logo

иҷтимоиёт

ҒУРУРИ ВАТАНДОРӢ

Таърих собит намудааст, ки ҳар давлат дар сурате бо низом пеш меравад, ки агар мардум якдилу якмаром, дӯсту бародар, дастгиру пуштибони ҳам бошанд, дар паноҳи якдигар рӯзгор кунанд, иттиҳоду  иттифоқ ва ваҳдати миллиро  шиори асосии худ қарор диҳанд. Зеро ваҳдат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии давлат  аҳамияти калон дорад.
Ба бахти мардуми тоҷик ваҳдатро ба мо фарзанди фарзонаву поксиришт, парчамбардори нангу номуси миллӣ, Сарвари арзандаву  ҷонфидо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд. Ӯ ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо ҷуръату ҷасорат, ҷаҳонбинии навин, дили бузурги меҳрпарвар хидмат ба миллат ва Ватанро рисолати олӣ, меҳвари фаъолияти дурахшони худ қарор дод.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ амну суботи комил ва талошҳои пайгиронаи меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо намуданд.
Кишвардории Сарвари давлат мардумро дар роҳи неруи фардосоз, масъулиятшинос, бунёдкору созанда, ҳимоятгари манфиатҳои миллату Ватан ҳидоят намуда, дар андешаашон тафаккури солим парварда, ғурури ватандориашонро   боло бурд ва ба пайрави Пешвои  миллат шудан водор сохт.
Аз ҷумла, шаҳрвандони деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан, ки дар кишвари Красноярск, шаҳрҳои Находка, Владивосток, Уссурийск ба тиҷорат машғуланд, ғурури ватандориашон боло гирифта, барои ободу зебо гардондани деҳаи худ, ки як пораи хоки Ватан аст, оғоз намуданд. Бо дастгирии онҳо дар маркази деҳа толорҳои гӯштигирӣ, теннис, шашкаю шоҳмотбозӣ, сартарошхона ва китобхонаю нонвойхона бунёд шуда истодаанд. Бо сардории раиси комитети деҳа Маъмур Рӯзиев, сардори бригадаи  сохтмончиён Ғайбулло Баротов ва мардум кор бо маром пеш меравад.
Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар асоси ин фармон дар  вилояти Суғд 1300 рӯзи ободонӣ эълон гардид. Ба ин муносибат бо дарки масъулият  ва вазифаи шаҳрвандӣ Ҳоҷӣ Абдусамад Саидов оромгоҳи деҳаро таъмиру таҷдид намуд. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии сокинони деҳаи Пошкент аз ҳисоби худ ба маблағи 350000 сомонӣ чоҳи артезианӣ кофта истодааст, ки агар оби онро самаранок истифода барем,  ҳам барои деҳотиён ва ҳам барои обёрии 13 га замин басандагӣ мекунад.
Бонуи оқилу донои деҳа момои Қурбонбибӣ бо маблағе, ки барои зиёрати Макка ҷамъ оварда буд, ба ҳаҷ нарафту як насоси обкашӣ харид, ки 12 сол боз қисми зиёди  мардуми деҳа  аз ин оби ошомиданӣ  истифода бурда истодаанд. Аз ҳамон рӯз мардуми деҳа марҳум Қурбонбибиро Ҳоҷиоча ном мебурдагӣ шуданд ва ҳоло низ  бо некӣ ёд мекунанд.
Муъмин ҶУМЪАЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2018    №: 120    Мутолиа карданд: 257

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед