logo

сиёсат

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. ҶАЛАСАИ СЕЮМ

6 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукоти Конфронси байналмилалӣ оид ба  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ҷаласаи сеюми кумитаи тадорукот  баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи тадорукот, дар бораи рафти омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 20-21 июни соли равон дар Душанбе доир мегардад,  гузориши муфассал дод. Зикр гардид, ки  дар Конфронси байналмилалии Душанбе сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва Ҷибутӣ, вазирону муовинони вазирон аз 35 кишвар, роҳбарону намояндагони беш аз 41 созмони байналмилалӣ,  инчунин, ҳайати Созмони Милали Муттаҳид бо роҳбарии муовинони Дабири кулли СММ ширкат хоҳанд варзид. Дар маҷмӯъ дар ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ  иштироки 1500 нафар аз тамоми қораҳои ҷаҳон дар назар аст. То имрӯз 65 ҳайати расмӣ аз 118 кишвари ҷаҳон (1100 нафар) ҷиҳати иштирок дар конфронс сабти ном шудаанд. Бақайдгирии ширкаткунандагони дигар идома дорад.
Барои  дар сатҳи баланд баргузор намудани ҳамоиш бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати кишвар гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз намуданд.
Тавре Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви кумита, зимни гузориш иттилоъ дод, то имрӯз ду ҷаласаи Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ба ҳайати он масъулони байналмилалии соҳа, олимон ва коршиносони машҳур аз тамоми манотиқи ҷаҳон шомиланд,  баргузор гардиданд: ҷаласаи якум - моҳи март дар Бразилия ва ҷаласаи дуюм - моҳи май дар Душанбе. 18 июн - дар арафаи оғози кори конфронс дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми кумита баргузор мешавад. Сомонаи расмии конфронс (https://wsdconf2018.org/ru/) дар шабакаи интернет ба забонҳои англисӣ ва русӣ   фаъол аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул намудани се ҳуҷҷати асосӣ – «Оид ба натиҷаҳои кори конфронс», «Эъломияи Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»» ва «Даъват ба амал» (маҷмӯи пешниҳодоти ширкатдорони конфронс оид ба тадбирҳо ҷиҳати татбиқи босамари ин даҳсолаи байналмилалӣ) дар назар аст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар поёни  ҷаласа ба аъзои кумитаи тадорукоти конфронс ва роҳбарону масъулони вазорату идораҳои дахлдор  ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани Конфронси байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дод.
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2018    №: 115    Мутолиа карданд: 291

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед