logo

сиёсат

МАСИРИ ҲАРАКАТ. АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ

Дар зарфи ду моҳи охир баргузории ду конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари башардӯсти худ дар эҷоди сулҳу ваҳдат ва ҳамгироӣ қадамҳои фаротар аз марзи хеш мегузорад. Тарҳрезӣ ва мизбонии ҳар ду чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон сурат гирифт, ҳамин маъниро бозгӯ намуда, бори дигар мавқеи устувору сулҳхоҳонаи Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Мусаллам аст, ки касби ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистони азиз дар сиёсати байналмилалӣ баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба миён омада, эътибори баланди кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ, амалан ба ибтикороти Сарвари давлат пайванд мегирад. Далели ин амр дар ҷонибдории сокинони сайёра аз ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат вобаста ба ҳалли масоили глобалии ҷаҳон аст.
Оғози татбиқи иқдоми ахири Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушду устувор, солҳои 2018-2028», алакай мардуми сайёраро дар моварои ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва пешгирии ҳаргуна низоъҳои марбут ба он қарор додааст. Иштироки сарони давлату ҳукуматҳо, беш аз 1500 ҳазор намоянда аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои бонуфуз дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ки рӯзҳои 20 - 21 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, нишон дод, ки мардуми сайёра ин ташаббуси Пешвои миллати тоҷиконро дорои аҳамияти хеле муҳим мешиносанд. Зеро дар гузашта об ҳам ба сари худ моҷароҳое дошт, ки ба низоъҳои мусаллаҳона кашонда шудааст. Аз ин рӯ, аҳамияти иқдомоти Тоҷикистон дар ин самт на танҳо дар таъмини сокинони сайёра бо оби тоза, истифодаи самараноку оқилонаи он, балки як навъ пешгирӣ аз ҳамагуна хушунатҳои эҳтимолӣ вобаста ба тақсими об миёни кишварҳои олам дониста мешавад.
Феълан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешоҳанги ҳалли масоили вобаста ба об дар ҷаҳон, ҳамчунин бо тадорукоти анҷомдодаи худ ба ҳайси кишвари дорои нақши фаъол дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шинохта шудааст. Баргузории ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» рӯзҳои 3 - 4 май дар пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури беш аз 400 намояндаи кишварҳои хориҷӣ мисоли равшани ин гуфтаҳо буда, бори дигар аз мавқеи сулҳхоҳонаи кишвари мо паём дод, ки боиси сарфарозии ҳар фарди бедордили ҷомеа аст. Аз ин рӯ, дар замони пуртазоди имрӯз, моро зарур аст, ки дар ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун сароғози барору комёбиҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ масъулияти бештар нишон дода, иҷрои ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем.   

Фаррух ВАЛИЗОДА,
корманди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2018    №: 125    Мутолиа карданд: 146

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед