logo

сиёсат

БОЗДИД АЗ ДОНИШКАДАИ ТАДҚИҚОТИИ КИШОВАРЗИИ МУОСИР

11 июн дар шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнани Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзӣ ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами олимони соҳа шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, масоҳати умумии заминҳои ин маркази илмӣ наздики 400 гектарро ташкил дода, аз майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ, майдони намоиши кишоварзии муосир ва майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ иборат мебошад.
Дар майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ барои бунёд ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҳифзи растаниҳо, хок ва нуриҳо, корҳои тадқиқотӣ аз болои лоиҳаи эмбриони ҳайвонот, киштукори дақиқ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зироати ғалладона, ҷуворимакка, пахта, лӯбиё, кунҷид ва ғайраҳо таҷриба гузаронда мешавад.
Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ барои коркарди тухмӣ, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, маводи кимиёвии самаранок, методҳои беҳтарсозии зотҳои говҳо ва гӯсфандҳо махсус гардонда шудааст.
Дар майдони намоиши кишоварзии муосир бошад, барои намоиши илмиву тадқиқотии кишоварзӣ, намоиши натиҷаҳои тадқиқотҳо, муаррифӣ кардани дастовардҳои илмӣ ва гузарондани таҷриба шароити корӣ фароҳам овардаанд.
Дар маркази намоиши илмиву технологӣ корҳои намоишдиҳӣ, истеҳсолӣ ва сайёҳӣ, мубодилаи технология гузаронда мешаванд.
Дар қитъаҳои алоҳидаи озмоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, пахта, ангур ва полизӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, олимони чиниро ба ҳамкорӣ даъват карданд.
Тавре маълум шуд, дар ин ҷо 66 навъи ангур, 96 намуди харбуза ва 68 навъи тарбуз парвариш меёбад. Олимон навъи тарбузи зардро дар гармхонаҳо шинондаанд, ки аллакай пухта расидааст.
Дар як қитъаи замини озмоишгоҳ баъди дарави ғалла бо даст пахтаи навъи “Юмен 88” шинондаанд ва он ба таври қатрагӣ обёрӣ мешавад. Ҳамин тухмии пахта дар шароити Тоҷикистон то 50 - сентнерӣ ҳосил медодааст ва тухмии он аллакай дар хоҷагиҳои пахтакори кишвар истифода мешавад.
Зимни шиносоӣ бо таҷрибаи коргарон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳову комёбиҳои олимони соҳа баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки мақсади ташриф омӯхтани таҷрибаи якдигар баҳри рушди соҳаи муҳими иқтисодиёт дар бахши кишоварзӣ мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 269

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед