logo

иҷтимоиёт

АКАДЕМИК РАҲИМ МАСОВ АЗ ДУНЁ ДАРГУЗАШТ

Ҳамеша инсонҳое, ки ҳақиқатро дармеёбанду барои миллату давлат бо муҳаббату сарсупурдагӣ тамоми умр хидмат мекунанд, маъруфу маҳбуб мемонанд. Агар ҳам марг ҷисман онҳоро аз миёни мо мебарад, (21 июни соли 2018, дар синни 79 - солагӣ) ин неруро пайдо карда наметавонад, ки рӯҳан маҳвашон созаду номашонро аз саҳифаҳои заррини таърихи кишвар ва лавҳи хотираҳо бизудояд. Академик Раҳим Масов аз ин зумраи шахсиятҳо маҳсуб мешавад.
Ӯ чун олими асил, донандаи таърихи ин миллати куҳанбунёд, ба хубӣ дарк мекард, ки ҷамоатҳои инсонӣ дар ҳолати нав шудан мебошад. Ва, воқеан, миллате дар ҳоли рушд асту пойдор мемонад, ки ин ҳақиқатро дармеёбаду дуруст ва нек истифода мекунад. Ба ин хотир бояд гузаштаи миллаташро бо дӯстдорӣ ва муҳаббати бепоён биёмӯзаду бидонад. Инчунин, аз он дарси ибрат бигирад ва барои пешгирии такрори ҳамаи хатоҳо бо маърифати комил саъю кӯшиши зиёд ба харҷ бидиҳад.
Таҳқиқот ва асарҳои мондагори ӯ бо номҳои «Эҳёи фарҳангии Тоҷикистон», «Таърихи табартақсим», «Тоҷикон: таърих бо муҳри комилан махфӣ», «Тоҷикон: аз миён бурдан ва ассимилятсия», «Мушкилоти мубрами таърихнигорӣ ва таърихи халқи тоҷик», «Тоҷикон: таърихи фоҷеаи миллӣ» бар ин равшан гувоҳ аст.
Ҳамин тавр, мавсуф муаллифи беш аз 500 асарҳои илмӣ ва оммавӣ ва 14 монография мебошад.
Академик Раҳим Масов 27 сол (солҳои 1988 – 2015) ба ҳайси директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолияти густурда ва чашмрас дошт. Дар ин муддат ба тарбияи мутахассисону  пешбурди илм ва нигаҳдории беҳтарин равияҳову соҳаҳои гуногуни таърих бо ҳисси дилсӯзӣ камари ҳиммат баста буд.
Бо ҷасорат ва мавқеъшиносии худ аз ҳақиқати таърихӣ пайваста пуштибонӣ мекард.
Хидматҳо ва таҳқиқоту асарҳояш бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» ва орденҳои «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 1, ордени «Спитамен», ордени «Дӯстӣ» ва дигар мукофотҳову ҷоизаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Миллат ҳамеша бо эҳтироми хосса аз ин фарзанди донишманди асили хеш ёд меорад.
Аҳли қалами «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2018    №: 124    Мутолиа карданд: 188

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед