logo

маориф

ПАЁМ РОҲНАМОИ МАОРИФЧИЁН

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шаҳрвандон бо меҳру муҳаббати бепоён ҷонибдорӣ намуданд. Президенти кишвар, аз ҷумла ба соҳаи маориф диққати махсус дода, ироа доштанд, ки бо назардошти рушди иқтисоди кишвар шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 15 дарсад зиёд карда шавад. Аз чунин ғамхорӣ омӯзгорон рӯҳбаланд гардида, бо дилгармӣ дар тарбияи насли наврас боз ҳам кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Маорифчиён вазифаҳои хешро бо сарбаландӣ ба сомон мерасонанд. Гувоҳи амали эшон ин сол ба сол боло рафтани сатҳу сифати таълим мебошад. Хонандагони имрӯза аз талабаҳои даҳ соли пеш ба куллӣ тафовут доранд. Онҳо маслиҳатҳои Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бобати аз худ намудани забонҳои хориҷӣ мавриди амал қарор дода истодаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар саросари мамлакат сатҳу сифати таълим сол ба сол боло рафта истодааст.
Қатъи назар аз мушкилоти мавҷуда ва идома ёфтани буҳрони иқтисодии ҷаҳон, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар панҷ соли охир маблағгузориро ба соҳаи маориф 2,3 баробар афзудааст. Барои мисол, соли 2017 Ҳукумат дар сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Дар натиҷа муассисаҳои таълимӣ соҳиби 24 ҳазор ҷойи нишаст гардиданд. Хушоянд аст, ки дар соли 2017 маблағгузорӣ ба соҳаи маориф 16 дарсад афзудааст.
Дар иҷрои нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат омӯзгорон низ бояд ҳиссаи сазовори хешро гузоранд. Муассисаҳои таълимӣ бояд ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, таваҷҷуҳи бештар намоянд. Паёми Сарвари давлат барои ҳар яки мо ҳуҷҷати роҳнамост.
Анжела МАВЛОНАЗАРОВА,
омӯзгори МТМУ № 101 - и  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 638

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед