logo

туризм

ВАРЗОБ. МАКОНИ ИСТИРОҲАТ ВА САЁҲАТ

Вақте сухан атрофи саёҳату сайёҳӣ дар Тоҷикистон меравад, нахуст Варзоб пеши назар меояд. Ин муҳобот не, воқеияти рӯз аст. Воқеияте, ки сайёҳону меҳмонони ба Варзоби серобу хушманзара ташрифоварда бо чашми сар дидаву бо самимият тасдиқ намудаанд.
Варзоб, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 1999 минтақаи истироҳатӣ ва туристӣ эълон гардид, дар минтақаи марказии кишвар ҷойгир аст. Релйефаш – кӯҳӣ. Аз сатҳи баҳр дар баландии 1029 - 3000 метр воқеъ гашта, бо шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Душанбе ва ноҳияҳои Айнию Рӯдакӣ ҳаммарз мебошад. Ноҳия номи худро аз дарёи Варзоб гирифтааст, ки аз баландиҳои кӯҳи Анзоб сарчашма гирифта, дараи Варзобро бурида мегузарад ва дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дарёи Лучоб ҳамроҳ шуда, номи рӯди Душанберо мегирад.
Дараи Варзоб дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисор воқеъ гардида, паҳнои он аз 100 то 700 метр мерасад. Иқлимаш - муътадил. Масофаи байни маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 25,5 километрро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи Баҳриддин Нозимзода, муовини раиси ноҳия, ҳоло дар ноҳия 920 минтақаи истироҳатӣ вуҷуд дорад, ки фаъолияти аксари онҳо, ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб - Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад. Дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳаманд.
Маҷмааи зебои «Кохи Малика» ба ҷуз истироҳат-кунандагон барои нафароне, ки сафари корӣ доранд, созгор аст. Толорҳои гуногунҳаҷми конфронсӣ имкон медиҳанд, ки вохӯриву тренингҳо бо сатҳу сифати хуб баргузор шаванд. Дар тарабхонаи «Кохи Наврӯз» хӯрокҳои машҳури миллӣ ва халқҳои ҷаҳон пешниҳод карда мешаванд. Дар ин ҷо барои фароғат ҳаммом, ҳавзҳои оббозӣ барои кӯдакону калонсолон, иншооти варзишӣ ва дигар шароитҳо фароҳаманд.
 «Гулобод» яке аз мавзеъҳои истироҳатии нотакрору зебост, ки бо кӯҳҳо ва ҷангалзор иҳота шуда, дорои чашмаю шаршараҳои зиёд аст.
Дар қисмати ғарбии ноҳия Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафед-дара» дар хизмати сайёҳон қарор дорад. Дар ин ҷо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ доир мегарданд. Маҷмаа барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароитҳои хуби замонавиро фароҳам овардааст. Аксари хизматрасониҳо тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда шудаанд. Мактаби варзишии зимистонаи маҷмаа барои омода кардани варзишгарон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият менамояд.
Дар осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм», «Сароб» ва пансионати «Харангон» шароитҳои хуби табобат ва истироҳати бофароғати меҳмонон фароҳам оварда шудаанд. Аз ҳудуди осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» ду дарёчаи хурд мегузарад, ки ҳарорати оби маъдании беназири гарми онҳо то 98 дараҷа мерасад. Қаламрави оби гарми маъданӣ 4,5 гектарро ташкил дода, беш аз 20 чашма дорад, ки аз онҳо буғи гарм хориҷ мешавад. Дар осоишгоҳ ҳар сол то 7 - 8 ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои рафъи бемориҳои дил, рагҳои хунгузар, узвҳои ҳаракат, сутунмуҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда ва ғайра табобат мегиранд. Барои табобат обу ҳавои кӯҳсор низ кумак мекунад.
Таркиби оби чашмаи Хоҷа Сангхок, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр дар Ҷамоати деҳоти Зидеҳ ҷойгир аст, аз моддаҳои минералӣ бой аст.
Дарёи Сиёма аз қисмати шимолии ноҳия ба дарёи Варзоб мерезад. Оби ин дарёча соли 1991 дар Озмуни байналмилалии «Оби тоза», ки дар ИМА баргузор шуд, сазовори медали тилло гардида буд.
Олами набототи ноҳияи Варзоб гуногун буда, рустаниҳои мевадиҳанда, ороишӣ, доругӣ ва асаловар хеле бисёранд. Аз 145 рустании худрӯй дору тайёр мекунанд. Арчазорҳо 50 фоизи ҷангалзори ноҳияро ташкил медиҳанд. Дар кӯҳу дараҳо хирс, гург, қашқалдоқ, хуки ёбоӣ, оҳу, ҷайра, рӯбоҳ, сағур зиёданд. Дар ноҳия 46 намуди паранда, ба монанди уқоби морхӯр, каргас, булбул, соч, саъба ва ғайра мавҷуд аст.
Сокинони ноҳияи Варзоб дорои ҳунарҳои мардумии ба худ хос буда, хусусан ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, намадрезӣ, қолину адрасбофӣ, ресандагӣ, попурзанӣ, кӯрпаву кӯрпачадӯзӣ, ҳамёндӯзӣ, ҷомадӯзӣ, ҳунарҳои қадима ва нисбатан паҳнгардида ба ҳисоб мераванд. Дар байни мардон бештар ҳунарҳои кандакорӣ, чӯбтарошӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ ривоҷ ёфтаанд.
Сокинони ноҳияи Варзоб бо санъати баланди хӯрокпазӣ овозадоранд. Дар ин ҷо аз гиёҳҳои шифобахши хӯрданибоб шакароб, қурутоб, оши палов, атолаи бурида, атолаи тупа, далда, гандумҷӯш, чанголӣ, ширкаду, умоч аз сиёҳалаф, умоч аз каду, умочи ширӣ, кочӣ, нашоиста, атолаи сафед, тарҳалво, ҳалво, ширбиринҷ, ҳадир, ширбат ва ғайра омода менамоянд.
- Яке аз тадбирҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти косибону ҳунармандон мебошад. Ин тадбир бо мақсади ҳавасмандсозии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешида шудааст. Дар назди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, даромадгоҳи ноҳия ва нуқтаҳои фурӯш гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудаанд. Рушд додани ин соҳаи аҳамиятнок, воқеан, барои ғанӣ гаштани буҷети ноҳия ва беҳ шудани некуаҳволии мардум мусоидат мекунад, - изҳор дошт Б. Нозимзода.
Дар ноҳия тамоюли устувори афзоиши шумораи сайёҳон ба назар мерасад, ки ба он, пеш аз ҳама, вазъи муътадили иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат менамояд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли гузашта дар минтақаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳҳои табобатии ноҳия 95000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ саёҳат ва истироҳат кардааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 25000 нафар зиёд аст. Пас аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 66855 (дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд) сайёҳи дохилию хориҷӣ аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия дидан намуд, ки худ гувоҳи аҳамияти бузурги роҳандозии ин тадбир аз ҷониби Пешвои миллат аст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2018    №: 117    Мутолиа карданд: 406

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед