сиёсат
ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ - 2018
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми 14 июн дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол - 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок карданд.
Ҳамоиши бузурги варзишӣ дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Дар маросими кушодашавии мусобиқоти футбол дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Боливия, Лубнон, Панама, Парагвай, Руанда, Арабистони Саудӣ ва дигарон иштирок карданд.
Дар рӯзи нахустини кушодашавии мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол аввалин шуда, тимҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ байни ҳам қувва озмуданд.
Бозиҳои футбол ва рақобати дастаҳои мунтахаби кишварҳои олам дар варзишгоҳҳои калони шаҳрҳои Москва, Санкт - Петербург, Сочи, Қазон, Волгоград, Самара, Ростови лаби Дон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград ва Екатеринбурги гузаронда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки бо талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон ин навъи варзиш дар саросари мамлакат хусусияти оммавӣ касб намуда, рушд карда истодааст.
Соли 2014 бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии амиқи Пешвои миллат барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвар соли 2014 - Соли оммавияти футбол эълон гардида, дар доираи он инфрасохтори ин навъи варзиш хеле тараққӣ кард. Дар натиҷа дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба чемпионати Осиё роҳхат гирифтанду тими мунтахаби кишвар ва дастаҳои машҳури ҷумҳурӣ борҳо бо дастаҳои пурқуввати қитъаи Осиё зӯрозмоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2018 №: 120 Мутолиа карданд: 223