logo

сиёсат

ТТЭ ҲНИ. АБЗОРИ ДАСТИ БЕГОНА

Гузашти замон маълум кард, ки  Ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом аслан тавонмандии назарӣ ва амалии саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошт ва надорад. Фаъолияти ин ҳизб фаротар аз сатҳи идеологӣ набуду нест. Ин ҳизб, бо вуҷуди ба даст овардани муҷаввизи фаъолияти расмӣ, усулан натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва суистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои тавтеаангез барои расидан ба  ҳадафҳои сиёсии дастнораси худ мекунад.
Дар иртибот ба фаъолияти қабливу феълии тундравонаи ТТЭ  ҲНИ ин ниҳоди ифротгароро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон "ҳизби сиёсӣ" ва ё ҳатто "ҳизби оппозитсионӣ" номид. Тибқи тавзеҳоти маъмулии илми сиёсатшиносӣ, дар ҷомеаҳои қонунсолор шеваҳои фаъолият ва роҳкорҳое, ки  "оппозитсия" , "ҳизби сиёсӣ" ва "ҳизби оппозитсионӣ" дар мавриди муборизаи сиёсӣ метавонад аз онҳо истифода кунад, бояд ҳатман қонунманд ва мусолиматомез бошанд. Шарти муҳими муборизаи сиёсии аҳзоби сиёсӣ барои ба даст овардани қудрат дар ҳама гуна ҷомеа ва ба вижа ҷомеаи демократӣ он аст, ки усули мубориза ҳатман бояд машруъият дошта бошад, яъне  муборизаи сиёсии ҳизб дар ҳама ҳолат бояд муборизаи солим ва маданиву қонунманд бошад. Аҳзоби сиёсӣ дар ин росто ҳаргиз ҳаққи корбурди шеваҳои ғайримуҷозу ғайриқонунӣ ва хушунатбори муборизаро, ки амну суботи ҷомеа ва умуман, манофеи миллиро ба хатар мувоҷеҳ мекунанд, надоранд. Ба сароҳат метавон дарёфт, ки фаъолияти сиёсии ТТЭ ҲНИ ҳамчун "ҳизби сиёсӣ" ва "ҳизби оппозитсионӣ" ҳеҷ гоҳе ба талаботи маъмулии қонунгузорӣ ва фаҳмиши солими сиёсии замони муосир мутобиқат надошт ва надорад. Аз ин рӯ, ин ҳизб дар истинод ба фаъолияти тундравонаи қаблӣ ва феълии худ фақат як гурӯҳи террористиву  экстремистие буду бас, ки бо дастгирии ғоявию молиявии хоҷагони бурунмарзии хеш барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзид.
Бо ин вазъи кадрие, ки ТТЭ ҲНИ дар гузашта дошт ва ҳанӯз низ дорад, аз ҳайати раҳбарии феълии муддаӣ ва фазлфурӯши он бояд пурсид, ки онҳо тӯли фаъолияти расмии  тӯлонии худ дар Тоҷикистон ғайр аз муташанниҷ кардани  вазъи ақидативу  сиёсии  ҷомеа  ва талош  барои  ҳифзи манофеи гурӯҳии худ дигар  чӣ  коре   анҷом доданд?  Аслан беэътибории ТТЭ ҲНИ - ро нисбат ба тарбияи кадрҳои ихтисосманд  метавон як амри маъмулӣ ва мантиқӣ донист, зеро табиист, ки ҳадафи  ин ҳизб ҳамчун як ҳизби террористӣ  на  саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти ҷомеа, балки фақат  ғасби ҳокимият ва политизатсияи дин асту бас. Зуҳури ин ҳизби тундрав дар арсаи сиёсии кишвари мо аслан бар мабнои лоиҳаҳои кишварҳои манфиатҷӯи муайяне сурат гирифта буд. Далелҳои  мутааддиде то имрӯз ба даст омадаанд, ки ТТЭ ҲНИ аз тарафи баъзе ниҳодҳо ва гурӯҳҳои беруна сармоягузорӣ шуда, барнома ё лоиҳаи сиёсии ин кишвар дар самти интиқоли инқилоби исломиро пайгирӣ мекунад.
Аъзои ТТЭ ҲНИ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо амалҳои террористӣ ва суиқасдҳо ташкил карда, боиси марги садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла шахсиятҳои маъруф ва шинохтаи ҷумҳурӣ шуда буданд. Қатли сиёсатмадори маъруф ва раиси Парлумони вақти кишвар Сафаралӣ Кенҷаев, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, олимони маъруф Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, мушовири  Президент Карим Юлдошев, адиби шинохта Сайф Раҳимзод, муфтии марҳум Фатҳуллохон Шарифзода ва ҳамчунин 20 нафар афсарони қисми низомии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намунае аз бисёр ва муште аз хирвори ифроткориҳову ҷиноятҳои бешумори ТТЭ ҲНИ аст, ки бо дастгирии доираҳои мазҳабии хориҷӣ анҷом ёфтаанд. 
ТТЭ ҲНИ ҳизби тафриқаандоз аст ва зидди истиқлолияти давлативу низоми дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи он тафриқаандозӣ ва ғасби ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду ҳаст. Чандчеҳрагӣ сифати ҳамешагии роҳбарияти ин ҳизб буда, онҳо ҳар замон чеҳраи худро иваз менамоянд, гӯё «тақия» мекарда бошанд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳар рӯз дурӯғи нав мегӯянд ва бо шиорҳои фиребову зебо мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд. Бо фазлфурӯшӣ мехоҳанд нишон диҳанд, ки гӯё онҳо ҳама чизро мефаҳманд ва мушкилкушои ҳамаи муаммоҳоянд. Аммо дигар мардуми шарифи Тоҷикистон фиреби ин фазлфурӯшонро нахоҳад хурд.
Аҳли ҷомеаи мо дар тӯли 27 соли истиқлолият бо дарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ чандин бор  бо чунин бархӯрдҳо  дучор  шудаву пайомадҳои  ин гуна  дасисакориҳоро хуб медонад. Бинобар ин  сиёсати хирадмандонаву талошҳои ватанпарастона ва саъю кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаи фарзандони фарзонаи миллатро сидқан  ҷонибдорӣ намуда, ҳаргиз ба ифротгароёни ҷоҳилу мутаассиб ва бесавод имкон намедиҳад, ки вазъи сиёсиву иҷтимоиро дар кишвар муташанниҷ кунанд, чунки амну суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти кишвару якпорчагии Ватани азиз аз волотарин арзишҳои ҷомеа  ва муқаддасоти давлатии  мо мебошад!
Зикриё АКРАМОВ,
доктори илмҳои таърих,  профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2018    №: 117    Мутолиа карданд: 463

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед