дар доираи соати корӣ ва имкониятҳои физикию зеҳнияш бидуни сарборӣ парвандаҳоро баррасӣ кунад. Вале тибқи иттилои масъулини суди вилояти Хатлон, ба ҳар як судяи вилоят соле то 700 - 1000 парванда рост меояд. Масалан, тибқи таҳлилҳо, соли 2017 дар суди ноҳияи Дӯстӣ ба як судя то 1000 парванда расидааст. Ва ба ҳисоби миёна дар вилоят як рӯзи корӣ ба як судя то ду парванда мерасад, ки инро ҳолдонҳо аз ҳама ҷиҳат “миёншикан” эътироф мекунанд. Аз тарафи дигар, дар судҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 27 толори маҷлиси судӣ мавҷуд аст. Агар аз рӯйи принсипи кории судӣ гирем, баррасии ҳама навъи парвандаҳо бояд дар толори маҷлиси судӣ гузаронда шавад. Дар соли 2017 дар судҳои вилояти Хатлон 39 ҳазору 160 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин рақамро ба 253 рӯзи корӣ тақсим кунему онро ба 27 толори маҷлиси судӣ зарб занем, дар як рӯз ба ҳар як толор 6-7 парванда рост меояд. Гузарондани ин миқдор мурофиаҳои судӣ дар як рӯз дар як толор мантиқан, ғайриимкон аст. Пас, парвандаҳо дар куҷо баррасӣ мешаванд? Албатта, дар утоқҳои кории судяҳо, ки ин хилофи ҳама принсипҳо мебошад.
– Як сол аз 365 рӯз иборат аст ва агар судя аз ин рақам зиёд санади судӣ қабул кунад, мо аз ӯ кори босифат талаб карда наметавонем, - мегӯяд Сайфиддин Муҳиддинзода. - Зеро омода кардани ҳар як санади судӣ вақт мехоҳад. Судя бояд дар хонаи машварат санади судӣ қабул карда, нишаста, ҳалнома, ҳукм ва ё дигар санади судӣ нависад. Аз ин хотир, ба фикри ман, воҳиди кории судяҳо бояд бо назардошти миқдори парвандаҳо ва сарборӣ муайян карда шавад.
Он мушкилоте, ки зикрашон рафт, дар назар буд, ки дар доираи ду барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ, ки муҳтавои асосӣ аз таъмини шароити кории шоиста барои судяҳо ва қонунияту адолат иборат аст, дар солҳои 2011 - 2017 пурра рафъ гарданд. Лекин, чуноне ки аз таҳлилҳо бармеояд, ин санадҳо то ҷое камтаъсир будаанд. Пас, мутасаддиёнро мебояд, ки дар баробари таҳияи барномаҳо тариқи амалисозӣ ва талаб кардани натиҷаи корро ҳам ба инобат бигиранд ва фаъолияти мақомоти судиро бо талаботи инсондӯстонаи Ҳукумати мамлакат комилан мувофиқ созанд.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2018    №: 115    Мутолиа карданд: 226

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед