Хабарҳо
Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 21-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ҳамчун санади таърихӣ барои таҳкими пояҳои ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар мусоидат кард, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиш доир гардид.
Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода иброз дошт, ки танҳо ба шарофати заҳматҳои пайгирона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд ва миллати тоҷик аз хатари парокандашавӣ раҳо ёфта, муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватану манзили худ баргардонда шуданд ва кишвари мо ба маҷрои рушду инкишоф дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид гардид. Сулҳу субот барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон заминаи воқеӣ гузошт. Моро зарур аст, ки ин арзиши муқаддасро чун гавҳараки чашм эмин дорем.
Академики Академияи илмҳои кишвар Кароматулло Олимов нақши Пешвои миллатро дар таҳкими давлатдорӣ ва истиқрори сулҳ таъкид сохта, иброз дошт, ки халқи тоҷик тӯли таърих фоҷиаҳои зиёдро аз сар гузаронд, аммо хушбахтона, асолату арзишҳои волои худро аз даст надода, ҳамчун як миллати воҳид ташаккул ёфт. Сабаб дар хирадмандӣ ва дорои фарҳанги ғанӣ будани тоҷикон аст, ки ин нукта дар асарҳои бунёдии Сарвари давлат зикр шудааст.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки дар шароити мураккаби сиёсии ҷаҳон таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва баргузории ҳамоишҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сулҳу субот ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ саҳми бориз мегузорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 267