logo

иқтисод

САНОАТ. ИҚТИДОРҲОИ НАВИ ИСТЕҲСОЛӢ РӮЙИ КОР ОМАДАНД

Соли  равон дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши саноати иқтисоди миллӣ  иқтидорҳои нави истеҳсолӣ рӯйи кор омада, тайи муддати кӯтоҳ ҳаҷми маҳсулоти ватаниро дар бозорҳои дохилию хориҷӣ афзунтар гардонданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, давоми 3 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 26 корхона ва коргоҳи нав бо фарогирии  ҷойҳои нави кор  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ба ин васила, ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ ба 6 миллиарду 470 миллион сомонӣ баробар шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  1 миллиарду 48 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ  13,4 дарсад таъмин гардид.  Саноати коркард қариб 3,5 миллиард сомонӣ, яъне нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 16 дарсад зиёд шудааст. Ҳаҷми истеҳсолот дар самти саноати истихроҷ наздики  1 миллиарду 450 миллион сомониро дар бар дорад, ки назар ба чор моҳи соли пешӣ 18,6 дарсад яъне, қариб 270 миллион сомонӣ афзудааст.
Ба гуфтаи Шерафган Ғафуров, сардори раёсати омори саноат ва инвеститсияи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра дар заминаи рушди истеҳсолоти ватанӣ содироти нахи пахта 2,1 матои пахтагин 1,7, хӯрокворӣ 4 ва чарму ашёи хоми он 1,7 баробар зиёд гардид.
Ҳамзамон, барои пурзӯр намудани иқтидорҳои  истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизоту технологияи нав дар соҳаи саноат 122,7 миллион сомонӣ маблағи дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ  равона шудааст. Дар  самтҳои  коркарди шир, истеҳсоли карамел, орд, крахмал, карбамид, металлҳо, масолеҳи сохтмон, рангубор, рубероид, истихроҷи ангишт ва дастгоҳи ресандагӣ технологияву таҷҳизоти навтарин ворид гардиданд.
Корхонаҳои ватанӣ бо истифода аз  технологияҳои муосир ҳаҷми тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридотро вусъат бахшида, талаботи бозорҳои кишварро бо маҳсулоти саноати  ватанӣ таъмин намуданд. 
Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  бештар ба бахшҳои коркарди маъдан (27,2 дарсад), электроэнергия (24,2 дарсад), хӯрокворӣ (20 дарсад) ва  сохтмон  (10,7 дарсад) рост меояд.        
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли муҳимтарин маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла риштаи пахтагин, гипсокартон, ранг, равғани чорво, қолин ва маҳсулоти қолинӣ, орд, семент, ангишт, трансформатор, либосворӣ, кабел, обҳои маъданӣ, биринҷ, маҳсулоти қаннодӣ, гӯштӣ, меваи хушк, тахтасанги мармарӣ, коркарди пӯст, чарми хромӣ ба таври назаррас афзудааст.
 Соҳаи саноат дар ҷодаи зиёд намудани  ҷойҳои нави кор, таъмини амнияти ғизоӣ  ва  даромади Буҷети давлатӣ  нақши арзанда дошта, нишондиҳандаи асосии  тараққиёти кишвар маҳсуб меёбад. Ба таври дигар саноатро иқтидори иқтисод ном мебаранд. Натиҷаҳои  назарраси соҳаи саноат аз баракати талошҳо ва ғамхориҳои пайвастаи  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри  пешбурди соҳа ва  дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ба даст омада, аз  ояндаи дурахшони мамлакат шаҳодат медиҳанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 83

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед