logo

иқтисод

ТАРБИЯИ ЭКОЛОГӢ. УСУЛИ МУАССИРТАРИНИ ҲИФЗИ ТАБИАТ

Ҳифзи муҳити зист дар замони тараққиёти илму техника, ки пайдо шудани ниёзҳои ҷадиди инсониро дар пай дорад, ба хотири халалдор нашудани тавозуни миёни табиат ва истифодабарандаи асосии он – одам муҳимияти амиқтар касб кардааст. Ҳоло барои сокинони Тоҷикистон ҳам дар баробари дигар бошандагони сайёра замоне фаро расидааст, ки дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва бархӯрди шахсии дуруст бо табиат беш аз пеш фаъол бошанд, то Замини сарсабз барои ояндагон низ аз ҳама ҷиҳат қобили зист боқӣ монад. Раҳмоналӣ Тӯраев, корманди раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, доир ба ин масоил ба хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин гуфт:
- Муболиға нест, агар бигӯем, ки ба тарбияи экологӣ фаро гирифтани сокинон рисолати ҳаррӯзаи мост. Тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят бо иштироки васеи аҳолӣ, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ва муассисаю корхонаҳои дигар иқдомҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳҳо” баргузор гардиданд. Бо ширкати ихтиёрии беш аз 12 ҳазору 500 шаҳрванд аз маҳалҳо, соҳилҳо, канори роҳҳо ва партовгоҳҳо 7 ҳазору 350 мет-ри мукааб партов ба нуқтаҳои бехавф кашонда шуданд. Зимнан, дар доираи ҳамин иқдомот дар ҳамаи марказҳои маъмурии шаҳру навоҳии вилоят баҳри тозаю озода кардани биноҳои маъмурӣ ва хиёбону гулгаштҳо ҳашарҳои дастаҷамъона, дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Бохтар бо иштироки ҷавонону наврасон ва сокинони хоҳишманди маркази маъмурии вилоят маъракаҳои экологӣ-фарҳангӣ доир гардиданд. Мусаввараю гербарий, иншою мақола ва дигар маҳсули эҷоди беш аз 1200 иштирокдор аз ҷониби ҳакамони салоҳиятдор баҳои сазовор, ғолибон туҳфаҳои молӣ, ифтихорномаю сипоснома гирифтанд.
Мо бо ин комёбиҳо қаноатманд нашуда, ба хотири ба тарбияи экологӣ фаро гирифтани афроди бештар бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ, ки аз василаи пуриқтидори таъсиррасонӣ бархӯрдоранд, ҳамкории пайвастаи судмандро ба роҳ мондаем. 
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ дар ин давра 51 озмуну машварати омӯзишӣ ва 27 намоиши экологӣ ташкил карда шуд. Ҷиҳати бо муҳтавои қонуну барномаҳои давлатии марбут ба ҳифзи муҳити зист шинос кардан ва бо ин васила боло бурдани сатҳи донишҳои экологӣ бо 1 ҳазору 563 наврасу ҷавон 528 вохӯрию суҳбати ҷудогона доир карда шуд. Мутмаинем, ки ин кӯшишҳои мо дар мавриди ба воя расондани инсонҳои табиатдӯст бенатиҷа нахоҳанд монд.
Мутаассифона, ҳоло ҳам нафароне ҳастанд, ки ба табиат муносибати фориғболона мекунанд. Ва чун самти дигари кори мо ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси вайронкунандаи қонунгузориҳои марбут ба табиат аст, кормандони раёсат 1 ҳазору 378 санад ва 858 протокол тартиб дода, дар асоси онҳо 858 нафарро ба маблағи 129 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима бастанд ва аз ин ҳисоб ба Буҷети давлат 122 ҳазору 200 сомонӣ ворид карданд.
Марбут ба дағалона вайрон кардани талаботу меъёрҳои экологӣ ва ба табиат расондани таъсири манфӣ дар 79 ҳолат 75 ҳазору 900 сомонӣ зарар муқаррар карда, ин маблағ ҳам пурра ситонда шуд.
Яқинан, ҳадаф ва салоҳи кор ин аст, ки мардум маърифати экологии дараҷаи зарурӣ дошта бошанд, вагарна аз таъйини ҷазо манфиат хеле кам аст. Биноан, бо истифода аз минбари рӯзномаи бонуфузи “Ҷумҳурият” шаҳрвандонро даъват мекунам, ки ба хонаи умумии мо – табиат боэҳтиёт муносибат кунанд ва ба қадри сарвати бебаҳои кишвар бирасанд.
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 92

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед