logo

иҷтимоиёт

УСМОНИ СОЛЕҲ ДАРГУЗАШТ

10 июни соли 2018 сармуҳаррири рӯзномаи «Ваҳдат», роҳбари маркази матбуоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инсони накукору заҳматпеша,  журналист ва публитсисти барҷаста Усмони Солеҳ дар синни 61 – солагӣ бар асари бемории асаб аз олам даргузашт.

Усмони Солеҳ 8 марти соли 1957 дар деҳаи Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти «Ғайрат» - и ноҳияи Фархор ба дунё омада, баъди бо баҳои аъло хатм кардани мактаби миёнаи № 6 – и ҳамин ноҳия соли 1974 ба Университети давлатии (ҳоло Донишгоҳи миллии) Тоҷикистон дохил шуд ва онро соли 1979 бо ихтисоси рӯзноманигор хатм кард. Пас аз сафари хидматии дарозмуддат дар Афғонистон ва адои хизмати ҳарбӣ соли 1985 ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор омада, то соли 1993 ба сифати рӯзноманигор, сардори шуъба ва муовини сармуҳаррир кор кардааст. Солҳои 1993 – 1998 роҳбарии маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Солҳои минбаъда дар вазифаҳои муовини рӯзномаи «Минбари халқ» - нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аз соли 2003 то рӯзҳои охир дар вазифаи роҳбари маркази матбуоти ҲХДТ ва ҳамзамон, сармуҳаррири рӯзномаи «Ваҳдат» - нашрияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон кор кардааст. Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Барои заҳмати пурсамар ва содиқонааш сазовори диплому ифтихорномаҳои зиёд гардидааст. Тӯли умри кӯтоҳ чор фарзанд ва шогирдони бисёреро парвариш ва тарбия намуд.
Усмони Солеҳ инсони кушодачеҳра, хоксору қадршинос, журналисти боис-теъдод ва мураббии ғамхору меҳрубон буд. Даргузашти ӯ талафоти вазнинест барои журналистикаи тоҷик. Ёди ӯ дар дили ёрону пайвандон ва ҳамкорону шогирдон ҳамеша зинда аст. Бузургон дар ҳаққи чунин инсонҳои шариф, назири Усмони Солеҳ фармуданд:
Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К – аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Аҳли эҷоди «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 301

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед