logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ХИСТЕВАРЗ ОБОДТАР МЕШАВАД

Зиёда аз 7 ҳазор сокини маҳаллаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуд. Иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи “Рушди минтақаҳои кӯҳистон” роҳандозӣ гардид. То охири сол боз зиёда аз 12 ҳазор сокини маҳаллаҳои Чанор, Ҳавзаки Поён ва ба номи Фрунзеи ҷамоат бо оби мусаффои нӯшиданӣ таъмин хоҳад шуд.
Ба шарофати даврони соҳибистиқлолӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мушкилии мардуми деҳот марҳила ба марҳила ҳаллу фасл мешавад. Амалишавии ниёзи як қисми мардуми деҳот ба оби ошомидании босифат ба соли оғози татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028", ки ташаббускораш Сарвари давлати Тоҷикистон мебошад, рост омад. Соҳаҳои асосӣ ва пешбарандаи Хистеварз кишоварзӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ ва тиҷоратанд. Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои доимии кор ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ  ҳоло дар ҳудуди ҷамоат 1870 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфта, ба парвариши сабзавоту зироати ғалладона, боғдорӣ ва токпарварӣ  машғул мебошанд. Таҷдиди хоҷагиҳои калони деҳқонӣ ва таъсиси коргоҳҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ шароит фароҳам овард, ки аҳолии Хистеварз дар баробари  пурра бо маҳсулоти озуқа таъмин намудани худ содироти онро ба роҳ монанд. Дар ин самт, бо назардошти он ки ноҳия дорои боғу токзори зиёд ва майдони ҳосилхези сабзавоту полизӣ мебошад, солҳои наздик татбиқи силсилаи лоиҳаҳо бо ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ оид ба бунёди коргоҳҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина ҳаллу фасл кардани масъалаи таъмини бошандагони деҳа бо ҷойҳои нави корӣ тарҳрезӣ шудааст. 
Хистеварз дар озмуни ноҳиявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон миёни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо иқдомҳои созандагиву ободкорӣ ғолиб омадааст ва ин раванд баҳри истиқболи сазовори 30 - солагии ин ҷашни бузурги миллат идома дорад. Соҳибкорони маҳаллӣ дар ободонии роҳу кӯчаҳо, бунёди иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, умуман, рушди устувори ҷамоат саҳми арзанда доранд. Танҳо дар давоми моҳҳои сипаришудаи соли равон дар ҳудуди Хистеварз 1 толор ва 2 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, як толори дигари варзишии ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад. Ҳоло таъмири  қасри фарҳанги ҷамоат, азнавсозӣ ва сохтмони биноҳои иловагии бозори марказӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, маркази савдою тиҷорат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ҷараён дорад.
- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон доир шуд, аз соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, китобхонаҳо, ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн даъват ба амал оварданд. Ин даъват соҳибкорони бонангу номуси деҳоти моро бетараф намегузорад. Соҳибкор Эминҷон Ҳакимов бо дарназардошти он ки аҳолии деҳа ба як ҳаммоми замонавӣ ниёз дорад, ба бунёди он иқдом намуд. Соҳибкор Муҳиддин Самадов бошад, калонтарин маркази савдоро бунёд мекунад, - бо қаноатмандӣ иброз медорад Бишарофат Раҳимова, раиси Ҷамоати деҳоти Хистеварз.
- Вазифаи ҷонӣ ва ҳаррӯзаи худро мо маҳз дар амалӣ намудани дастуру супориш, ҳидоятҳои хирадмандона ва иқдомҳои созандагию бунёдгароёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем ва дар талошем, ки ҳар гӯшаи Ватани маҳбубамон ободу зебо бошад. Ҳоло ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 1300 рӯзи ободонию сабзкорӣ эълон гаштааст, - гуфт зимни суҳбат Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2018    №: 117    Мутолиа карданд: 331

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед