logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

МАҶМАИ МИЛЛИИ СОҲИБКОРИИ “РОҲИ АБРЕШИМ” БУНЁД МЕГАРДАД
24 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмаи миллии соҳибкории “Роҳи абрешим” санги асос гузоштанд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов бо харҷи 60 миллион сомонӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад. Дар маҳали сохтмон ба Сарвари давлат лоиҳаи иншооти муосири миллии тиҷоратӣ муаррифӣ шуд.
Маҷмаи мазкур аз 16 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои он маркази савдо, маъмурият, ҳуҷраҳои корӣ ва толорҳои конфронс барои гузарондани ҳамоишҳои тиҷоратӣ бунёд мегарданд. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот беш аз 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад. Масоҳати умумии замини зери сохтмон 4 ҳазору 400 метри мураббаъ мебошад. Фармоишгар ва пудратчии бунёди иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мабдаи Нур” буда, лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Архиком ва компания” - и шаҳри Душанбе таҳия шудааст.
Маҷмаа дорои меҳмонхона, таваққуфгоҳ барои 92 нақлиёт, толори варзиш, спа  - салон бо маркази солимгардонии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 30 нафар ва ҳавзи шиноварӣ мебошад. Маҷмаа ба симои шаҳр ҳусни тоза зам мекунад, зеро бунёди майдончаҳои бозии кӯдакона, гулгашт бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишию фаввораҳо низ ба нақша гирифта шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба соҳибкорони ватанӣ арзи сипос карда, онҳоро барои боз ҳам бештар дӯст доштани Ватан ва идомаи бунёдкорӣ ҳидоят карданд.

ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНАИ “КИРОПОЛ”  ДАР ХИЁБОНИ «ИСТИҚЛОЛ» - И ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии “Киропол”- ро дар хиёбони “Истиқлол” дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Фармоишгари бунёди меҳмонхона соҳибкори ватанӣ Бурҳон Эргашев буда, лоиҳакашон - корхонаҳои воҳиди давлатии “Меъмор” - у “Лоиҳакаш” - и шаҳри Истаравшан ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Ӯротеппа” мебошанд.
Маблағи умумии сохтмони бинои меҳмонхона 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби даромади софи соҳибкорон сарф гардид. Корҳои сохтмонӣ соли 2012 оғоз ёфта, он дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфт. Масоҳати умумии меҳмонхона наздики 1 гектарро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат аст. Ошёнаи якум аз ҳуҷраи корӣ, тарабхона, толорҳои хизматрасонию конфронс иборат мебошад. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум 20 ҳуҷра мавҷуд буда, дар як вақт барои қабули 40 нафар мизоҷ шароит фароҳам оварда шудааст. Хусусияти ҳуҷраҳои меҳмонхона дар он аст, ки ҳар яки онҳо бо услуби хоссаи меъморӣ ва унсурҳои зебову назаррабои нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Баъди ба истифода супурдани иншоот 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва бо маоши хуб таъмин гардид, ки иқдоми хуб барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ва дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд ва онҳоро ба идомаи анъанаи накуи мардуми тоҷик - меҳмоннавозии сатҳи баланд ба мизоҷон ҳидоят карданд.

МУЛОҚОТ БО СИНИЧИ КИТАОКА
25 июн дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаокаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ ёфтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин, барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳо дар самтҳои таъмини оби нӯшокӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия, энергетика ва идоракунии сарҳади давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва ҳадафҳои стратегии дуҷониба, аз ҷумла Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон баҳри татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амалисозии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон оид ба беҳсозии вазъи коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва кишоварзӣ изҳор доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар, рушди инфрасохтори зарурии саноат ва содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби маблағҳои грантии Япония оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, коҳиш додани зарари тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти кишвар мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.
Дар охир таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ дар самтҳои идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳсозӣ, энергетика ва дигар соҳаҳои муҳим метавонад аз афзалиятҳои рушди ҳамкории дуҷониба бошад.

МАҶМАИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҚАЛЪАИ МУҒ НАВСОЗӢ ШУД
Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмаи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғро, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ гардид, ифтитоҳ намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Қалъаи Муғ таърихи қадима дошта, танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бо нишони қадршиносию арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги бою қадимаи мардуми тоҷик азнавсозӣ карда шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои Ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат ба сокинони шаҳр ва сайёҳон ифтитоҳ гардид.
Маблағи умумии корҳои азнавсозӣ беш аз 13 миллион сомонӣ ва масоҳати умумии иншоот 4 гектарро ташкил медиҳад. Дар иншооти таърихию фарҳангӣ 70 ҳуҷра барои ҷойгир намудани намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон пешбинӣ шудаанд. Дар корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон иштирок кардаанд, ки сифати кори онҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои баланд гирифт.
Пеш аз иштирок дар ҷамъомади бошукӯҳи идона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои аҳли ҳунари шаҳрро тамошо карданд. Дар гӯшаҳои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ҳудуди майдони Қалъаи Муғ баргузор гардид, беҳтарин намунаи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои саноатии шаҳр ба маъраз гузошта шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи кори меҳнаткашони шаҳри бостонии Истаравшан баҳои баланд дода, эҳё ва рушди ҳунарҳоро дар соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин иқдом маънидод карданд.
Мавриди зикр аст, ки мардуми шаҳр дар хориҷи кишвар бо ҳунарҳои дастии худ маълуму машҳуранд ва таъриху фарҳанги ғанию қадимаи миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ мекунанд.
Баъди ифтитоҳи Маҷмаи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғ ва тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди фаъолони шаҳри Истаравшан сухан ронда, сокинони шарафманди шаҳри бостонӣ, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфтанд.
Дар бинои амфитеатри Маҷмаи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғ, ки дорои беш аз 5 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сокинони меҳнатқарини шаҳри Истаравшан барои истиқболи самимии Пешвои миллат ҷамъ омада буданд.
Дар оғози суханронӣ Президенти мамлакат аз тадбир ва ҳадафи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, бо дарназардошти имкониятҳои васеи кишварамон барои пешрафти ин соҳаи муҳим, бахусус ободии шаҳрҳои қадима, ки дар ҳудуди онҳо ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ҳифз гардида, мардум ҳунарҳои аҷдодиро пос медоранду идома медиҳанд, қабул карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кӯшку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор мераванд. Таҷдиду барқарорсозии Маҷмаи таърихию фарҳангии Қалъаи Муғ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи Истаравшани бостонӣ, аз ҷумла ривоҷи ҳунарҳои милливу мардумии онро самараи соҳибихтиёрии давлати тоҷикон маънидод карданд. Зимни суханронӣ, ҳамчунин, Сарвари давлат оид ба дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бунёди шаҳраку деҳоти нав ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар ин шаҳри бостонӣ ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва ҷонибдории мардуми шаҳри Истаравшан аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар андеша ронданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори миннатдории самимона аз пазироӣ ва истиқболи гарми мардуми соҳибмаърифати шаҳри Истаравшан бори дигар фарорасии Ҷашни Ваҳдати миллиро муборакбод гуфтанд.
Ҷамъомади идонаро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи бошукӯҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2018    №: 125    Мутолиа карданд: 182

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед