logo

сиёсат

МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Аз он, ки ваҳдати миллӣ дар ҳаёти давлату миллат чӣ нақш дорад, хотимаи ҷанги фоҷиабори дохилии солҳои 1992 - 1997 мисоли равшанест. Ба хотир биёрем, ки ин ҷанг дар аввал аз муноқишаю задухӯрдҳои миёни намояндагони маҳалҳои мухталиф оғоз шуда, бо дахолати коргардонҳои моҳири хориҷӣ дар ин бозии басо хатарнок картаи  маҳал ворид шуд. Замина барои ин фароҳам буд. Дар муносибати байни намояндагони маҳалҳои мухталифи ҷумҳурӣ беэътимодӣ, шакку шубҳа мавҷуд буда, таҷрибаи давлатдорӣ вуҷуд надошт. Набудани қатъият, нотавонӣ, дудилагӣ нишонаи хоси муносибати ҳукумат бо рӯйдодҳои мазкур буд.
Баъдан, ҳамон коргардонҳои хориҷӣ Ҳизби наҳзати исломиро вориди майдон карданд. Истеъфои бе қайду шарти ҳукумат ба миён гузошта мешуд. Самти  ҳаракат маълум гардид: аз байн бурдани ҳукумати мавҷуда ва таъсиси давлати исломӣ. Барои таъсиси давлати исломӣ ба майдони нав зарурат доштанд, майдоне, ки неруҳои тундрав дар он яккатоз бошанд. Ба розӣ будану набудани мардум бошад, коре  надоштанд. Касонеро, ки дар гирдиҳамойии Душанбе иштирок доштанд, сабабҳои гуногун ба ин ҷо оварда буд: аввалиҳо аз номуайянӣ ва амалкарди сусти ҳукумат баъди ба даст овардани истиқлолият ба ситез омада, истеъфои онро мехостанду қадамҳои баъдиро тасаввур ҳам карда наметавонистанд, гурӯҳи дуюм дар симои он ҳукумати коммунистии пешинро дида, тундгароёна аз саҳна берун шуданашро талаб доштанд, савумиҳо бо эҳсосоти маҳалгароёна дар роҳбарӣ одамони худашонро дидан мехостанд, ба ҳукумати мавҷуда нигоҳи нобоварона доштанд. Ин мавҷи издиҳоми норозӣ тавассути коргардонҳои исломӣ устокорона идора ва ба самти барояшон мувофиқ равона карда мешуд. Ҳамин тавр, ваҳдати миллӣ мутлақо аз байн рафта буд ва ё аслан вуҷуд надошт.
Дар маҳалҳо аллакай миёни одамон зудухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомад, ҷиноятҳои гӯшношунид содир мешуданд, аз пайи ниқор мардуми бегуноҳ, занону кӯдакон кушта мешуданд, хонаҳо ба коми оташ мерафтанд. Корхонаю муассисаҳо аз фаъолият монда буданд, заминҳо кишт намешуданд. Молу мулки давлат, корхонаю хоҷагиҳо тороҷ мегардид, «ба яғмо рафтан» ибораи маъмули ҳамон айём аст. Нон рӯз ба рӯз кам мешуд, дар мағозаҳо одамон аз пайи хариди он соатҳо навбат меистоданд, барои харид бошад маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Мардуми маҳалҳои ҷудогона бошанд, умуман ба таҳрими ғизоӣ гирифтор омада буданд, онҳо гуруснагӣ мекашиданд.
Ин фоҷиаҳоро танҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳҳои ноябр - декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, хотима дод. Иҷлосия тавассути ба маснади Сарвари давлат баргузидани марди хирад ва ғайрату амал Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳоеро ибтидо гузошт, ки сулҳу осоишро дар кишвар таъмин, ваҳдати миллиро барқарор ва шароитро барои эҳёи баъдиҷангии иқтисодиёт муҳайё месохтанд...
Муҳимтарин сабақе, ки мо аз ҷанг гирифтем, мақому мартабаи ваҳдати миллӣ барои як ҷомеаю як давлат аст. Беҳуда нест, ки Сарвари давлатамон аз нахустин рӯзи ба мақоми роҳбарӣ омаданашон ба ин кор иқдом карданд, ваҳдатро ба пирӯзӣ расонданд ва аз он рӯз то кунун барои таҳкиму тақвияти рӯзафзунаш талош меварзанд. Пешвои муаззами мо дар суханрониҳояшон борҳо Ваҳдати миллиро дар радифи Истиқлолияти давлатӣ гузоштаанд ва онро заминаи устувори ин истиқлол, омили бақову пойдории сарзамин ва устувории давлат, шаҳсутуни рушду осудагии ҳаёти мардум донистаанд. Мо ҳамарӯза мебинем, ки чӣ гуна ин неъмати бебаҳои миллӣ бо падидаву ҳаводиси нави мусбат бунёдан бою ғановатмандтар мешавад, тақвияти бештар пайдо мекунад.
Давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ он гуна заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам шудаанд, ки назираш дар ягон давраи таърих дида намешавад. Дар зарфи 27 сол мо масъалаҳоеро ҳал кардем, ки муддати садсолаҳо пеши роҳи рушди миллатро мегирифтанд. Дар гузашта ба вилояти Суғд роҳи доимӣ надоштем ва тавассути ағба роҳ танҳо мавсимӣ буд. Имрӯз бошад, нақбҳои мошингузар аз умқи кӯҳ мардуми моро аз ин мушкил раҳо сохтаанд. Бунёди роҳ миёни минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равобити нақлиётӣ бо ин минтақаи баландкӯҳро низ осон ва  доимӣ гардонд. Роҳҳои оҳани Душанбею шаҳри Бохтар бо ҳам васл шуда, то ба шаҳри Кӯлоб расид.
Айни замон дар мамлакат ба рушди мутавозини маҳалҳо аҳамияти калон дода мешавад ва ҳар рӯз дар ин ё он гӯша корхонаю муассисаи наве ба фаъолият оғоз мекунад. Ҳамаи ин дигаргуниҳо ба мо имкон медиҳанд, ки бо  гузашти 21 сол аз дараҷаи сифатан нави ваҳдати миллиамон, аз иттиҳоду ҳамбастагии бештар сухан ба миён оварему ояндаи дурахшони онро пешгӯӣ кунем.
Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2018    №: 125    Мутолиа карданд: 154

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед