logo

сиёсат

МУСОҲИБА БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ССТV - И ЧИН

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалию минтақавӣ, инчунин, саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзо мебошад.

Бо дарназардошти мавқеи муҳиму устувори кишвари мо дар ин ташкилоти бонуфузи сайёра хабарнигорони шабакаи калонтарини телевизионии ССТV - и Ҷумҳурии Мардумии Чин қабл аз баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзо, аҳамияти баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, таҳия ва татбиқи амалии муштараки санадҳои қабулшуда, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ - Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин, дигар самтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигорони телевизиони Чин посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.
Ҳалли масъалаҳои мубрами ҳамкории гуногунпаҳлуи кишварҳо, татбиқи минбаъдаи қарорҳои қабулшавандаи ҳамоиши навбатӣ оид ба таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай аз мавзӯъҳои дигари суҳбати Сарвари давлат бо хабарнигорон буд.
Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ дар шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар сомонаҳои интернетӣ, дигар васоити ахбори омма, аз ҷумла дар рӯзномаи калонтарини Чин “Жэнмин Жибао”, ба таври васеъ инъикос гардид ва то имрӯз аллакай миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои ин суҳбат огаҳӣ пайдо карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2018    №: 116    Мутолиа карданд: 244

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед