logo

иҷтимоиёт

ОБ. ҲИФЗИ ОН БАР ДӮШИ МОСТ

Сарзамини Тоҷикистон дар дили ҳамагон бо рангорангии табиат, хусусан обҳои поку зулолаш, ҷой гирифтааст. Ин сарвати нодиру торафт қиматшаванда, неъмати бузурге барои мардуми тоҷик аст, ки Худованд ато намудааст. Ҳоло, ки мушкилоти норасоии оби нӯшиданию полизӣ ба аҳли башар таҳдид менамояд, оқилонаю сарфакорона истифода бурдани манбаъҳои бебаҳои об дар  кишвар вазифаҳои навро ба дӯши мо мегузорад.

Дар ин росто кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масоили об дар ҷаҳон заминаҳои илмию амалӣ фароҳам овардаанд. Сарвари давлат баҳри рафъи мушкилоти ҷаҳонии норасоии об бори чорум иқдом намуда, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” – ро манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонданд. Ин ташаббус бо ҳамовозии бесобиқа аз ҷониби давлатҳои дунё пазируфта шуд ва ҳоло мавриди амал қарор дорад. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ муносибати дуруст бо об ва ҳифзи он аз ифлосиҳо аз ҷониби шаҳрвандон аҳамияти бештар касб менамояд. Мо - сокинони мамлакатро зарур аст, ки оби ошомидании маҳал ва манзили зистамонро пок нигоҳ дорем ва ба исрофи он роҳ надиҳем. Мо бояд нуктаҳоеро,  ки Пешвои муаззами миллат аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ баҳри истифодаи оқилонаи об ва нигоҳдории он баён намуданд, сармашқи кору зиндагии хеш қарор диҳем ва дар татбиқи босамари даҳсолаи номбурда саҳмгузорӣ намоем.
Дар ин ҷода фаъолияти соҳибкорӣ низ нақши муҳим дошта метавонад. Аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ дорои чашмаю ҳавзҳои оби тозаи нӯшиданӣ ва шифобахшанд. Аммо дар онҳо корхонаҳое, ки ба тавлиди зарфҳои обнигоҳдорӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ ва содирот фаъолият намоянд, ба чашм намехӯранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи даҳсола барои таъминоти аҳолӣ бо оби ташнашикан 20 марти соли равон ба бунёди корхонаи  “Сиёма” санги асос гузошт. “Сиёма” тақрибан 50 километр дур аз пойтахт, дар дараи хушманзараи Варзоб, воқеъ мебошад.  
Вақти он расидааст, ки соҳибкорони ватанӣ ба василаи таъсиси чунин корхонаҳо оби тоза ва шифобахши мамлакатро ба хориҷ содирот намоянд.
Сайраҳмон САФАРОВ, 
омӯзгори МТМУ № 47 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2018    №: 117    Мутолиа карданд: 199

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед