logo

сиёсат

СЕ ҲАФТСОЛАИ ТИЛЛОӢ

Тарбияи шахсро метавон ба 3 давра ё худ ба се 7 - сола тақсим намуд. Агар падару модар ё сарпарасти кӯдак ба ин таваҷҷуҳи махсус дошта бошанд, саъй мекунанд, то кӯдак ин давраҳоро бигузаронад.

Ҳафт соли аввал муҳимтарин давраи рушди кӯдак аст. Маҳз дар ҳамин давра тасаввуроти шахс нисбат ба хубу бад, боварҳои ӯ, эътимодҳову беэътимодиҳо, бардошти ӯ аз муҳаббат, садоқат, рафоқат, халлоқиятҳои ӯ, сабурӣ ва носабуриҳояш дар вуҷуд поярезӣ мешаванд. Дар ин давра кӯдак бо шиддат ба падару модари худ вобаста аст ва саъй мекунад тамоми рафторҳои онҳоро нусхабардорӣ намояд. Аз ин рӯ, эҳтиёҷе ба фишор овардан ба кӯдак ҷиҳати касби дониш вуҷуд надорад. Омӯзиш дар ин давра бояд раванди табиии худро дошта бошад. Чаро? Чунки ӯ маҳоратҳои зистанро аксаран бо кунҷковиҳои фардӣ ёд мегирад. Падару модар бояд ба унвони нозир дурустии ин равандро таъмин созанд.
Агар ба сурати яклухт 7 соли аввалро битавон давраи рушди маъноӣ ё назарӣ ном ниҳод, 7 соли баъдӣ давраи ёдгириҳои амалист, чаро ки кӯдак дар ибтидои 7 - солаи дуюм ба мактаб меравад, вориди ҷомеа мешавад ва ёд мегирад, ки бо истифода аз маҳоратҳои қаблан касбнамудааш дар алоҳидагӣ аз падару модараш вориди робитаи дӯстӣ, рафоқат ва ҳатто рақобат бо дигарон бишавад. Дар ин давра падару модар бо насиҳат ва додани машварат ба кӯдак метавонанд ба унвони роҳнамои ӯ зоҳир шаванд. Кӯдак дар 7 соли дувум аз истиқлол ба дараҷае бархӯрдор аст, вале давраи илмомӯзӣ ва назм аст. Яъне, ба роҳнамои мӯнису ғамхоре эҳтиёҷ дорад, ки дар паймоиши роҳи илмомӯзӣ ва табдил шудан ба инсони комил дасти ёрӣ дарозаш бикунад. Дар ҳамин давра аст, ки омӯзгорон барои тарбияи кӯдак ба кумаки падару модар меоянд. Қобили зикр аст, ки вуҷуди омӯзгор ба ҳеҷ унвон ҷойгузини комили падару модар нест, балки танҳо кумакест дар канори талоши онҳо. Мутаассифона, баъзе падару модарон фикр мекунанд, ки бо пайдоиши омӯзгор дар зиндагии фарзандашон масъулияти онҳо ба унвони мураббии фарзанд аз дӯш холӣ мегардад. Дарвоқеъ, омӯзгор ва падару модар – ҳар ду дар ин давра дар шаклгирии маънавии кӯдак ва ҷаҳонбинии ӯ асар мегузоранд. Ҳамкорӣ ва ҳамёрии падару модар ва омӯзгор дар ин давра зарурист. Назорат, роҳнамоӣ, ташвиқ, ҳамроҳӣ ва ҳузури пайвастаи волидайн ва омӯзгор ва, ҳамчунин, исрори онон ба донишандӯзӣ ва маҳоратомӯзии кӯдак дар бобарор паси сар гардидани ҳафтсолаи дувум нақши босазо хоҳад дошт.
Давраи сеюм давраи мукаммал гардидани давраҳои қаблист. Ба ин давра дар урфият «навҷавонӣ» мегӯянд. Давраи ёдгирӣ, такопӯ, ҳалли муаммоҳои печидатар, ташхиси ҳақиқат бидуни дахолати ошкори падару модар. Инсон дар ин давра моил барои ба даст овардани истиқлолияти ҳамаҷониба мебошад. Таъсири дӯстону ҳамнишинони шахс дар рушди маънавии ӯ қобили мушоҳида аст. Кӯдак дорои маҳоратҳоест, ки дар ду давраи қабл падару модар ва омӯзгорон ба ӯ омӯхтаанд. Агар дар ду давраи қабл шумо фарзанди худро бо арзишҳое чун эҳтиром ба бузургтарҳо, шавқи илмомӯзӣ, рафоқат, сабки зиндагии солим, машғул шудан ба варзиш, тараҳҳум бар заифону ҳайвонот, қадри вақти худро донистан, ба корҳои беҳуда машғул нашудан, китоб хондан, ба синамо рафтан одат дода бошед, 7- солаи сеюм ғанитарин ва пурбортарин давраи зиндагии фарзандонатон хоҳад шуд.
Хулоса, ояндаи мавҷуди кӯчак, ки номаш «фарзанд» аст, дар дасти худи шумост! Нисбат ба бовари кӯдаки нодону нотавоне, ки дар симои шумо азизтарин ва мутмаинтарин шахсро меёбад, амонатдор бошед. Аз овони кӯдакӣ ӯро бо арзишҳои мусбат ошно намоед ва барои анҷоми корҳои босамар ташвиқаш кунед. Тарбияи кӯдак ва сохтани ояндаи ӯ кори имрӯз аст. Кори имрӯзро ба фардо нагузоред!
Меҳриниссо ПИРОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии рақами № 36 – и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2018    №: 122-123    Мутолиа карданд: 180

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед