logo

иқтисод

НОМУСОИДИИ ОБУ ҲАВО. МУТАХАССИСОН ЧӢ МАСЛИҲАТ МЕДИҲАНД?

Тирамоҳу зимистон ва аввали баҳори соли ҷорӣ дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво номусоид омад. Омӯзишу таҳлили ҳолати имрӯзаи боғу ток ва навъҳои дигари зироат нишон медиҳад, ки бо тағйирёбии иқлим дар заминҳои кишоварзӣ намудҳои гуногуни касалӣ ва зараррасонҳо паҳн гардидаанд. Таббиист, ки чунин шароити ғайричашмдошту номусоид аз мутахассисони соҳа андешидани тадбирҳои муассиру саривақтиро тақозо менамояд. Қиёмиддин Ғаниев, сардори муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро дар ин бора чунин баён дошт:
- Албатта,  яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани ҳосилнокӣ ин муҳофизати боғу токзор ва дигар зироатҳои кишоварзӣ аз касалию зараррасонҳо мебошад. Бо ин мақсад имрӯзҳо ҳолати фитосанитарии кишти зироатҳои кишоварзӣ ва майдони боғу токзори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дорад. Омӯзиш ва таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки  дар дарахтони мевадиҳанда аз зараррасонҳо  - ширинчаи сабзи себ, сипарболакҳо, аз касалиҳо - пӯсиши хокистарранги мевагиҳо, монолиози донакдорон, доғзании сӯрохии барги донакдорон (клястероспориоз), ҷинҷзании баргҳои шафтолу, дар токзор кирми хӯшаи ангур ва антракноз (қарасон) паҳн шудаанд. Бинобар ин, тоза кардани пӯстлохи хушки танаи дарахт ва токи ангур зарур аст. Чунки манбаъҳои асосии зиёдшавии ҳашароти зараррасон ин зери пӯстлохи токи ангур ва дарахтон, ҳамчунин, зери хок ва алафҳои бегонаи боғу токзор мебошанд. Ин маконҳо барои пинҳон шудани зараррасонҳо ва зинда мондану тухм гузоштани онҳо мувофиқанд. 
Дар зироати пахта аз зараррасонҳо - ширинчаҳо (полизӣ, сиёҳи юнучқагӣ, калони пахтагӣ), трипс, кирми тирамоҳӣ, аз касалиҳо - пӯсиши реша, макроспориоз, гоммоз, дар ғалладона гамбусаки лалмӣ, шулук (лесаки барг), ширинчаҳо, касалии занги зард, дар сабзавоту полизиҳо - ширинчаҳо, трипс, кирми ғӯза, кирми тирамоҳӣ ва касалиҳои пойчаи сиёҳ, доғчаҳои бактериявӣ ва гардзании сафеди пиёз бо дараҷаҳои гуногун  мушоҳида шудаанд.
Олимону мутахассисон бар он назаранд, ки номусоид омадани боду ҳаво, яъне боришоти пай дар пай омили пайдоиши ҳашароти зараррасон ва ҳар гуна касалиҳо, махсусан замбӯруғӣ мегардад. Агар ҳаво сард меомад, зараррасонҳо аз хунукӣ нобуд мешуданд, яъне табиат  чунин ҳолатро танзим мекард. Аз ин лиҳоз, деҳқононро зарур аст, ки барои рафъи ин мушкилӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намуда, тавассути коркарди иловагӣ мавзеъҳои паҳншавии ҳашаротро бо заҳрхимикатҳо безарар гардонанд. Ин тадбир барои пешгирии сар задани ҳар гуна касалиҳо дар марҳилаи нашъунамои боғу токзор ва заминҳои полизӣ низ мусоидат хоҳад кард.  Мутахассисони муассиса бо назардошти вазъияти ба амал омада барои эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ аз касалию зараррасонҳо ба кишоварзон тавсияҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
1. Барои кам кардани намии хок - коркарди байни қаторҳо, барои устувор намудани зироатҳо - ғизодиҳӣ ва  истифодаи ҳашароти фоидаовар (трихограмма, габрабракон. тиллочашмак) - ро ба роҳ монанд.
2. Барои паст кардани дараҷаи зиёни зараррасонҳо аз заҳрдоруҳо истифода баранд. 
 Барои ба даст овардани ҳосили баланду босифат ва пешгирии саривақтии касалию зараррасонҳо ба кишоварзон тавсия дода мешавад, ки бо назардошти камборишии зимистони солҳои 2017 - 2018 ва боришоти зиёди баҳор корро ҷонноку дучанд намуда, ҳамаи чораҳои заруриро андешанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2018    №: 120    Мутолиа карданд: 282

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед