logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

19 июн баррасии масоили ҳамкории дуҷониба дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн ва бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Покистон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Нахуст дар оғози мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Президенти мамлакат аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷойгоҳи хосси Покистонро дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун шарики муътамад махсус таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангии ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати  ду кишварро баррасӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ изҳор доштанд.
Барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ва ташаккули маҷмӯи ҳавзаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бахшҳои гидроэнергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, самтҳои гуногуни саноат ва, ҳамчунин, туризм, саҳми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ хеле муҳим шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи баланд бардоштани ҳаҷми мубодилаи тиҷорат то ба 500 миллион доллар, истифодаи муштараки имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили бунёди хати интиқоли барқи САSA - 1000, ба кор андохтани имкониятҳои нақлиётиву транзитии кишварҳо, дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.
Таъкид гардид, ки истифодаи имкониятҳои мусоиди бахшҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, истеҳсоли алюминии аълосифат, бунёди коргоҳҳои ноқил, истеҳсоли мошинҳои мухталифи барқӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва доруворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкории густурдаи соҳибкорони ду кишвар низ метавонанд аз самтҳои афзалиятноки равобити дуҷониба бошанд.
Раванди густариши ҳамкории байналмилалии дорои ҷанбаи башарӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳамкориҳои илмию техникӣ ва технологӣ, густариши  тамосҳои доимии зиёиёну аҳли ҳунар барои тақвияти дӯстии таърихии мардумони ду кишвар арзишманд арзёбӣ шуд.
Фаъолияти ҷамоаи тоҷикон “Тоҷик Қавми Иттиҳад Парти Пакистан” ва нашри маҷаллаи “Тоҷик” намунаи беҳтарини ҳамкорӣ дар ин самт номида шуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо мавқеи муштарак ё ба ҳам наздики худро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ, арзишманд номиданд.
Сарони давлатҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амният, ки сатҳи сифатан навро касб кардааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин, истиқрори сулҳу субот дар Афғонистонро муҳокима намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн Изҳороти муштарак дар бораи “Тақвияти замина барои шарокати стратегӣ ҷиҳати ҳамгироии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба имзо расонданд.
Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниидоравӣ ба имзо расонда шуданд:
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2018    №: 120    Мутолиа карданд: 2259
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед