иҷтимоиёт
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. ИҚДОМИ НАВ ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар деҳаи Қандаки Ҷамоати шаҳраки Обигарм маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ ёфт. Дар курсҳои омӯзишӣ бонувони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Онҳо нозукиҳои пухтани таомҳои миллӣ, нақшу нигор, ҳунарҳои гулдӯзӣ, адрасбофию атласбофӣ, кулолию заргариро меомӯзанд. Маркази омӯзишӣ дар шаҳр нахустин нест. Чанде пеш дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Об гурӯҳи калони бонувон ҳунарҳои заргарӣ, расмкашӣ, наққошӣ, дӯзандагиро омӯхтанд ва маҳсули заҳмати худро пешкаши харидорон намуданд. Бонувони дигар низ баъди азхуд намудани ҳунарҳои мардумӣ имкон доранд, ки маҳсулоти ҳунармандиро дар мағозаю нуқтаҳои алоҳидаи шаҳр, ки соли равон таъсис ёфтаанд, ба фурӯш гузоранд.
Қурбоналӣ Худоидодов, директори агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, изҳор дошт, ки дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаҳои дурдасти шаҳр - Фаррух, Чашмаи Куло, Себистон, Чормағз, Лоҳур ва маркази шаҳр низ бо ҷалби занону духтарони диёр курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.
Ҳокими САФАР,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.06.2018 №: 121 Мутолиа карданд: 208