logo

иҷтимоиёт

ҲАМОИШИ ҶАВОНОН ИСТЕЪДОДҲОИ НАВРО КАШФ КАРД

Бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи як моҳи ҷавонӣ ҳамоиши ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид.

Дар доираи чорабинӣ озмунҳои беҳтарин мақола дар бораи шаҳри Душанбе, расмкашӣ, бадеҳахонӣ, ровиёни ҷавон, беҳтарин матлабҳои журналистӣ ва барномаҳои радиоӣ ҷамъбаст гардиданд. Мувофиқи он, зиёда аз 60 ҷавони боистеъдод бо туҳфаҳо ва диплому ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадр шуданд.
- Озмунҳо бори дигар собит намуданд, ки ҷавонони пойтахт дар муаррифию ободии шаҳр, васфи рушду гулгулшукуфӣ ва имкониятҳои соҳавии он ҳиссаи шоиста доранд. Мо оянда низ чунин ҳамоишҳои самарабахшро гузаронда, аз байни ҷавонони фаъолу ташкилотчӣ беҳтаринҳоро интихоб ва ба чорабиниҳои сатҳи баланди дар пойтахти кишвар баргузоршаванда ҷалб менамоем, - изҳор дошт Иброҳим Мирзозода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе.
Ба ҳамоиш ҷавонон аз мактабу гимназия, коллеҷу омӯзишгоҳ, донишгоҳу донишкадаҳо, донишҷӯёни Донишкадаи сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, аспирантону магистрон аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҷалб шуда буданд.
- Чорабинии мо аз он ҷиҳат судманд буд, ки дар он бори аввал хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла донишҷӯёни соҳаҳои ҳарбӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Ин имконият медиҳад, ки таҷрибаҳо иваз шаванд ва талабагони мактаб аз донишҷӯён малакаҳои лозимиро омӯзанд, - афзуд Иброҳим Мирзозода.
Чунин ҳамоишҳои муҳим дар таҳкими худшиносии ҷавонон, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва шинохти тозаи имкониятҳои рушди кишвар нақши бориз доранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 299

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед