logo

паёмҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр, 14 июни соли 2018

Ҳамватанони азиз!
Фардо моҳи шарифи Рамазон – айёми раҳмату мағфират, бахшидани гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва анҷом додани амалҳои хайру савоб поён меёбад ва иди саиди Фитр фаро мерасад.
Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ - аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накукорӣ шуморида мешаванд. 
Муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад.
Дини мубини ислом, хусусан мақому манзалати хайру эҳсонкориро бисёр баланд бардошта, онро бо ихлос ба Худованд тавъам медонад, чунки ихлосу эҳсон зевари беҳтаринест, ки ҳар як муъмин бояд худро бо он ороста намояд.
Дар Қуръони карим омадааст, ки эҳсону накукорӣ бояд воҷиботи фитрӣ ва табиии инсон бошанд, зеро тавре ки Худованд неъмати худро ба инсон арзонӣ медорад, ба инсон низ лозим аст, ки аз ин неъмати худодод ба дигарон эҳсон намояд.
Дини мубини ислом ба мусулмонон талқин мекунад, ки дар зиндагии худ ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва таассубу хурофот роҳ надиҳанд. 
Тибқи ин фармудаҳо мардум бояд ҳангоми баргузории иди Фитр ба одоби оростани дастархони хоксоронаи маънавӣ одат кунанд ва фарҳанги дуруст истифода бурдани дороиҳои худро дар зиндагиву рӯзгордории хеш ҳамеша риоя намоянд.
Дар ин рӯзи саид ният ба аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми падару модар, наздикону ҳамватанонро риоя кардан, аз Парвардигор талаби дуои оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо ба шумор меравад.
Дигар фазилати муҳиме, ки бузургони таҳаммулгаро ва сулҳдӯсти мо анҷом додани онро дар рӯзи иди Фитр фармудаанд, авфи гуноҳҳо ва бахшидани озурдахотирии  байни ҳамдигар мебошад, ки ба таҳкими ризоияту оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни аҳли ҷомеа мусоидат мекунад.
Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори давлат ва ташаккули миллати мутамаддин, таъмини саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ҷомеаи озоду демократие, ки ҳоло бунёд карда истодаем, мо имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини исломро доир ба дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон густариш дода, маросиму анъанаҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллиамон рангу таровати тоза бахшем. Зеро муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар асоси манфиатҳои умумидавлатӣ шарти муҳимтарини тақвияти ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад.
Дар баробари ин, бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар моҳи мубораки Рамазон ҳамватанони мо анҷом додани амалҳои хайр ва корҳои ободонӣ, аз қабили об овардан ба маҳалҳои аҳолинишине, ки сокинони онҳо аз об танқисӣ мекашанд, бунёду таъмир кардани мактабҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмону  тармими пулу роҳҳоро вусъати тоза бахшиданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон корҳои бунёдкориву созандагӣ суръат пайдо карда, худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва дар байни аъзои ҷомеаи мо густариш ёфта  истодааст.
Яке аз рукнҳои муҳими моҳи шарифи Рамазон додани садақаи фитр мебошад. Тибқи таълимоти Қуръону ҳадис ва фатвоҳои бузургони мазҳаби ҳанафӣ садақаи фитр яке аз василаҳои муҳими дастгирӣ ва кумак ба шахсони ниёзманд аст ва бояд ба шахсони эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва маризону камбизоатҳо дода шавад.
Дар ин бобат Паёмбари ислом фармудаанд, ки “касе ятимеро ба кафолат мегирад, фардо дар рӯзи қиёмат дар канори ман мебошад”.
Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд.
Дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва осебпазири ҷаҳони муосир мардуми моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсӣ неъмати бебаҳои истиқлолияту озодӣ ва дастовардҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Мо аз таҷрибаи талхи худ қадри амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро хуб эҳсос мекунем.
Аз ин лиҳоз, мардуми шарифи Тоҷикистон дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва дар вақтҳои дигар низ суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некномамонро идома мебахшанд ва барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон, оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд ва дасти кумаку саховатро аз шахсони ниёзманд дареғ намедоранд.
Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди бонангу номус минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва расидан ба дастовардҳои нав дар роҳи таъмини рушди устувори Ватани азизу маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.
Фарорасии иди саиди Фитрро ба мардуми кишвар табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар фарди Ватан саодату хушрӯзӣ, рӯзгори осуда, файзу баракат, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва тараққиёту пешрафти рӯзафзун орзумандам.
Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 336

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед