logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Арсен Аваковро ба ҳузур пазируфт

30 октябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Маъмурияти давлатии вилояти Харкови Украина Арсен Аваковро, ки бо роҳбарияти корхонаи азими “Турбоатом” ва ҳайати бонуфузи корхонаҳои дигари саноатӣ ва ректорони як қатор  муассисаҳои олии таълимии ин вилоят ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили барқарорсозии робитаҳои қаблии Тоҷикистон бо корхонаю муассисаҳои вилояти Харкови Украина ва дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ шуданд.
Арсен Аваков аз натиҷаҳои боздиди ҳайати бонуфузи вилояти Харков аз вилояти Хатлон, рафти корҳои сохтмону васлгарӣ дар нерӯгоҳи азими Роғун, шиносоӣ бо кори нерӯгоҳи Норак  ва гуфтушуниду сӯҳбатҳояшон бо масъулини ҷониби Тоҷикистон гузориш дода, аз таассуроти бардоштааш оид ба дурнамои ҳамкориҳои калонмиқёси гуногунҷанба изҳори хушнудӣ намуд.
Арсен Аваков изҳор дошт, ки «Тоҷикистон бо захираҳои бепоёни гидроэнергетикию саноатиаш метавонад аз бозорҳои асосии фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Харков бошад» ва таъкид дошт, ки ҷониби Украина ба рушди ҳамкорӣ дар ин самт манфиатдор аст.
Аз имзо шудани санадҳои ҳамкорӣ оид ба омода кардани 7 чархи нав ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷдиди нерӯгоҳи Норак, истеҳсоли таҷҳизот барои нерӯгоҳи Роғун ва бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо корхонаҳои “Турбоатом”, “Харковтурбоинжиниринг”, “Электротяжмаш” ва Корхонаи тракторбарории “ХТЗ”  ва ҳамчунин дар соҳаи омодасозии кадрҳо ва дорусозӣ дорои дурнамои неку умедбахш маънидод гардид.
Ҳар ду ҷониб баҳри бунёди корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли таҷҳизоти генераториву турбинӣ, ҷамъоварии тракторҳои “ХТЗ” ва дорусозӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.
Ба гуфти Арсен Аваков, ӯ аз ҷониби Президенти Украина Виктор Юшенко вазифадор шудааст, ки масъалаи  ифтитоҳи сафорати Украинаро дар шаҳри Душанбе бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ намояд. Ба иттилои ӯ ҷониби Украина ҳамчунин ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон намояндагии тиҷоратӣ кушояд.
Зикр гардид, ки оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баҳри истеҳсол ва содироти пахта ва меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Украина миёни роҳбарияти вилоятҳои Хатлону Харков тадбирҳои муштарак ба нақша гирифта шуданд.
Таъкид гардид, ки боздиди ҳайати бонуфузи вилояти Харков дар чаҳорчӯби чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафарҳои расмии Президенти Украина ба Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон ба Украина, ки соли гузашта ба вуқӯъ пайваста буданд, сурат мегирад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 504

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед