logo

иқтисод

ОБ ВА РУШДИ ИҚТИСОД

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии хеш дар ҷаҳон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологии сайёра, хусусан вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, шинохта шудааст. Бунёди ин обрӯю эътибори байналмилалиро пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005 - 2015»  «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», талошу такопӯҳои пайвастаи башардӯстонаи Тоҷикистон барои ҳалли мушкили доғи миллиардҳо сокини сайёра - масъалаи таъмини дастрасии аҳолӣ ба об, беҳдошт ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ташкил медиҳад.
Айни ҳол норасоии об ва истифодаи босамари захираҳои об дар миқёси ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби мубрами рӯз табдил ёфтааст ва ҳадаф аз роҳандозию  татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои оқилона баҳрабардорӣ намудан аз захираҳои об ҳамчун асоси зиндагии инсон ва устувории иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин, вусъат бахшидани ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ мебошад. Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ зарурати таъмини аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва самаранокии истифодаи он, ҳифзи экосистемаҳои обӣ, идоракунии муштараки захираҳои об ва густариши  ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамеша таъкид мекунанд.
Кишвари мо аз рӯйи захираҳои об дар минтақа ҷойи аввал ва дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Ҳаҷми солонаи истифодаи об дар ҷумҳурӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқ 8,9 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 6,85 миллиард метрии мукааб барои соҳаи кишоварзӣ, 1,4 миллиард барои саноат ва 0,5 миллиард барои эҳтиёҷоти коммуналию хизматрасонии маишӣ истифода мешавад. Барои марҳила ба марҳила беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшоӣ дар ҷумҳурӣ «Барномаи беҳтар кардани  таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшоӣ барои солҳои 2008 - 2020» қабул ва амалӣ шуда истодааст.  Назорати истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обии ҷумҳурӣ, ки яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа дар самти оқилона истифода бурдани об ба ҳисоб меравад, ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об масъул мебошад. Барои амалӣ намудани талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи захираҳои обӣ аз ҷониби кумита санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Аз ҷониби олимони муассисаи давлатии Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби кумита дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори соҳа қоидаҳои ҳифзи захираҳои обҳои рӯизаминию зеризаминиро таҳия намудаанд, ки дар онҳо тарзи дурусти истифода бурдани об, номгӯйи чорабиниҳо барои ҳифз, масъулият ва ҷавобгариҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ барои истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об пешбинӣ шудаанд.
Барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ кумита ҳамасола аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» - ро мегузаронад. Мақсад аз баргузории ин маъракаҳо  пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва беҳбудии вазъи муҳити зист буда, дар онҳо табақаҳои гуногуни аҳолии шаҳру ноҳияҳо, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо фаъолона ширкат меварзанд. Дар чорабиниҳои аз аввали сол  доиршуда 10533 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 23,3 километр каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва манбаъҳои дигари обиро тоза карданд ва аз соҳилҳо 176,1 метри мукааб партовҳоро ба ҷойҳои бехавф бароварданд.
Кормандони кумита дар панҷ моҳи соли равон барои назорати риояи талаботи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалиардонии Барномаи давлатии экологӣ ва Консепсияи ҳифзи муҳити зист дар  миқёси ҷумҳурӣ 346 иншоотро мавриди санҷиш қарор доданд. Шахсони масъул барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргашта 677 супориш гирифтанд. Барои риоя накардани талаботи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 449 нафар шахсони алоҳида ва мансабдор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи умумии 65258 сомонӣ тартиб дода, аз он 44950 сомонӣ маблағ рӯёнда шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии кишвар дар кумита нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст, ки яке аз бандҳои он баргузории конфронсҳои илмию назариявӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ пурра амалӣ шуд. Моҳи июни соли ҷорӣ бо ибтикори муштараки кумита ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар маркази ноҳия дар мавзӯи «Тоҷикистон – кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об» конфронси илмӣ - назариявӣ баргузор гардид, ки дар он олимону мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» доир ба масъалаҳои муҳими норасоии оби ошомиданӣ дар миқёси ҷаҳон, аҳамияти самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ ба сокинони ноҳия маълумоти муфассал доданд.
Алъон тақвият бахшидан ба раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва боло бурдани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ яке аз вазифаҳои ифтихорию масъулиятнок ва бахши муҳими фаъолияти кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. 
С. АБДУРАҲМОНЗОДА,
муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2018    №: 120    Мутолиа карданд: 210

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед