logo

иҷтимоиёт

ВНМО. САЛОМАТИИ ҲАР ЯК ШАХС ДАР ДАСТИ ХУДИ ӮСТ

Сирояти вируси норасоии масунияти одамро (ВНМО) коршиносон на танҳо мушкили  соҳаи тандурустӣ медонанд, зеро ба иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон низ хисороти зиёд ворид намудааст. Ба гуфти мутахассисони соҳа ин сироят ба одам ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, хун, асбобҳои тамйизнашуда  ва аз модар ба кӯдак мегузарад. Мутаассифона, дар кишвари мо низ ин беморӣ, ки ду - се даҳсолаи охир дар миёни мардумамон умуман вуҷуд надошт, мушоҳида мешавад. Ҳарчанд тибқи таҳлилҳои коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳоло он асосан дар байни гурӯҳҳои алоҳида вуҷуд дошта, ба аҳолии умумӣ зиён нарасондааст. 
- Бемории ВНМО - ро бемории вазнин гуфтан ҷоиз нест. Мисли дигар бемориҳо музмин арзёбӣ мегардад. Муҳим он аст, ки он идорашаванда мебошад, - мегӯяд Дилшод Сайбурҳонов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зиди ВНМО. Тибқи иттилои ҳамсуҳбати мо вақте нафар табобати зиддивирусиро  оғоз карда, бе танаффус давоми 2-3 моҳ доруҳои зиддивирусиро сари вақт истифода менамояд, дар натиҷа шумораи вирусҳо дар буния поин меравад. Ҳатто то ҳадди ноаёнӣ. Ин чунин маъно дорад, ки дар ин ҳолат хатари гузаштани вирус аз бемор ба нафари солим вуҷуд надорад. Илми муосир собит намуда, ки агар сарбории вирусӣ то ҳадди ноаёнӣ поин фарояд, шахс аз нигоҳи  эпидемиологӣ хатарнок нест.
Воқеан, солҳои охир  дар самти  пешгирӣ  ва аз байн бурдани ин беморӣ тибби муосир дастовардҳои зиёд ба даст овардааст. Ин аст, ки соли 2014 аввалин маротиба дар ҷаҳон коҳиш ёфтани шумораи сироятёфтагон ба мушоҳида расид. Ҳатто дар якчанд минтақаи ҷаҳон  барои пурра нобуд намудани он замина ба вуҷуд омад.
Тоҷикистон низ аз ҷумлаи кишварҳоест, ки барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Масалан, қонунҳои амалкунандаи кишвар ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда табобати зиддиретровирусии ройгонро кафолат додааст. Доруҳои зиддивирусие, ки имрӯз сироятёфтагон истифода мебаранд, аз доруҳои  муосир буда,  ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Ба ин хотир, ҳамчунин, «Барномаи миллии оид ба муқовимат  ба эпидемияи вируси норасоии маснуияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2020  қабул гардид, ки ҳадафи  асосии барнома гирифтани пеши роҳи паҳншавии сироят ва кам намудани шумораи сироятёфтагон мебошад. Тибқи барнома ҳоло дар тамоми муассисаҳои тиббӣ утоқҳои алоҳидаи зидди  вируси норасоии масъунияти одам ташкил гардидааст. Дар доираи барнома, ҳамчунин, кормандони соҳаи тиб ба мардуми кишвар ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт баъзе дастовардҳо ба назар мерасад. Дар натиҷаи гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз  ҷумла зиёд намудани табобати ретровирусӣ шумораи  фавт аз ҳисоби чунин беморон ва аз ҳисоби беморони сил, ки оризаи асосии ВНМО мебошад, коҳиш ёфтааст, - мегӯяд Дилшод Сайбурҳонов.
Ба иттилои мутахассисон ҳоло имкон дорад аз модаре, ки гирифтори вируси норасоии масъунияти одам аст, тифли солим ба дунё ояд.
Умия Исматова, табиби таваллудхонаи № 1 - и шаҳри Душанбе дар робита ба ин масъала гуфт: «Барои дарёфти модарони гирифтори ВНМО ва пешгирии вирус аз модар ба кӯдак,  аз соли 2002 тамоми занҳои ҳомиладор дар марҳилаи аввали ҳомиладорӣ аз ташхис гузаронда мешаванд. Зеро ҳангоме ки модари гирифтори ВНМО табобати зиддиретровирусӣ мегирад, хатари гузариши вирус аз модар ба кӯдак то ҳадди  ниҳоӣ кам мешавад. Барои солим ба дунё омадани тифл кӯшиш мекунем, ин занон бо роҳи буриши қайсарӣ (ҷарроҳӣ) таваллуд кунанд. Ин кӯдакон ба ғизои ивазкунандаи шири модар  таъмин мешаванд. Зеро эҳтимоли гузариши ВНМО аз шири модар ба кӯдак вуҷуд дорад». 
Ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ВНМО миёни онҳо бештар ба назар мерасад, дар навоҳии кишвар утоқҳои дӯстона ташкил шудаанд. Дар он мутахассион  ба муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо ҷиҳати пешгирӣ аз ВНМО корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ҳамчунин 3 дармонгоҳи мобилӣ дар асоси нақлиёти сайёр ташкил шудааст. Ин нақлиёт ҳар моҳ як маротиба  ба ноҳияҳои кишвар сафар намуда, ба беморон ройгон хизмат мерасонад. Ҳамаи ин тадбирҳо, албатта баҳри ҳимояи мардум аз ВНМО роҳандозӣ гардидааст. Аммо ин чунин маъно надорад, ки бояд бепарвоёна ва ё бо таваккал зиндагӣ кунем. Зарур аст ба ҳангоми ворид шудан ба марказҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳуҷраҳои косметалогӣ ва дигар марказҳое, ки хатари сироятёбӣ таҳдид мекунад, эҳтиёт шуд. Ҳатто ҳангоми беморхона рафтан, ҳатман бояд, ки аз табиб  тамиз шудани асбобҳои тиббиро талаб намуд. Саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст, нисбат ба он набояд бепарво бошем.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2018    №: 125    Мутолиа карданд: 250

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед