logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ" ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ. ПАНҶУМИН ОЗМУНИ НАШРИЯИ №1 ДАР ҚАСРИ АРБОБ ҶАМЪБАСТ ШУД

Ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба тантанаи ҳақиқии ваҳдату якдилӣ, худогоҳӣ ва бедории миллӣ табдил ёфт. Маросими ҷамъбасти озмун, ки дар остонаи Ҷашни шукӯҳманди Ваҳдати миллӣ доир шуд, шумораи зиёди таърихшиносон, шоирону нависандагон ва олимону адибони саршиноси мамлакатро дар ин макони таърихӣ ба ҳам овард.
Арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини саодати рӯзгор, сарсабзии мардуми сарбаланди тоҷик ва ҳамчунин, шинохти чеҳраи воқеии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз ҳадафҳои аслии озмун ба шумор мерафт. Натиҷа ва шеваи баргузории ҷамъбасти ин сабқати эҷодӣ нишон дод, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар иҷрои ҳадафҳои пешбининамудаи худ муваффақ шуданд. Зеро маводи дар доираи озмун нашршуда дар тақвияти андешаи давлатмеҳварӣ, худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба шахсиятҳои тобноки таърих, дар мисоли аллома Бобоҷон Ғафуров таъсири чашмрас гузошт.
Ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин чорабинии ҷашнӣ ва тақдими ҷоизаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба барандагони озмун аҳамияти ташаббуси роҳбарияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ростои чунин иқдом бозгӯ намуд. Раиси вилоят зимни суханронии худ аз сатҳи баланди озмун истиқбол намуда, изҳор дошт: «Дар ҷаҳони имрӯз, ки масъалаҳои амният, худшиносӣ, худогоҳӣ ва истиқлолияти миллии кишварҳои ҷаҳон аҳамияти муҳим пайдо кардаанд, хидматҳои мондагору таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аллома Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ваҳдати миллӣ, гиромидошт ва маърифати мафҳумҳои Ватан, миллат, истиқлолият, сулҳу субот ва амният ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ арзиши бештаре касб менамоянд”.
Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи суханронии худ ба аҳамияти сулҳу субот дар пешрафти рӯзафзуни ҷомеа таъкид намуда, зикр кард, ки ҳар қадар мо аз таърихи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дур мешавем, арзиш ва аҳамияти ин санаи муборак бештар гардида, хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони меъмори сулҳу ваҳдат боз ҳам равшантар мегардад.
- Ба нашр расидани шоҳкории бузурги «Тоҷикон» ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт», - изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҷамъи ҳозиринро ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, академик Бобоҷон Ғафуровро аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик тавсиф кард, ки барои халқу миллат ва Ватани худ хизматҳои шоиста намудааст.
- Маҳз бо назардошти фидокориҳояш  ва рӯшаннамоии таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик ба ин фарзанди фарзонаи миллат унвони олии Ватан- Қаҳрамони Тоҷикистон дода шудааст, - гуфт Масрур Абдуллозода.
Дар озмун, ки аз 1 феврал то 1 июни соли ҷорӣ идома дошт, беш аз 100 маводи таҳлилӣ, илмию публитсистӣ дар қолаби жанрҳои гуногун ворид гардида, 53 адади он бо салоҳдиди ҳайати эҷодии рӯзнома рӯи чоп омад. Ҳайати доварон баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи матолиби нашршуда, мақоми аввалро ба академик Кароматулло Олимов барои матлаби “Бобоҷон Ғафуров олими ҷаҳонӣ ва миллатдӯсти тоҷик” сазовор донистанд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон матлаби Ҳайдаршо Пирумшо таҳти унвон “Бобоҷон Ғафуров. Аз шинохти тамаддуни Шарқ то рушди илми ховаршиносӣ” ва мақолаи “Наҷотбахшон” – и Абдулҳай Маҳмадаминов мақомҳои дуюмро касб карданд. Се ҷойи сеюм ба Абдураҳмон Абдуманнон, Ҷамшед Ҷӯразода ва Аслиддин Низомӣ муносиб дониста шуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Суғд, Корманди шоистаи Тоҷикистон Нур Табаров бо ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ва Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бо ҷоизаи махсуси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” мукофотонида шуданд.
Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона дар озмун ва нашри матолиби ҷолиб ба 12 нафар «Ифтихорнома» - ҳои Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақдим шуд.
Нухбагони илму адаби тоҷик маросими тантанавии ҷамъбасти натиҷаҳои озмун бо ҳузури беш аз 700 нафарро дар Қасри Арбоб дорои ҳикмати ба худ хос ва арҷгузории бепоён ба арзишҳои ваҳдати миллӣ донистанд. Шоир Назри Яздонӣ аз сатҳи баланди озмун ва ҷалби доираи васеи донишмандону пажӯҳишгарон дар он ситоиш карда, иқдоми роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар мавриди созмон додани чунин озмунҳоро татбиқи амалии тақозои Сарвари давлат дар мавриди баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва шинохти чеҳраҳои мондагори таърих донист.
Ин нукта ҳам эътироф шуд, ки иштироки ҳарчи бештари неруҳои эҷодӣ дар озмун матолиби рангорангу пурмуҳтавоеро рӯи саҳфа овард, ки дар бозтоби аҳамияти ваҳдати миллӣ ва шинохти паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти пурмаҳсули Бобоҷон Ғафуров навгониҳо дошт. Ба андешаи аҳли назар ва алоқамандоне, ки ҷараёни озмунро дар саҳифаҳои рӯзнома пайгирӣ мекарданд, матолиби нашршуда метавонанд, дар оянда ҳамчун сарчашма дар корҳои илмию тадқиқотӣ истифода шаванд. Аз ин рӯ, бо назардошти аҳамияти масъала дар толори Қасри Арбоб пешниҳоде садо дод, ки маводи озмун дар шакли як маҷмӯаи комил нашр ва пешниҳоди хонанда гардад.
Умед дорем, ки ин пешниҳоди ояндасоз бо кӯшиши дастандаркорони озмун ҷомаи амал мепӯшад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2018    №: 124    Мутолиа карданд: 383
14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

ВМКБ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "ИСТИҚЛОЛ" МАРҲИЛАИ АВВАЛРО ДАР САДРИ ҶАДВАЛ ХАТМ КАРД

РОССИЯ ДАР ҶАҲОН НАХУСТИН ШУДА ОЗМОИШИ ВАКСИНАИ COVID - 19-РО АНҶОМ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед