logo

сиёсат

ТЕРРОРИЗМ. ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН ЯКҶОЯ БОШЕМ

Дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Дигар пӯшида нест, ки вазъи зиндагии инсон дар сайёраи Замин рӯз ба рӯз мушкилтару мураккабтар мегардад. Инкишофи  равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсон шинохти ягонаи мафҳумҳои терроризму ифротгароӣ ва қабулу роҳандозии барномаи муштараки мубориза алайҳи ин вабои аср барои вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ва расидан ба ҷаҳони озод аз ин зуҳуроти хатарнок мусоидат менамояд ва инсониятро аз чандин фоҷиаи навбатии мудҳиш мераҳонад.
Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар ба муносибати  фарорасии моҳи шарифи Рамазон  изҳор доштанд: «Яке аз омилҳои  торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».
Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони аз 16 то 18 - сола ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дош-та, барои ин гуна зуҳурот давлат, миллат, дин ва дигар муқаддасот аҳамият  надоранд. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки шомилшавии  ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва, хусусан, тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.  Мо - омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳем. Ҳисси наф-рат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав  ва равияҳои номатлуби ҷомеа бедор намоем. Ташкил намудани конференсияҳои мавзӯӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ доир ба шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ин гуна гурӯҳҳо дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Зеро заминаи аслии доман густурдани ин зуҳурот нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пас-ти маърифатнокии иддае аз ҷавонон аст, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳи ҷомеаи осудаи моро зарур аст, ки алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор муқовимат карда, дар пойдории сулҳу ваҳдати комил саҳмгузор бошанд. Зеро, танҳо мавқеи устувор дар баробари ҷараёнҳои номатлуб ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии мамлакат афзуда, фазои зиндагии моро аз таҳдиди хатарҳо эмин нигоҳ медорад. 
Манучеҳра ҶУМЪАХОНОВА,
Ҳайдар ҲАЙДАРОВ,
кормандони Хадамоти давлатии назорат  дар  соҳаи маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2018    №: 122-123    Мутолиа карданд: 204

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед