logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Бобо Сангинов аз ходими илмӣ то ба дараҷаи олими намоён, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Русия, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон расид. Ӯ ҳаёташро ба рушди соҳаи пахтапарварӣ бахшида, дар натиҷаи фаъолияти самараноки бисёрсолааш, тавонист зиёда аз 30 навъи серҳосилу ба бемориҳо тобовар ва дорои сифати баланди пахтаи маҳиннаҳ ва миёнанахро  ихтироъ намояд.
Навъҳои беҳамтои пахтаи маҳиннахи кашфнамудааш барои селексияи зироати мазкур аҳамияти калон дошта, то ҳол дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ  парвариш карда мешаванд. Ғайр аз ин, ӯ навъҳои юнучқаи В-233, В-300 ва В-416, ҷави В-116, В-128, ҷувории В-10, В-129, берсими Хатлон – 3 ва дигар зироатҳоро ихтироъ намуда, онҳоро минтақабоб гардонд.
Инчунин, ҳамкории селексионии худро бо генетикҳо, физиологҳо, фитопатологҳо, агрохимикҳо бо мутахассисони саноати бофандагӣ дар алоқамандии зич пеш мебурд. Дастовардҳои илмияш дар муассисаҳои селексионию пахтакории ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ имрӯз низ мавриди истифода қарор доранд.
Дар натиҷаи таҳқиқотҳои худ академик Бобо Сангинов зиёда аз 250 асари илмӣ навишта, муаллифи 20 кашфиёту ихтироот мебошад.
Ӯ дар ҳамкорӣ бо кормандони Институти илмӣ-таҳқиқотии растанипарварии ба номи И. Вавилови шаҳри Санкт-Петербург Феҳристи коллексияи пахтаи маҳиннахи ҷаҳонро тартиб дод. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо олимони Ҳиндустон оид ба ривоҷи пахтакорӣ дар Осиёи Миёна асари илмии пурарзишро ба чоп расонд. Асарҳои илмии ӯ «Захираҳои афзоиши пахтаи маҳиннаҳ дар Тоҷикистон», «Навъҳои минтақавӣ ва ояндадори пахтаи маҳиннах дар Осиёи Миёна», «Инкишофи истеҳсоли пахтаи маҳиннах дар Осиёи Миёна» дорои арзиши баланди  илмию амалӣ мебошанд.
Ӯ на танҳо ҳамчун селексионер ва олими варзида, балки чун ташкилотчии моҳир дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар маъруф буд. Дар муддати 25 сол вазифаи директори Стансияи таҷрибавии кишоварзии Вахш (ҳоло Филиали Институти зироаткории АИКТ) - ро ба уҳда дошта, дар рушди илми соҳаи пахтапарварӣ ва татбиқи натиҷаи таҳқиқотҳо дар истеҳсолот саҳми арзанда гузошт.
Академик Бобо Сангинов аввалин президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин ва дар ин вазифа 12 сол фаъолият намуда, барои равнақу ривоҷи илми соҳавӣ дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои илмӣ мусоидат намуд. Дар давраи роҳбариаш маркази ҷумҳуриявии механиконии кишоварзӣ, марказҳои илмӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир, стансияи таҷрибавии кишоварзии Панҷакент ва чандин шуъбаю озмоишгоҳҳои замонавӣ таъсис ёфт. Хизматҳои академик Бобо Сангинов дар соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама, равнақу инкишофи пахтакорӣ аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ва Ташкилоти байналмилалии ИКАРДА бо медали тилло  сарфароз гардонда  шуд.
Бобо Сангинов барои хизматҳои шоистааш ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Ҷоизаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба номи Е. Н. Павловский шарафёб гашта, ба унвони Агрономи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони Фахрӣ», инчунин ифтихорномаҳо, медалҳои тиллои Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонда шудааст. Ҳамзамон, ӯро ба мукофоти Созмони байналмилалии ҳамкории иқтисодӣ  (ЭКО) қадр намуданд.
Ҳаёт ва фаъолияти академик Бобо Сангинов, бешубҳа, намунаи ибрат буда, хотираи неки ин инсони шарифу заҳматкаш ҳамеша байни олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ   боқӣ хоҳад монд.
Н. АСОЗОДА,
президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 
Д. КОМИЛЗОДА,
академики АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 181

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед