logo

сиёсат

РОҲ БА СӮИ ВАҲДАТ

Як рӯзи мубораку муқаддас аст 27 июн, хосса 27 июни соли 1997. Дар ёд дорам, ки аз дами саҳарӣ Хуршеди оламоро сарзамини тоҷиконро ғарқи нуру зиё карда буд. Ман, ки он айём дар идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият доштам, ҳар замон бесаброна хабару гузоришҳои нави аз шаҳри Маскав ба Душанбе расидаро гаштаю баргашта мехондам. Лаҳзаҳои хотирмону нотакрор буданд соатҳои пахши гузориши ба имзо расидани сулҳномаи тоҷикон дар шаҳри Маскав. Ҳама шодию хурсандӣ дошт ва ин рӯзи некро ба якдигар шодбош мегуфтанд. Охир, оқибат ақлу хирад ғолиб омад ва оташи ҷангу низои дохилӣ хомӯш гашт. Рӯзи аз шаҳри Маскав баргаштани ҳайати расмии ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе тӯй дошт. Аз дами саҳарӣ фурудгоҳи пойтахт моломоли одамон буд, ҳама шодию нишот доштанд. Табиат шарики ин хурсандиҳо буд. Инак, тайёра ҳам фуруд омад. Фурудгоҳ дар ин дам ғарқи гулдаста гашт. Ва ин вақт чеҳраи пурнури мунодии сулҳи тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни гулу гулдастаҳо медурахшид. Ӯ бо нигоҳу ҳисси баланди ифтихори миллӣ назди мардум омад.

Рӯзи дигар, 28 июн дар Телевизиони Тоҷикистон марафон барпо шуд, ки он аз соати 6-и субҳ то 24-и шаб идома ёфт. Аз дами субҳ пиру барно бо хоҳиши худ ба студия меомаданд. Зеро имзои сулҳномаи тоҷикон, расидан ба ваҳдати миллӣ умеду боварии мардумро ба ояндаю пирӯзиҳо қавӣ гардонд.
Албатта, ҳамаи ин сулҳу субот ва ваҳдати комил бо саъю кӯшиш ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ҳамин тавр, Сарвари давлат тавонист дар ҳаллу фасли мушкилоти низоъҳои дохилӣ, бозгашти фирориён намунаи баланди ҷасорату фидокорӣ нишон диҳад. Суханронии ӯ дар мавриди бозгашти фирориён самимӣ садо дода, ба қалби ҳазорон нафаре, ки бо амри тақдир берун аз хоки Тоҷикистон зиндагӣ доштанд, шуълаи умеду боварӣ бахшида, сабаби ба марзу буми хеш баргаштани ҳамватанон гардид.  
Ҷараёни бозгашти фирориёни иҷборӣ дар як муддати муайян ба вуқӯъ пайваста, Мардуми бозгашта бо замин, ҷои кору шароити зарурии зиндагӣ муҳайё гаштанд. Таҷрибаи бозгашти фирориён ба Ватан дар таърихи давлатдории тоҷикон воқеаи беназир ба шумор рафта, барои халқҳои дигар низ намунаи омӯзиш ва пайравӣ гардид. Сулҳу ваҳдат, ба Ватан баргардондани фирориён маҳз ба тариқи гуфтушунид ва бахшидани гуноҳҳои якдигар ҳаллу фасл шуд.
Мардуми тоҷик то имрӯз аз сафару боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шароити душвору ҷангии Афғонистон ёдовар мешаванд. Ба ҷасорату фидокориаш аз рӯзҳои нахустини фаъолият то ба имрӯз аҳсану офарин мехонанд. Он айём дар Афғонистон ҷангу низоъҳои дохилӣ ҳукмфармо буду касе амниятро кафолат намедод. Вале, Сарвари давлат аз роҳаш барнагашт, ҳарчанд ки аз ҷангу кашмакашҳои дохилии кишвари ҳамсоя хуб огоҳ буд. Ҷонашро ба гарав монда, бо мухолифин сари як дастархон нишаст. Бо ҷасорат, боварӣ изҳор дошт:
«Мо як мақсад дорем: дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳ ва салоҳ. Ман ҷони ҷавонамро ба гарав мемонаму аз ин роҳ барнамегардам».
 Оре, дар пешорӯи Ҷашни Ваҳдати миллӣ боз гаштаю баргашта аз хизматҳои арзишманд ва ҳам беназири Сарвари давлат ҳарф мезанем. Зеро барҳақ, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдорӣ чун сарвари оварандаи сулҳу ваҳдат шинохта шуд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии ӯ дар сиёсати ҷаҳонӣ низ қадамҳои устувор мегузорад ва нақшаш дар ҳалли як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ хеле равшану возеҳ ба чашм мерасад. Пешвои миллат ваҳдату якпорчагии кишварро чун ҷашни арзандаи умумимиллӣ арзёбӣ карда, навиштааст:
«Таърих ибратомӯз аст ва Рӯзи ваҳдат ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатоҳои гузашта хулоса барорем, ки имрӯз бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем ва ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем ва ба наслҳои оянда кишвари ободу тараққикарда ва хуррамро ба мерос монем».
Ҳамин тавр, имзои сулҳномаи тоҷиконро метавон як зуҳуроти ақлу заковати миллати куҳанбунёди тоҷик номид, зеро дастоварди бузурги раванди сиёсӣ дар Тоҷикистон боз дар фаъолияти сулҳофаринии инсоният садсолаҳои дигар хидмат хоҳад намуд.
Маҷид САЛИМ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 125

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед