logo

туризм

МУЪМИНОБОД. РУШДИ САЙЁҲӢ РУШДИ ЯК МИНТАҚАИ КӮҲСОР АСТ

Бо ташаббуси бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эълон гардидани соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Муъминобод ҳамовозии гарму самимӣ пайдо намуд. Ин бешубҳа, ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, пазироии ҳарчи бештари сайёҳон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғли самаранок фаро гирифтани шаҳрвандон ва баланд гардидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунад.

Ноҳия бо осорҳои таърихӣ, манзараҳои зебои табиат, обҳои софу сарди рӯдҳои аз дараҳо ҷоришаванда ва чашмаҳои поку зулол, ҷангалзори дарахтони гуногуни мевадори доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашида, хониши парандагони хушнаво, боғоти меваҳои шаҳдогин, гиёҳҳои шифобахш, боду ҳавои форам ба рушди сайёҳӣ мувофиқ ва созгор аст.
Махсусан, чеварон ва устоҳои ноҳия бо маҳсулоти дастиашон, аз ҷумла сӯзанию чакану қуроқ, думбураву доира ва торҳои зебою хушнавояшон, ки аз чӯби туту зардолую арча месозанд, маъруфу машҳуранд.  Солҳои охир бошад, зардӯзию шероздӯзӣ дар байни занону духтарон  ва табақу чумчатарошӣ дар байни устоҳои чӯбкор хеле тавсеа ёфтааст. Бо мақсади рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  соҳибкорон, бахусус занони ҳунарманд барои иштирок ва ба даст овардани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гранти раиси вилояти Хатлон дар озмуну чорабиниҳо ширкат меварзанд. Дар ноҳия теъдоди ҳунармандони чирадаст, аз ҷумла дар соҳаи нонпазӣ ва омода намудани таомҳои миллӣ Зулайхо Абдуллоева, дар бахши қуроқдӯзӣ Сайёрамо Абдуллоеваю Лутфия Кароматова ва муҳраву кокулбофӣ Саъбагул Саймиддинова чакану гулдӯзӣ Надя Саидова хеле маъруфанд.  Хусусан, апаи Надя, ки худ зодаи Украина буда, беш аз 40 сол дар ин ҷо зиндагӣ дорад ва забони тоҷикиро хуб медонад, дар тайёр намудани  сарулибос ва ҷиҳози арӯсӣ аз ҳунармандони асил маҳсуб меёбад ва ба қавле ангуштнамои мардум аст. Ҳамчунин, усто Пираҳмад бо шогирдонаш дар созтарошӣ, фарзандони усто Шералӣ дар кандакорӣ маъруфу муваффақанд. Имрӯзҳо мардуми ноҳия, бахусус ҳунармандон дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва шуғлҳои аз ёд зудудашуда бо дасту дили гарм кор мекунанд.
Ноҳияи Муъминобод  мантақаи сайёҳӣ ва дӯстдорони табиати зебои кӯҳистон  аст. Соли гузашта беш аз шаш ҳазор сайёҳи дохиливу хориҷӣ  ба ноҳия ташриф оварда, аз тамошои ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳӣ баҳравар гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар даромадгоҳи ноҳия харитаи хатсайри  сайёҳон насб гардида, дар он ҷойҳои таърихиву саёҳатӣ ва меҳмонхонаҳо нишон дода шудаанд. Дар маркази ноҳия меҳмонхона барои 32 ҷой бо тамоми шароиташ муҳайёст. Дар соҳилҳои обанбори Муъминобод низ меҳмонхона ва нуқтаҳои хизмати маишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар пояи кӯҳи Чилдухтарон аз тарафи соҳибкор Амонуллоҳ Саъдуллоев сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ, нуқтаҳои хизмати маишӣ ва ҳавзи шиноварӣ идома дорад. Бояд таъкид кард, ки баъди сангфарш гардидани роҳ ба мавзеи Чилдухтарон метавон бо тамоми намуди мошинҳо сафар кард. Ҳар сол ҳазорҳо дӯстдорони табиат ба тамошои муъҷизаи табиат – кӯҳи Чилдухтарон ва барои истироҳату  қаиқронӣ ба обанбори Муъминобод меоянд. Мавриди зикр аст, ки обанбори мазкур солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба мақсади обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ва Восеъ сохта шуда, ғунҷоишаш ба 30 миллион метри мукааб мерасад.  Дар гирду атрофи обанбор меҳмонхонаву ошхонаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Ноҳия дорои беш аз 100 ёдгории таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоб, аз ҷумла масҷид ва мақбараи Шоҳи Хомӯш (асрҳои 11 - 12), мақбараи Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста (асрҳои 11–12), Қалъаи Муъминобод (асрҳои 11 – 12), мақбараи Хоҷаи Нур (асри 10) мебошад. Боварӣ дорам, ки сокинони ноҳияи Муъминобод дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва эҳёву  густариши ҳунарҳои мардумӣ  ва бад-ин минвол баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш саҳми муносиб мегузоранд.
Лутфия ШАРИФЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 164

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед