logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ" ВА ВАҲДАТИ АҲЛИ ҚАЛАМ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон дар баробари дастовардҳои муҳиму арзанда, барои ташаккули ҳувияти миллӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ заминаи хуб ва шароити мувофиқу мусоидро фароҳам овард. Худшиносии миллӣ ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир табдил ёфт, зеро маҳз ба шарофати эҳёи рӯҳияи худшиносии миллӣ мо ба таҳкими давлатдории навин, гиромидошти арзишҳои худӣ заминаи устувор гузошта,  ба ин васила мардумро ба ҳам меорем, онҳоро аз корнамоиҳои ибратбахши ниёгону имрӯзиён воқиф месозем, дар замирашон умед ба зиндагии дурахшони ояндаро бедор мекунем. Ба вуҷуд овардани фазои созгор баҳри таҳкими худшиносии миллӣ вазифаи ҳар ниҳоди иҷтимоӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, илмиву таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як зиёии равшанфикр аст. Ин амал бо роҳҳои гуногун сурат мегирад.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар баробари он ки масъалаи худшиносии миллиро мақсади асосии худ қарор дода, мундариҷаашро бо ин мавзӯъ пурмуҳтавотар мегардонад, дар ин самт пайваста пайи ҷустуҷӯйи усулҳои нав аст. Яке аз чунин усулҳое, ки барои нашрия хос гардидааст, ташкили озмунҳои эҷодӣ доир ба рӯзгор ва осори фарзонафарзандони миллат мебошад.
 Соли дуюм аст, ки нашрияи мазкур ин иқдоми накуи фарҳангӣ, маърифатӣ ва илмиву адабиро идома медиҳад. Аз ҷумла, рӯзи 19 июни соли равон озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бахшида ба 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров  аз 1 феврал то 10 июни соли равон идома дошт, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъбаст гардид. Ин панҷумин озмунест, ки нашрияи мазкур якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  навоҳии кишвар баргузор ва ҷамъбаст намуд. Ташкили чунин озмунҳо, аз ҷумла озмуни навбатӣ аз чанд ҷиҳат аҳамият ва судмандӣ дорад. Аввалан, чунончи ишора рафт, ба шарофати озмун мундариҷаи нашрия рангин гардида, доираи мавзӯоташ васеъ ва майлу рағбати хонандагонаш зиёдтар шуд. Баъдан, имкон фароҳам омад, ки доир ба фарзонафарзандони тоҷик, ки умри бобаракати худро сарфи диёру миллати худ кардаанд, матолиби зиёди ҷолиб ва хонданӣ рӯйи чоп ояд. Таҷрибаи ин силсилаозмун, ки ба шарофати гиромидошти корнамоиҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум аз ноҳияи Рашт шурӯъ гардида, имрӯз то ба Бобоҷон Ғафуров расид, имкон фароҳам овард, ки паҳлуҳои гуногуни фаъолият, хислату характер, ташаббусу иқдом, эҳсоси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, мактаби илмиву раҳбарӣ ва одамияти ин фарзонафарзандони баору номус ва сарсупурдаи миллати тоҷик боз ҳам муайян ва манзури хонанда гардад. Дар озмун беш аз 100 матлаб ба табъ расид. Ҳатто дар ҳафтаи охири ҷамъбасти озмун дар як шумора то се матлаб ҷой дода шуд. Албатта, мақолаҳо аз нигоҳи  мазмуну муҳтаво ва услуби нигориш дар як сатҳ қарор надоранд, дар онҳо баъзан такрори андеша ва фактҳои ҳамгун ба назар мерасанд, аммо дар маҷмӯъ ҳар кадоми онҳо дар шинохти қаҳрамонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун манбаи ғанӣ хидмат карда метавонанд. Хусусан, барои пажӯҳишгарони ҷавон маводи озмунӣ қимати баланди илмиву сарчашмаӣ доранд.
Ташкили чунин озмунҳо агар, аз як тараф, нишони қадргузорӣ ба шахсиятҳои барӯманд бошад, аз сӯйи дигар, ба вуҷуд овардани муҳити фарҳангиву адабӣ дар тарбияи маънавии ҷомеа, хосса ҷавонон аст. Ба шарофати ин озмун аҳли қалам бори дигар ба корнамоиҳои Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, хотираву ёддоштҳои гуфтаву ногуфта дастраси ҳамагон гардид, чеҳраи ин қаҳрамони миллати тоҷик ҷилои тозатар касб кард.
Ба шарофати ин озмун як гурӯҳи эҷодкорон ба ҳам омаданд, ки дар байнашон олимону адибони рӯзгордидаву кор-озмуда ва ҷавонони нав ба кори эҷодӣ шурӯъ намуда низ буданд. Дар ин сафари кӯтоҳ аз суҳбатҳои орифонаи олимону шоирон баҳра бардоштани ҷавонон худ як ваҳдат буд, ба иборае ваҳдати аҳли қалам, зеро ҳама аз дастовардҳои истиқлолияту корнамоиҳои фарзонафарзандони тоҷик, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҷаноби Олӣ, аз ташаббусҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» сухан мекарданд. Ин ваҳдати аҳли қалам бо расидан ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доманаашро васеътар намуд. Ин ҷо фарҳангиёни маҳал ба истиқболи гурӯҳ баромаданд, бо илтифоти хосси меҳмонпазирӣ, ташкили шоми фарҳангӣ, ҳунарнамоиву шеърхонӣ, суханрониву базлагӯйӣ на танҳо хотири меҳмононро шод, балки самимияти хоссеро дар қалби онҳо ба вуҷуд оварданд.
Дар қасри бошукӯҳи Арбоб баргузор намудани ҷамъбасти озмун  як навъ рамз ҳам дошт. На танҳо ба он хотир, ки Бобоҷон Ғафуров аз ин ноҳия аст, балки санги асоси ин бино аз ҷониби ӯ гузошта шудааст. Аз ҷониби дигар, дар бунёди давлатдории навин, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ин қаср боис гардида. Боздид аз осорхонаи Қасри Арбоб, ки ҳам аз зиндагии гузаштаи начандон дури ноҳия ва ҳам аз рӯзгори замони истиқлоли Тоҷикистон маълумоти фаровон медиҳад, барои ҳар як фарди ватандӯст, рӯҳу тавони тоза мебахшад, меҳру муҳаббати ӯро ба диёр зиёд ва ҳисси кору пайкорро дар дилаш қавитар мегардонад.
Рӯҳияи ваҳдатофаринии чунин озмунҳо боз дар он аст, ки байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва иштирокчиёни озмун шиносоиро ба вуҷуд меорад. Чунончи, дар озмуни навбатӣ, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардид, дар баробари раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси  вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд, ки ба ин шарофат на танҳо базм таровати тоза гирифт, балки боварии мардум ба мақомот ва дастгирии мақомотро аз мардум, хосса аҳли фарҳанг нишон медод.
Иқдоми рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва ин озмун, аз ҳар ҷиҳат аҳамият дошт. Хидматҳои Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими дӯстии халқҳо ва талошҳои Пешвои миллат дар расидан ба ваҳдатӣ миллӣ ба ҳам алоқамандии мантиқӣ дошта, ба арзиши ниҳоят баланд сазоворанд. Ин арзишро бояд дарк кард, маърифат намуд ва ба дигарон фаҳмонд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» на танҳо ин арзишро хуб дарк намудааст, балки тарғиби онро ба дӯш гирифта, дар ин роҳ иқдоми дурустеро ихтиёр кардааст, ки барояш барор мехоҳем.
Мурод МУРОДӢ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2018    №: 122-123    Мутолиа карданд: 247

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед