logo

иқтисод

УМЕД ВА ЭЪТИМОД. ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Тоҷикистон боз дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. 20 июн дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ба кор оғоз намуд. Дар он 65 ҳайати расмии беш аз 120 давлати ҷаҳон, СММ ва 43 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои исломии Покистону Афғонистон, ҷумҳуриҳои Туркманистону Ҷибути, вазирону муовинони вазирон аз 35 давлат, дар маҷмӯъ беш аз 1500 нафар меҳмонон ширкат доранд.
Конфронси байналмилалӣ дар доираи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ибтикори СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ дар мамлакат Кумитаи тадорукоти баргузорӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конфронси байналмилалӣ таъсис ёфт ва аз ҳисоби намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент, Ҳукумати кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуданд, ки тайи давраи омодагӣ босамар фаъолият намуданд.
Ҷаҳон аз ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланди Душанбе чӣ умеду интизориҳо дорад?
Мусаллам аст, ки об барои зиндагӣ ва рушди инсоният ҳамеша – аз пайдоиши инсон то кунун ва дар оянда низ омили муҳимтарин ба ба шумор меравад. Аммо захираҳои обӣ дар кишварҳои ҷаҳон баробар тақсим нашудаанд. Мушкилоти норасоии об дар ҷаҳон  кайҳо боз ҷиддан эҳсос мешавад. Аммо тайи чанд даҳсолаи охир инсоният ба таҳдиди нави глобалӣ -  тағйирёбии иқлими сайёра  ва бар асари он афзоиши офатҳои табиии обхезӣ, биёбоншавӣ, тарма, обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хуруҷи  бемориҳои  сирояткунанда   дучор гардид. 
Тибқи маълумоти расмии ниҳодҳои омории байналмилалӣ, беш аз 1 миллиарду 200 миллион сокини сайёра аз дастрасии оби нӯшокӣ мушкилӣ мекашад, тақрибан 750 миллион нафар ба оби тоза ва 2 миллиард нафар ба шароити кофии санитарӣ дастрасӣ надорад. Истеъмоли оби ифлос ва надоштани дастрасӣ ба шароити санитарӣ боиси беморӣ ва марги миллионҳо нафар, хусусан кӯдакон, мегардад. Нигаронкунанда он аст, ки норасоии об пайваста шиддат мегирад ва тибқи ҳисобҳо, то соли 2050 шумораи аҳолии минтақаҳои камоби ҷаҳон ба 2,3 миллиард нафар мерасад. Яъне, тавре мебинем, норасоии об на мушкилоти як кишвар ё минтақаи алоҳида, балки проблемаи доғи умумибашарист. Тоҷикистон пайваста  талош меварзад, то дар ҳалли мушкилоти оби ошомидании аҳли башар саҳм бигирад. Ҳадаф аз пешниҳодҳои башардӯстонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба роҳандозии иқдомҳои наҷибонаи "Соли байналмилалии оби тоза (2003)", Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)" ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи  ҷаҳонӣ хуш истиқбол шуданд, маҳз  ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкилоти глобалианд. Ҳадафи аслии қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  ҳам ба анҷом расондани корҳои нотамом, ташкили мудирияти захираҳои обӣ, роҳандозии бештари ҳамкории судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои норасоии об, зиёд кардани маблағгузорӣ, мубодилаи таҷрибаи беҳтарин, гузаштан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқсозии барнома ва лоиҳаҳои нав дар самти об ва ҷалб намудани кулли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон ва занон, дар ҳалли масъалаҳои об ва тавсеаи ҳамкории илмиву технологӣ мебошад. 
Мақсад аз Конференсияи байналмилалии Душанбе равшан намудани самтҳои амал, ба вуҷуд овардани заминаи мустаҳкам ҷиҳати муколамаи сиёсии кишварҳои ҷаҳон барои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва мудирияти об ба хотири рушди устувор, муайян кардани иқдомоти оянда дар сатҳҳои глобалӣ, минтақавӣ ва кишварӣ арзёбӣ шудааст.
Яке аз вазифаҳои муҳими конференсия мусоидат ба боло бурдани маърифати дарки шиддатнокии проблема ва ҷустуҷӯи воситаю механизмҳои пурсамари ҳамкориҳои обӣ ва самаранокии фаъолият барои расидан ба ҳадафи 6 – ум ва дигар ҳадафҳои марбут ба оби барномаи маҷмӯии Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид аст. Яъне об метавонад асоси дипломатияи созандаи ҳамкорӣ қарор гирад.
Ҳукумати Тоҷикистон, ки кишвари ташаббускори  роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, дар доираи татбиқи ҳадафҳои даҳсола тадбирҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст.
Дар ин радиф дар доираи Конференсияи байналмилалии Душанбе, ҳамчунин, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони (ЮНИСЕФ) СММ ва иштироки меҳмонон аз даҳҳо кишвари олам ҳамоишҳои байналмилалии бонувон ва кӯдакон оид ба об баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои дастрасии кӯдакон ба оби тозаю бехатар, ҳуқуқи занону духтарон барои дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва, ҳамчунин, ҷалби занон ба раванди тасмимгирӣ дар ҳалли масъалаҳои идораи захираҳои обӣ баррасӣ шуданд.
Боиси шараф ва ифтихори мо - тоҷикон аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳодҳои башардӯстонаи ӯ пайваста истиқбол  менамояд. Маҳз тавассути талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон масъалаи об дар байни сарони давлатҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рӯзномаи созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ мақоми хосса пайдо намуд.
Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки ба нафъи тамоми сокинони  сайёра аст, пойдевори муҳими реалӣ барои мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои  марбут ба оби Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад. Сарвари давлат дар яке аз ҷаласаҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаи об, ки худ узви он интихоб шудаанд, изҳор доштанд: «Ман итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои даҳсола васеъ истифода хоҳад кард ва дар ин давра шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт».
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2018    №: 121    Мутолиа карданд: 162

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед