logo

фарҳанг

МЕҲР ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРӢ

Дунёи рубоиҳо дунёи зебову марғуб аст. Дар ҳар мисраъ садои дил ва орзую умеди гӯяндаҳо бозгӯ шудаанд. Кас мехоҳад гаштаю баргашта рубоиҳоро хонад, то ин ки зимни он китоби сарнавишти худро варақгардон кунад. Айёми ҷавониро пеши назар оварда, аз зебоиҳои он баҳравар гардад.

Забони рубоиҳо содаву фаҳмо буда, онҳо бозгӯи ҳаёти мардуманд. Масалан, дар ин рубоӣ омадааст:
Ёракма бубин, айлоқи боло рафтаст,
Ин қаҳра ба мо кардаст, танҳо рафтаст.
Гуфтам биравам, дар сари раҳ-ш тӯр кашам,
Моҳӣ шудасу таҳ-таҳи дарё рафтаст.

Вақте хонандаи огоҳ калимаи «айлоқ»- ро мехонад, манзараи кӯҳистон пеши назар ҷилвагар мегардад. Ҷое, ки майсаҳои нав-руста мисли қолин заминро пӯшондаанд. Гулҳои гуногун майли шукуфтан доранд. Гулҳои ятимак (тағорашиканак, ҳавоборонак) аллакай ҳама ҷойро пур кардаанд. Табиат ҳам ба ҳоли ятимакҳо раҳм карда, онҳоро пештар ба олами ҳастӣ бароварда гуфтааст: «чун ятим ҳастед, шумоёнро аз дигар гулҳо барвақттар ҳаст кардам, ки аз ҳаёт бештар баҳравар гардед». Бисёр аҷиб аст, ки бузургсолон мо - кӯдаконро аз чидани гулҳои ятимак манъ карда буданд. «Гулҳои ятимак-ро начинед, убол аст», - таъкид мекарданд онҳо. Ҳамаи ин гуфтаҳои калонсолон маънӣ ва мафҳуме дар замир доштанд.
Мисраи дуюм нозу итоби маъшуқаро ифода карда, ҳикоят аз ҳаёти воқеии деҳотиён менамояд. Дар тобистон деҳотиён чорвои худро ба айлоқ ронда, дар он ҷо муддати 4 - 6 моҳ зиндагӣ ба сар мебаранд. Зиндагӣ дар айлоқ нисбат ба деҳа мушкилтар аст, аммо саршор аз лаҳзаҳои романтикист. Масалан, дар баландкӯҳҳо ҳамин ки пораи абре пайдо шуд, ҳатман борон ва ё жола меборад. Омадани сел ҳам эҳтимол дорад.
Дар ин гуна ҷой бояд нон ва хӯрок пухт. Шири аз чорвоҳо дӯшидаро пухта, ҳосилашро ба даст оварда, ҳамаи онро ба деҳа фирис-тодан лозим меояд. Аз деҳа ба айлоқ боист озуқаворӣ интиқол дод. Хулоса, дар айлоқ ҳам зиндагӣ кайфияту камияти худро дорад, бинобар ҳамин, на ҳар наварӯс тобу тоқати зиндагӣ дар ин маконро таҳаммул карда метавонад. Барои ҳамин наварӯс на танҳо худаш, балки рафтани ҷавони дӯстдоштаашро низ раво намебинад:
«Гуфтам биравам дар сари раҳ-ш тӯр кашам».
 Вале бунёди ҳама гуна оиладориро пуштувонаи иқтисодӣ ташкил менамояд ва чархи рӯзгорро фақат бо «ишқу ошиқӣ» гардонидан амрест муҳол ва аз ҳамин сабаб ҷавон алорағми майлу хоҳиши маъшуқааш ногузир азми сафари ин ҷой кардааст:
«Моҳӣ шудасу таҳ-таҳи дарё рафтаст».
 
Ҳамин тавр, дунёи рубоиҳои халқӣ дунёи зебоӣ ва зебоипарастист, дунёест пур аз лаҳзаҳои гуворои айёми ҷавонӣ, сӯхтану сохтанҳо, бурду бохтҳо ва ҷилвагоҳи ишқу ошиқӣ. 
Фикру андешаҳои ошиқона, тасвирҳои шоирона рубоиҳоро ба дилҳо наздик мегардонад. Агар гӯянда дар ин жанр фикреро ифода карда бошад, пас гӯяндаи дигар мувофиқи завқи худ онро тағйир медиҳад.
Рубоиҳо яке аз дигаре беҳтару хубтар буда, дар онҳо ягонагии мазмун ва таносуби сухан хуб риоя шудааст. Самимияти гуфтор ба ҳаддест, ки кас мехоҳад онҳоро гаштаю баргашта бихонаду кайфияти рӯҳӣ бардорад. Ба ҳавои ин қабил рубоиҳо мардум тайи ҳазорсолаҳо умр ба сар бурда, ба муроди дил расидаанд. Рубоиҳо занги дилро зудуда, ниҳоли орзуҳоро борвар мегардонанд. Дар рубоиҳо эҳсосоти латифу гуворои инсонҳо мунъакис гардидааст. Оҳанг таъсирнокии онҳоро афзуда, доираи густаришашонро тавсеа медиҳад. Рубоиҳо дар ҷараёни рушду такомули худ мавзӯъҳои мухталифро фаро гирифтаанд. Чунончи дар ин рубоӣ истилои муғулҳо дар Осиёи Марказӣ бағоят равшан тасвир шудааст:
Дар дашт будам, зилозили занг омад,
Шамшери муғул ба гарданам танг омад.
Мардбача будам, гурехтанам нанг омад,
Хуни ҷигарам ба ҳар сари санг омад.

Ин рубоиро метавон як санади пурарзиши таърихӣ номид, зеро дар он муборизаи аҷдодони мо дар рӯзгори пешин алайҳи муғулони ғосиб басо равшан нишон дода шудааст. «Мардбача будам, гурехтанам нанг омад» гуфтани қаҳрамони лирикӣ ҳикоят аз он мекунад, ки мардуми бонангу номуси мо бар зидди муғулони истилогар то вопасин нафас ҷангида, сарзамини аҷдодиамонро муҳофизат намудаанд. Ин қабил рубоиҳо аҳамияти зиёди тарбиявӣ дошта, дар қалби ҷавонон меҳри ватану масъулияти ватандориро талқин мекунанд.
С. ФАТҲУЛЛОЕВ,
корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 377

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед