logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ. МУҚОВИМАТИ ЯКҶОЯ - КАФОЛАТИ ҶАҲОНИ ОРОМ

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабори дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расиданд.

Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ироа намуданд.
Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90 - уми асри гузашта, ҳанӯз дар оғози Истиқлолияти давлатӣ ҳадафи амалҳои террористиву ифротгароӣ қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд.
Боиси таассуф аст, ки террористон ва ифротгароён бо истифода аз номи поки дини мубини ислом дунболи аҳдофи ғаразноки худ мераванд, ки ин раванд афкори исломситезӣ ва бадбинии мусалмононро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътидол, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тақвият бахшем, ки ин дар навбати худ имконияти моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир низ бештар месозад.
Дар Тоҷикистон муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр гардида, дар қонунгузорӣ вобаста ба тақвияти мубориза бо терроризм тағйирот ворид гардидааст, ки феълан самари он ба чашм мерасад. Яъне, сангинтар шудани ҷавобгарӣ барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористӣ дар қонунгузорӣ, тадбири муҳиме дар пешгирии гароиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Ба таври дахлдор ба роҳ мондани ҳамоҳангии мақомоти таъқиби ҷиноятӣ шумораи зиёди шахсони ба созмонҳои террористӣ шомилгардидаро ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғозу мавриди тафтиш қарор дода шудааст. Инчунин, пайвастани даҳҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба созмонҳои фаромиллии террористӣ пешгирӣ гардид. Барои пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқу тафтиши самараноки ҳодисаҳои ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар дигар кишварҳо бо фармони якҷояи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст, ки дар шароити феълӣ як амри зарурӣ ба шумор меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти мубориза бар зидди ин зуҳуроти нангин тадбирҳои судманд андешида, дар муқовимат бо терроризм тамоми кишварҳои оламро ба ҳамоҳангию ҳамдастӣ даъват менамояд. Аз ҷумла, аввали моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 400 намоянда аз 48 давлати дунё ва 31 созмони минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд. Мақсади конфронс таъмини муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ ва хатарҳои афзояндаи он ва дигар таҳдидҳои замони муосир буд, ки ба эътирофи коршиносон баҳри таҳкими иттиҳоду ягонагӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ аҳамияти фавқулода муҳим дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ вуҷуд доранд. Ин воқеият аз мо тақозо менамояд, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро  дар ин самт ҳамоно тақвият бахшем.
Мирзоисмон ГИЁЗОДА,
раиси суди шаҳри Душанбе,
Олуфтабону АСКАРЗОДА,
коромӯз – судя


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2018    №: 117    Мутолиа карданд: 377

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед