logo

сиёсат

ФАРҲАНГИ МУНОСИБАТ БО ВАТАН

Дар ин рӯзгоре, ки бар асоси вобастагии гузашта, тасодуфҳои имрӯз ва биму тардиди фардо дар андешаи раҳо шудан қарор дорад, кӯшишу талоши дурусту бамаврид барои зиндагии шоиста доштан, амри муҳим ба шумор меравад. Ин шакли зиндагиро танҳо метавонад ҷомеае барпо кунад, ки рӯҳ ва завқи умумӣ дошта бошад, зеро танҳо ин умумият боиси зуҳури як ҳадаф - ҳадафи умумӣ мегардад.
Аслан, умумият дар натиҷаи нишон додани вижагиҳо ё тафриқаи объектҳои манзури таваҷҷуҳ зуҳур меёбад. Аммо ваҳдати миллии тоҷикон далели фаровон бар рӯҳу сиришти ягонаи мост, яъне умумияту таносуби осебнопазири як миллати бузурге бо номи «тоҷик» маҳсуб мешавад. Сабаби аслии чунин тавфиқи ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, ба таъмини волоияти қонун, муҳофизати ҳуқуқи озодӣ ва ташаккули адолати иҷтимоӣ дар кишвар марбут аст.
Омили ягонаи озод будан ва ба ҷо овардани эҳтироми қонуни Ватан бо такя бар виҷдон ва фазилати шахсист, зеро дар ҳолати акс инсон худро шояд аз хештан ҳам наҷот дода натавонад.
Завқи омӯхтани тамаддуну таърихи як ҷомеа низ аз шинохтани шахсиятҳои таърихӣ ва мутааллиқи дунёгаштаи он оғоз мегардад - ашхосе, ки бо такя ба эҳсоси зебову нодири инсондӯстӣ зебо зистанд ва зиндагиномаашон дар ҳама давру замон гарму хуш истиқбол гардид. Агар зиндагӣ муносибат бо табиату ҷомеа бошад, пас зиндагие, ки бар пояи ахлоқ ва, умуман, бар пояи ваҳдат аст, шакли олии он маҳсуб мешавад.
Ҳар иқдоми саодатофаранда, ҳар як дастоварди рӯзгор ва, умуман, фатҳи зинаҳои комгорӣ бе тардид падидаи навбатиест, ки дар партави мунаввари таассурот ва тараннуми соҳибистиқлолии мо, тавассути талошҳои пурсуди Сарвари кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба зуҳур мерасад. Тулӯи офтоби истиқлолият авҷи давлатдорӣ, зуҳури андешаи муқаддаси миллӣ ё санъати баланду мондагори ватандории тоҷикон аст, ки он маҳзари ростин, манзалати воқеии адабӣ ва маънавию рӯҳии кишвари мо гаштаву дар ин ҷода нақши рӯшани ваҳдати миллиро низ бо тамомияти дахлпазирӣ мукарраран нишон дод. Роҳ ёфтани ин накукории бархоста аз рӯҳи тавонову беосеби як миллат ва ин табаддулоти бузург ба ҳақиқат зеботарин зуҳуроти таърихӣ ва омили эҷоди эътимод ба ояндаи пурнури Ватан гардид. Яъне, ин ҷо санъате дар санъат аст ва арзиши ин муққадасотро танҳо рафтори муаддабонаи ҷомеа, бахусус насли ҳамсоли истиқлолият метавонад муайян созад.
Истиқлолият бо тақозои ҳаёт ва бо ҳадафи бартараф кардани маҳдудияти озодии иқтисодию сиёсиву фарҳангӣ, ки ҳавасмандии ҷомеаро дар ривоҷу шукуфоии мамлакат монеъ мегардид, ба воқеияти рӯшану раднопазир табдил ёфт ва ибтидои марҳалаи нави таърихии давлати тоҷикон гашт. Ба шарофати он имрӯз роҳи муносибати Сарвари давлат бо ҷомеа мунаввару сапед аст ва маҳз ҳамин таъниси ҷовидонаи ин ҷонибҳои мазкур василаи муҳимтарини ба сомон расидани сиёсати ватанӣ маҳсуб гардида. Пайвастан ба марҳалаи истиқлолият лаҳзаи тавассути симои вежаи тоҷикона пайдо шудани Тоҷикистон дар саҳнаи дунё - пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонист, ки новобаста аз вазъи кунунӣ - раванди ноороми ҷаҳони муосир ба зуҳур омад. Бо итминони комил метавон баён кард, ки тамоми муқаддасоти истиқлолофаридаи кишвари мо як қадами бебозгаште ба сӯи мақсадҳои олии милливу ватанӣ буда, на фақат огоҳие аз эҳё, такрор ё такмили фарҳанги миллӣ, санъати зебову қадими халқи мост, ки дар мазраи биниши ҳамагон қарор дорад, балки осоиши дигареро низ дорост ва он дар афзудани фазилату ахлоқи ҷомеа хулоса мегардад. Яъне, ба ин васила пешорӯи ҷомеаи кунунӣ масъулияти дигаре қарор мегирад, ки на танҳо онро аз ҷумлаи наводири замон ба шумор меоваранд, балки эҳтирому эҳтиёташонро низ ба ҷо оранд. Аз ин рӯ, мо низ бояд дар хидмати зебоиҳои санъат бошем, хосса, вақте ки фарҳанги миллии мо забони умумибашарӣ дорад.
Фаротар аз ин, бояд ҷомеаи мо бо Ватан, чун маъбаде, ки аслан бояд бо дили пок дар он бошад, пайванди рӯҳии қавиву гусастанопазир доштаву гармии муҳаббати беканори онро бо тамомияти ҳастии худ эҳсос кунад. Таърих шаҳодати фаровонеро дар хотираи худ ҳифз намуда, ки ҳолати акс бетардид метавонад яке аз омилҳои рахнаи маънавии ҷомеа гардад (бахусус дар ин замоне ки интернет чун муносибати ғайривоқеӣ эҷодкунандаи рахнаҳои ахлоқиву забониву фикрӣ мегардад).
Ватан ҷуғрофиёи тақдиршуда, саромади фалсафаи будан, садоқаткадаи ҷовидон ва ваҳдатсарои ҳар миллату халқият ва, дар умум, ҷомеаи инсонист. Барои дарки дурусту амиқи Ватан дар дилу хуну андеша гӯё маълумоти олии бадеӣ ва завқи баланди фитрӣ доштан зарур ба назар мерасад. Аммо, агар сода гирем, барои тақдири Ватан, кофист, ки мо боре бо камоли огоҳӣ чашм кушоем ва аз ҳавои ин сарзамини тақдиршуда огоҳона нафас гирем. Чашми ватандӯст ҳамеша дар мазраи худ мавҷу набзи иқтисод, рушду такомули мунтазам, оромишу осоиш ва мақоми ҷовидонаи ваҳдати миллиро мебинад ва ифтихору фароғате ҳамешагӣ барои худ эҷод мекунад, чун куллияи тафреҳ бар асоси муҳаббат ва эътимод зуҳур меёбад.
Ватан оғозу анҷоми мост ва муносибат ба он муносибат ба миллат, муносибат ба зиндагӣ ва, ниҳоят, муносибат бо Худост, зеро ин сегона печидаву дармондаи якдигаранд. Оғози ишқи Ватан эҳсоси зебои инсондӯстиву инсонгароист, аз ин ҷост, ки муҳаббат ба волидайн, пайвандону кӯдакон, ҷомеа ва муҳаббат ба башар бо муҳаббати Ватан хулоса мегардад. Чизе ҷуз худи Ватан ҳаргиз нақши Ватанро набозида, ҳатто барои як фурсати кӯтоҳ ҳам. Ин аст, ки Паёмбари Акрам (с) низ дӯст доштани Ватанро аз имон донистаанд.
Мо сояпарварони домони Ватан – Модар ҳастем. Ватан ба мо оромишу амниятро чун меъёри зиндагӣ фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, набояд ба ҳар рафтори номатлуби худ Ватанро гунаҳкор донем, зеро Ватан ҳам чун Модар дар навбати худ ҳуқуқи аз мо ранҷидан дорад. Гузаштагони мо ҳамеша бо завқи баланд хоки Ватанро, дороии худро қадр мекарданд, шукр мегуфтанд, ҳамеша бар сари ҳирси доштан ғолиб буданд. Имрӯз истиқлолият ба мо зиндагиро дар шакли зеботару комил - дар шакли муосир муҳайё кард. Мебояд нахуст на дар фикри камбуди рӯзгор бошем, балки дороии маънавию зеҳнӣ, бисоти иҷтимоии худро қадр кунем, то оҳиста-оҳиста, бетардид ҷониби мақсади ниҳоии инсонӣ қадам гузорем. Ин саодатро метавон ба таъбири дигар «фарҳанги муносибат ба Ватан» унвон гузошт, ки дар заминаи садоқат зуҳур мекунад. Ин фарҳанг даричаест ҷониби шинохти оламу зебоӣ ва, умуман, асли фарҳанги миллӣ ватандӯстист ва меъёри асолати он хидмат ба инсон аст.
ГУЛНОЗ, шоира


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2018    №: 117    Мутолиа карданд: 233

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед