logo

сиёсат

ВАҲДАТ - НАҶОТИ МИЛЛАТ

Прокуратураи ноҳияи Лахш фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузориҳои ҷории ҷумҳурӣ  ҷиҳати  таъмини волоияти қонун дар сатҳи зарурӣ, таҳкими қонуният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва  таҳкими заминаҳои ваҳдати миллӣ роҳандозӣ намудааст.

Бо мақсади амалишавии арзиши конститутсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, мубориза алайҳи коррупсия, маводи мухаддир, бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ мунтазам гузаронда, муносибати худро бо ташкилоту муассисаҳо зич ба роҳ мондааст.
Хушбахтии мо дар он аст, ки мардуми баваҳдатрасида суботу осудагии Ватанро волотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунё иваз накарданду намекунанд. Зеро барои инсонҳо ваҳдат суботи ҷомеа, сарҷамъии мардум ва осудагии хонадону фарзандон, амнияти сарзамини аҷдодист.
Ҳар фардро месазад, ки на танҳо худ барои пойдории сулҳу ваҳдат, ки ҷумлаи комёбию  муваффақиятҳои  мо дар пояи онҳо қарор доранд, эҳсоси масъулият дошта бошад, балки дигаронро, хосса ояндагонро ҳидоятгарӣ намояд, ки ба қадри ин арзиши муқаддас бирасанд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун як иқдоми таърихии Пешвои миллати мо пазируфта шуд. Ин амал ҷаҳониёнро низ ба ҳайрат овард, ки бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон чи тавр зуд ба сулҳу ваҳдат  расиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он лаҳзаҳои тақдирсоз ба хотири ояндаи миллату давлат бо роҳи авф кардану гузаштҳои зиёд сулҳ овард ба мардуми Тоҷикистон. Бахшиду бахшишро пазируфт, гузашт кард ва гузаштро қабул кард, даст доду даст гирифт ва ояндаи миллату Меҳанро бо чашми адолату ҳақ дида тавонист ва он роҳи ҳақро ба дигарон ҳидоят намуд.
Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ва сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои зиёдро ба бор оварданд, мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон тақвият бахшиданд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаанд.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам кам нестанд афроде, ки ба сулҳи мо чи дар дохил ва чи дар хориҷ бо чашми ҳасад менигаранд. Аз ин рӯ, кормандони прокуратураи ноҳия ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ дар байни ҷавонону наврасон бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла ҳаракатҳои динии экстремистӣ, нашъамандӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши худкушӣ, таъминоти кадрӣ, интизоми меҳнат суҳбату вохӯриҳоро ба роҳ мондааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят печидаи ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти босуръати солҳои охир такмилу тақвият бахшидан ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ба ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеаро ҳадафи асосии худ мешуморад. Барои татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад. Барои мо, кормандони прокуратура, зарур аст, ки ба тарбияи ҷавонон аҳамияти бештар зоҳир намуда, дар онҳо ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллиро бедор намоем.
М. ДАВЛАТЗОДА,
прокурори  ноҳияи Лахш, мушовири адлияи дараҷаи якум


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2018    №: 122-123    Мутолиа карданд: 154

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед