logo

сиёсат

ЛУИ ЖЕНМИН ДАР ТОҶИКИСТОН

19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қаноатмандии худро оид ба дастгирии Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ иброз доштанд.
Ҷонибҳо ба нақши Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои арзанда доданд. Изҳори умед карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ин ниҳоди СММ ҷонибҳо ба татбиқи босамари Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд то соли 2020 ноил хоҳанд шуд.
Дар самти расидан ба ҳадафҳои “Рӯзномаи ҷаҳонии рушд - 2030” масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир, рушди инфрасохтор, роҳандозии низоми самарабахши ҳамлу нақли транзитӣ, содагардонии қоидаҳои тиҷорат мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин мақоми пешвоии Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои глобалии вобаста ба об махсус таъкид карда, ба талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.
Дар охир, зимни баррасии масъалаи истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда, Сарвари давлат ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” ва Даҳсолаи байналмилалии “Энергияи устувор то соли 2024” таъкид карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2018    №: 120    Мутолиа карданд: 137

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед