logo

ҳуқуқ

ҚОЧОҚ. РАФТОРИ БОИСИ ТААССУФ

Зарари нашъамандӣ ва хатари он ба ҷомеа ҳар яки моро водор месозад, ки ба ин зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъона барем. Ҳарчанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ин вабои аср мавқеи оштинопазир доранд, мутаассифона, на ҳама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  бо ин зуҳуроти номатлуб сидқан мубориза мебаранд. Баръакс худ ба қочоқи маводи мухаддир машғул шуда, дигаронро ба ин дом мекашанд. Таассуфовар он аст, ки дар баъзе ҳолатҳо аз мақоми хизматиашон истифода мекунанд.
Мисоли ин гуфтаҳо Шоҳрух Муҳиддинзода сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мебошад, ки бо рутбаи дараҷавии майори милитсия кор карда, бо истифода аз мақоми хизматии худ ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул шудааст. Ӯ дар  сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар минтақаи хизматиаш аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташон ба тафтишот маълум нест, ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадори навъи “афюн”- ро ба ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ интиқол дода, онро нигоҳ доштааст.
 20 ноябри соли 2017 Шоҳрух Муҳиддинзода дар кӯчаи 20 - солагии Истиқлолияти шаҳри Кӯлоб 1 килограмм воситаи нашъадори навъи “афюн” - ро ба шаҳрванд Ахмедов Зоир ба маблағи 5300 сомонӣ фурӯхтааст. А. Зоир онро ҳамон рӯз дар кӯчаи Роҳи Нави шаҳри Кӯлоб ба Ибрагимов Кароматулло ба ҳамин маблағ фурӯхт. И. Кароматулло  бошад, рӯзи  26 ноябр 360 грамми онро ба маблағи 3000 сомонӣ  дар шаҳри Кӯлоб ба Назаров Мусохон Асоевич мефурӯшад, Н. Мусохон 140 грамми онро барои истеъмоли худаш истифода намуда, боқимонда 500 граммашро бо мақсади ба каси дигар додан ғайриқонунӣ бо худ нигоҳ доштааст.
 27 ноябри соли 2017 Н. Мусохон маводи нашъадорро ба шаҳри Душанбе овард. Дар кӯчаи Маяковский шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, ба бинои ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳозир карда шуд. Маводи аз Мусохон ёфтшуда ба воситаи нашъадори “афюн” мансуб буда, вазни умумии он 360 граммро ташкил медод. 30 ноябр бошад, дар асоси нишондодаш  И. Кароматулло дар шаҳри Кӯлоб дастгир ва аз ӯ 500 грамм воситаи нашъадори  навъи “афюн” дарёфт ва мусодира шуд. Ҳамин тавр И. Кароматулло шахсеро, ки аз ӯ воситаи нашъадорро гирифт, номбар кард. А. Зоир дар навбати худ  бо гумоне, ки Муҳиддинзода Шоҳрух сардори ШКҶ ШВКД дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мебошад ва нисбат ба ӯ ҷавобгарӣ татбиқ намешавад,  нақши ӯро пурра баён кард. 
Дар маҷмӯъ, суд Шоҳрух Муҳддинзодаро бо моддаи 200 қисми 4 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 солу 6 моҳ, ҳамчунин, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият дар мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муҳлати 5 сол ва нисбат ба дигар ҳамаслаконаш ҷазо ба муҳлатҳои гуногун дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин намуд.
Мутаассифона, Шоҳрух ба қадри озодӣ, вазифа, рутбаи майори милитсия нарасида, ба чунин ҷинояти нанговар даст зад ва ҷавонони гумроҳро низ аз паси худ ба пушти панҷара бурд. Итминон дорем, ки ҷавонони кишвар аз чунин амалҳои зишт худдорӣ намуда, инчунин, шахсонеро, ки ба чунин амалҳо даст мезананд, аз ин роҳ бармегардонанд.
М. ОДИНАЗОДА,
муовини якуми раиси суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 379

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед