logo

иқтисод

КАНГУРТ - БАЛҶУВОН – ХОВАЛИНГ. КОРҲОИ СОХТМОНӢ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 - уми июли соли 2017 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ба сохтмони роҳи автомобилгарди Кангурт – Балҷувон - Ховалинг санги асос гузошта, ба масъулони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру супориш дода буданд. Хушбахтона, дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ азнавсозии ин роҳ оғоз гардид. Пудратчии сохтмон ширкати чинии «Чайнроуд» интихоб шуда, фармоишгар маркази татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Масофаи умумии роҳ 42,5 километрро ташкил медиҳад. Ширкати мазкур бо ҷойгирсозии базаи техникии худ аллакай дар се қитъаи роҳ – километри 2 - юм, 4 - ум ва 23 - юм  корҳои  навсозиро оғоз кардааст. Айни замон 60 техникаи вазнини роҳсоз корҳои кандан ва паҳн сохтани роҳро иҷро мекунанд.
Аз рӯйи нақшаи пешбинишуда, 5 пули мошингузари роҳи Кангурт – Балҷувон - Ховалинг таъмир ва азнавсозӣ гардида, як пули он – пули назди деҳаи Калтачинор аз нав сохта мешавад. Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, ки аз шафати дарёҳо мегузарад, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 ҳазору 640 метр дар назар аст. Мавзеъҳои дохили минтақаҳои аҳолинишин ва ҳамчунин, 29 лӯлаи обгузар, 7 лӯлаи нав, 25 ҳазору 880 метр иншооти ҳимоявӣ, 4 ҳазору 870 метр роҳи пиёдагарди паҳноияш аз 1,5 то 3 метр ва 19 ҳазору 390 метр ҷӯйбори оҳану бетонӣ низ таъмир ва азнавсозӣ карда мешаванд.
Тавре мутахассисони роҳсоз иброз доштанд, дар оғози кор танҳо 52 нафар шаҳрванди маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши саривақтӣ таъмин шуд ва ин нишондиҳанда бо назардошти зиёд гардидани талабот ба қувваи корӣ ба беш аз 100 нафар хоҳад расид.
 Муҳлати сохта ба истифода додани роҳи мошингарди Кангурт – Балҷувон - Ховалинг мувофиқи лоиҳа 18 моҳро дар бар мегирад.
Оғози чунин иншооти бузург дар ноҳияи Балҷувон, ки  минтақаи туризми байналмилалӣ эълон гардидааст, иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи сайёҳӣ ва ободу зебо гардондани як гӯшаи диёри азизамон мебошад.
Муҳаммади ШОҲ,
ноҳияи Балҷувон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 167

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед