logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР МАВЗЕИ КОНЧОЧИ НОҲИЯИ АЙНӢ
Субҳи 24 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Пазироии Сарвари давлат аз ҷониби сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Айнӣ дар мавзеи Кончоч гарму самимӣ сурат гирифт.
Сарвари давлат дар ин мавзеъ нахуст аз намоиши дастовардҳои сокинони ноҳияи Айнӣ дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ маҳсули заҳмати сокинони ноҳия, хосса маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра ба таври васеъ ба маъраз гузошта шуда буданд.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат лоиҳаҳои сармоягузории Ширкати алюминийи тоҷик, аз қабили сохтмони корхонаи истеҳсоли соддаи каустикӣ ва поливинилхлорид бо иқтидори 50 ҳазор тонна соддаи каустикӣ ва 50 ҳазор тонна поливинихлорид дар ноҳияи Ёвон, сохтмони корхонаи истеҳсоли алюминий бо тавоноии 100 ҳазор тонна маҳсулот дар шаҳри Турсунзода ва корхонаи бойгардонии ноҳияи Айнӣ дар асоси кони Қазнок муаррифӣ карда шуданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо намоиши дастовардҳои КВД «ТАЛКО Кемикал»-и ноҳияи Ёвон, ки ба истеҳсоли криолит, фториди алюминий, каогулянт ва кислотаи сулфат машғул мебошад, баргузор гашт.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ояндаи ҶСП «ТАЛКО Голд», ки аз ҷониби мутахассисон тавассути видеоролик намоиш дода шуд, шинос шуданд. Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад.
Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма, нуқра, симоб ва флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Ҳамаи унсурҳои кимиёии зикргардида дар кишвари мо истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд. Аз рӯи маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ, ду - се сол пеш Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истихроҷи сурма баъд аз Чин, Русия ва Боливия дар ҷойи чорум қарор дошт. Солҳои охир ҳаҷми истихроҷу коркарди сурма боз ҳам афзудааст. Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввал ҷойгир шудааст.
Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёти худ боз як қадами устувор гузорад. Захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо бо гузарондани корҳои ҷустуҷӯӣ - геологӣ метавонанд боз ҳам афзун гарданд. Бинобар ин, роҳбарияти корхона, хусусан ҷониби Чинро, ки масъули лоиҳакашӣ ва воридкунандаи технология мебошад, зарур аст, ки хати технологиро на танҳо барои унсурҳои асосӣ, яъне тиллову сурма, балки барои унсурҳои ҳамроҳ - нуқра, симоб ва флюорит низ ҳатман ба назар гиранд.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи ҶСП «ТАЛКО Голд» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ як солу шаш моҳ ба нақша гирифта шудааст.  Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида истеҳсоли 1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар ин корхона аввали соли 2020 ба роҳ монда мешавад. Дар заминаи бунёди ин корхонаи азими саноатӣ марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулони ширкат дастур доданд, ки ба истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табиии ин мавзеъ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Ҳамчунин, баробари ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои истеҳсолӣ шумораи зиёди шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, ба зиндагии арзанда шарафёб мегарданд.

ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
24 июн дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд. Сарвари давлатро сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия бо самимият ва меҳру муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супурдани бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон иштирок карданд.
Сарвари давлат бо шароит ва имкониятҳои ташхисиву табобатии бинои иловагӣ шинос шуда, бо ҳайати кории он аз наздик суҳбат карданд.
Тавре маълум гашт, бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум аз шуъбаи наҷот, ҳуҷраҳои амалиёт, ҳуҷраи махсус барои хатнаи кӯдакон ва хонаҳои ёрирасон иборат аст. Дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои алоҳидаи табобатӣ бо 34 кат мавҷуданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ бинои иловагии тозабунёд дорои 46 кат буда, дар баробари ҳуҷраву озмоишгоҳҳои соҳавӣ, ҳамчунин, дорои ошхонаи муосир барои хизматрасонӣ ба беморону аёдаткунандагон мебошад. Сохтмони иншооти мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то имрӯз бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ мутобиқ ба стандартҳои муосир бунёд ёфтааст.
Бино ба маълумоти масъулон, барои анҷоми корҳои сохтмонии бинои иловагии шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ 2 миллион сомонӣ харҷ гардида, корҳои сохтмониро ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Маҳорат" ва "Қасри замон" иҷро намуданд.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ дар бинои иловагӣ аз ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ харид шудаанд. Барои харид ва насби дастгоҳҳои тиббӣ бештар аз 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид. Бунёди ин иншооти муосири тандурустӣ имкон медиҳад, ки ташхису табобати ниёзмандон минбаъд дар ҳудуди ноҳия ҷараён гирад.
Зимни боздид аз бинои иловагӣ ва суҳбат бо табибону кормандони соҳа Пешвои миллат табибонро ба истифодаи дурусти имконияти фароҳамовардашуда, муносибату муомилаи хуб бо беморон ва иҷрои содиқонаи масъулияти доштаашон ҳидоят карданд.

БОЗДИД АЗ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, бо фаъолияти кишоварзон дар кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон», бунёди боғи интенсивӣ дар хоҷагӣ аз наздик шинос шуда, бо масъулону мутахассисони соҳа, кишоварзон, боғдорон, олимон ва иҷоракорону саҳмдорон суҳбат намуданд.
Бо татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти тараққии соҳаи кишоварзӣ баҳри расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар корҳои зиёд амалӣ гардида, солҳои охир ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли мева аз самтҳои муҳими пешрафти соҳаи кишоварзӣ буда, дар ин ҷода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2014» заминаи воқеӣ гузошт ва дар ин давра дар майдони 50 ҳазор гектар боғу токзор бунёд гардид.
Бо мақсади идома бахшидан ба ин раванд Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020-ро қабул намуд, ки тибқи он дар кишвар бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ намудани усулҳои пешрафта, технологияи нав, бунёди боғҳои интенсивӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти боғу токдорон гардида, аз роҳу омилҳои афзун намудани меваю ангур мебошанд. Дар ин самт дар вилояти Суғд корҳои назаррас оғоз шудаанд ва иқдоми аҳли кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон» шоиста арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ин иқдоми аҳли хоҷагӣ намунаи татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти истифодаи оқилонаи обу замин ва бо усули замонавӣ афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таҳкими иқтидори содиротӣ аст.
Боғи интенсивӣ дар замини боғи дарахтони бисёрсола бунёд гардидааст. Пешвои миллат кишоварзону боғдорони ноҳияи Шаҳристонро ҳидоят намуданд, ки масоҳати боғҳои интенсивӣ, хусусан боғҳои себу нокро зиёд кунанд. Зеро обу иқлими минтақа ба боғҳои истеҳсоли ин меваҳо мутобиқ буда, аҳли ноҳия дар ин соҳа таҷриба доранд ва дар оянда бо истифодаи усулҳои пешрафта, истифодаи оқилонаи обу замин, бунёди боғҳои интенсивӣ, роҳу усули зиёд кардани даромаднокӣ имкони таъмини талаботи бозори дохилию афзун намудани истеҳсоли меваҳои дорои сифату стандарти ҷаҳонии аз нигоҳи экологӣ тозаи содирот доранд.
Сарвари давлат ба боғдорони хоҷагӣ маслиҳат доданд, ки ҳамаи талаботи агротехникиро сари вақт, мутобиқ ба меъёрҳо бо истифодаи таҷрибаи мавҷуда, машварату тавсияи олимон иҷро кунанд ва риоя намоянд. Ин асоси муваффақ шудан дар ҷорӣ намудани усули бунёди боғи интенсивӣ ва минбаъд афзун намудани ин технология дар ноҳия мебошад.
Яке аз талаботи асосии ҳосилнокии баланду меваи хушсифати боғи интенсивӣ коркарди агротехникӣ аст. Дар коркарду башаклдарорӣ боғи интенсивӣ афзалият дорад. Зеро дарахтони боғ баланд намешаванд, коркарди байни ниҳолҳо бо истифодаи тракторҳо, плуг, чизел, култиваторҳо, дорупошакҳо осон, нармкунию чизели замини боғ наздик ба ниҳолҳо - дарахтон сурат мегирад.
Таҷриба ва асоси илмӣ собит намудаанд, ки боғи интенсивӣ ҳосилнокии баланд дорад. Ин ба шумораи дарахтон дар 1 гектар ва ҳосили ҳар бех дарахти мевагӣ вобаста аст. Ниҳолҳои боғи интенсивӣ дар соли дуюм ба ҳосил медароянд ва дар соли сеюму чорум ва минбаъда ҳаҷми ҳосил зиёд мешавад. Ҳосили меъёрии як гектар боғи интенсивӣ то 50 - 60 тонна аст.
Бо ҳамин ҳосилнокӣ боғи интенсивӣ то 25 сол дар шароити иқлими Тоҷикистон дар ҳар мавсим ҳосили меъёрӣ медиҳад.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ХОБГОҲИ ИНТЕРНАТИ НАЗДИМАКТАБӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти бинои хобгоҳи интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов оғози расмӣ бахшиданд.
Хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни хобгоҳ бо самимияти хосса ва рӯҳияи созанда истиқбол гирифтанд.
Бинои нави дуошёнаи хобгоҳи наздимактабӣ аз 26 ҳуҷра, аз ҷумла 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи роҳбари муассиса, ҳуҷраи сармуҳосиб, ҳуҷраи дарстайёркунӣ, посбонхона, ҳуҷраи тиббӣ, китобхона ва ошхона, иборат мебошад. Хобгоҳи мазкур бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт. Дар назди бинои хобгоҳ ошхонаи тобистона ва ҷиҳати ба варзиш ҷалб намудани тарбиятгирандагон варзишгоҳи хурди футбол низ бунёд карда шудаанд. Дар интернати наздимактабӣ 50 нафар тарбиятгиранда бо шумули 13 нафар ятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд. Хобгоҳ дар масоҳати қариб 2 гектар қомат афрохта, дорои шароити муосири истироҳату фароғат ва таълиму тарбия барои насли наврас мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо хонандагон онҳоро барои таҳсил бо баҳои хубу аъло, омӯхтану аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва дар оянда хидмат ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Тарбиятгирандагони ин интернати наздимактабӣ ба Сарвари ғамхору ятимпарвари худ барои фароҳамсозии чунин шароити арзандаи таълиму тарбия миннатдорӣ баён доштанд. Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон дар мамлакат имкон додааст, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбияи онҳо беҳтар карда шуда, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор гиранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани хобгоҳ ва шиносоии ҳамаҷониба бо шароити муосири он ба 50 нафар кӯдаки ятим кумакҳои пулӣ тақдим намуд, ҳамзамон барои онҳо дастархони идона ороста шуд.
Ҳамчунин, аз тарафи Пешвои миллат ба тарбиятгирандагон 20 адад компютер ҳамчун туҳфа аз номи Роҳбари давлат тақдим карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми тақдими туҳфаҳо таъкид доштанд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, таваҷҷуҳи хосса доранд ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо ҳамасола тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.
Ҳамин аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша ба ятимону ниёзмандон ғамхорӣ карда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

МАРКАЗИ АДЛИЯ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН СОҲИБИ БИНОИ МАЪМУРӢ ШУД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии маркази адлия иштирок намуданд.
Бинои маъмурӣ аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи зиёда аз як миллиону дусаду шаст ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити арзандаи фаъолият дар ин бинои хуштарҳи замонавӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Бинои нав бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа фароҳам мебошад. Дар иншооти нав ҳуҷраҳои кории иҷрочиёни суд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат расондан ба сокинону шаҳрвандон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бинои маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати 380 метри мураббаъ дар муддати 6 моҳ аз ҷониби бинокорони варзида бо сифати баланд сохта шуд.
Пас аз мавриди истифода қарор додани бинои нав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба шаш ҷуфт оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ҳамчунин, ба ҳар як навхонадор якададӣ телевизор, яхдон ва мошини ҷомашӯйӣ тақдим намуда, дар ҳаёти якҷояи хонадорӣ таманниёти нек баён доштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол аз сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. 

ИФТИТОҲИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз Ҷашни бузурги давлатӣ - 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд. Бинои қаср аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити ин бинои тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аҳли санъату ҳунари ноҳияро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд. Сохтмони иншоот моҳи августи соли 2017 дар собиқ заминҳои Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва кумитаи идораи замини ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида буд.
Харҷномаи лоиҳавии иншооти мазкур зиёда аз 23 миллион сомониро ташкил дода, фармоишгар идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Раёсати сохтмони барқарор» - и шаҳри Хуҷанд ва лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдлоиҳакаш» мебошанд. Дар ин қаср беш аз 40 нафар аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва санъаткорони ҷавон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Баъд аз  шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору ҳуҷраҳои қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон Роҳбари давлат сухан ронда, аҳли ҳунару санъати ноҳияро бо Ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат ба сокинону фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон дар фаъолияташон барору комёбиҳо  таманно намуданд.
Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешниҳод шуд. Санъаткорону ҳаваскорони ноҳия дар баромади худ васфи Тоҷикистону истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ ва дигар арзишҳои миллиро карданд.
Дар интиҳои барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон 20 адад асбоби мусиқӣ тақдим гардид.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИСТАРАВШАН
Субҳи 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар тантанаҳои Ҷашни фархундаи миллӣ - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан ва намояндагони аҳли ҷомеа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд. Фазои шукӯҳу шодӣ ва истиқболи гарму самимии Пешвои миллат нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқ ба фарзанди оқилу сарсупурдаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат мебошад. Маҳз талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.
Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ чун сиёсатмадори ҷасуру тавоно, аз рӯӣ хиради азалии халқи тоҷик амал карда, ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ ва ба даст овардану таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ намуданд.
Сулҳу ваҳдати миллӣ ва минбаъд пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат марбутанд.
Истиқболи самимии намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Истаравшан меҳру муҳаббат ва самимияти бепоёни халқ ба Президенти маҳбуби худ мебошад.

ШУКӮҲИ ТОЗАИ НИШОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
25 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони иншооти Нишони давлатӣ моҳи марти соли 2018 оғоз шуда, моҳи июни соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонда шуд. Он аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, баландиаш 24 метрро ташкил медиҳад.
Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, лоиҳакаш корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» - и шаҳри Истаравшан, пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «МПМК Ӯротеппа» мебошанд.
Назди Нишони давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бо бунёди фаввораҳо, шинондани гулу буттаҳо ва чароғонкунӣ зебою дилрабо гардида, барои сайру гашти сокинон макони хуби истироҳату фароғат хоҳад буд.
Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан бо усули хоссаи меъмории миллӣ бунёд карда шуд, ки дар қатори дигар иншооти бунёдгардида ба симои шаҳр ҳусни дигар зам намудааст.
Саҳни ин рамзи давлатӣ тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ навсозӣ гардида дар бунёди роҳравҳо ва ҳудуди мавзеъ аз масолеҳи сохтмонии босифат истифода карда шудааст.
Арҷгузорӣ ба Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан нишонаи возеҳи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ буда, бо ин васила дар ниҳоди насли имрӯзу оянда ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор хоҳад сохт.

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани майдони Парчами давлатии Тоҷикистон низ ширкат намуданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Маркази ҷавонон ва наврасони шаҳр сохта шуд, ки қаблан ин мавзеъ ҷойи нообод буд. Баландии пояи Парчами давлатӣ 52,4 метр буда, масоҳати майдони он 3989,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи "МПМК Ӯротеппа" мебошанд.
Атрофи Парчами давлатии Тоҷикистонро фаввораҳою роҳрав ва намои иншооти наву замонавии бунёд карда шуда назаррабо сохта, ин ҷо бо шинондани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ба як макони дилписанду зебо табдил ёфтааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Саҳни ин рамзи давлатӣ барои гузарондани чорабиниҳои гуногун мувофиқу мусоид буда, бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ дар ҳудуди боғи парчам қаҳвахона, толори бозиҳои кӯдакона ва меҳмонхонаву дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд гардидаанд.
Маҷмаи бозиҳои кӯдакона дар шафати майдони парчам, ки бо саҳми як нафар соҳибкор бунёд гардидааст, дар он барои дилхушии кӯдакон дастгоҳу таҷҳизоти муосири шавқовар мавҷуд мебошанд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳм мегузоранд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим дар шаҳри Истаравшан мавзеъҳои зиёди истироҳатию фароғатӣ навсозию бунёд гардида, барои сайру гашти сокинон ва баргузории чорабиниҳои гуногун шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудаанд.

МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ  “ФАРОВОН” ДАР ХИЁБОНИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” оғози расмӣ бахшиданд.
Иншооти мазкур дар маркази шаҳр бо тарҳи муосиру ҷавобгӯй ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ қомат афрохта, ба ободии шаҳри бостонӣ зебоии дигар зам намуд.
“Фаровон” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шукрулло Ашӯров бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он аз чор ошёна иборат мебошад. Дар маркази хизматрасонӣ ошхонаи миллӣ бо 20 ҷойи нави корӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудаанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятимони кулли шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Деваштич туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Пешвои миллат бо ин кӯдакон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ, таҳсил ва кор тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои таълимии замонавӣ ҷиҳати таълиму тарбияи ятимону бепарасторон таъсис дода шудаанд, ки имрӯз кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба воя мерасанд.
Дар ин рӯз шодию нишоти кӯдаконро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раиятпарвари хеш сарулибос, пойафзол, ёрии яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишмандро гирифтанд.
Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин амалҳои эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони хайрхоҳу ватандӯст пайваста ба кӯдакони яккаву танҳо анҷом дода мешаванд ва онҳо аз ин ғамхориҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба ояндаи нек дилгарм мешаванд.
Дар ошёнаи дуюми маркази хизматрасонӣ аз ҷониби ширкати истеҳсолӣ - ҶДММ «Ноҳид» ва ташкилоти «Фонди рушди ҷомеа» коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст, ки дар он 70 нафар занону духтарони шаҳр ва деҳот ба кор ҷалб гардидаанд.
Боиси зикр аст, ки дар ин коргоҳ ҷойҳои корӣ ва шароити созгори фаъолият асосан барои шахсони маъюб, имконияти сухангӯӣ ва шунавоияшон маҳдуд ташкил карда шудаанд. Фаъолият дар коргоҳи мазкур имкон медиҳад, ки занҳои гунгу кар худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос намоянд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҷалби аҳолӣ, хусусан шахсони имконияташон маҳдуд бо шуғли доимӣ, марҳила ба марҳила тадбирҳои заруриро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ намуда истодаанд.
Дар ин коргоҳ 36 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз ҷумла бурандагӣ ва дарзмолкунӣ васлу насб гардида, маоши миёнаи кормандон аз 800 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.
ҶДММ «Ноҳид» дар асоси технологияи муосир қариб 70 намуди маҳсулоти таҳпӯш ва болопӯши бачагона, занона ва мардона истеҳсол менамояд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи навтаъсис дар як моҳ зиёда аз 10 ҳазор дона маҳсулоти гуногуни трикотажӣ, аз ҷумла 3 ҳазор дона либоси тагпӯши мардона, 3 ҳазор дона либоси сабуки тобистона (футболка), якуним ҳазор дона либосҳои навзодон ва 2, 5 ҳазор дона либосҳои тагпӯши занона мебошад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур 100 фоиз аз матои пахтагӣ буда, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.
Молҳои истеҳсолнамудаи коргоҳ пурра маҳсулоти воридотивазкунанда буда, ба саломатӣ ягон зарар намерасонанд. Фармоишгари маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” соҳибкорон Шукрулло Ашӯров ва Ином Мамуров буда, пудратчии он ҶДММ “Озодаи Амрӣ” мебошад ва иншоот дар масоҳати 614,10 метри мураббаъ сохта шудааст.
Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонӣ дар шаҳри Истаравшан дар самти ҷалби шахсони бе шуғл заминаи мусоид фароҳам овард.
Аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат бонувон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид медоранд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорони ватандӯст аст, ки онҳо чунин коргоҳу марказҳои хизматрасониро сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2018    №: 124    Мутолиа карданд: 217

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед