logo

иҷтимоиёт

ХОВАЛИНГ. РАИСИ ВИЛОЯТ АРЗИ МАРДУМРО ШУНИД

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо мақсади дар маҳал шунидани арзи шаҳрвандон дар ноҳияи дурдасти Ховалинг рӯзи қабули сайёр гузаронд. Дар сафар ба ноҳияи Ховалинг раиси вилоятро роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ҳамроҳӣ карданд.
Сокинони ноҳияи Ховалинг дар суҳбати озоду ошкоро бо раиси вилоят, як қатор масъалаҳои дорои хусусияти ҷамъиятиро матраҳ намуданд. Аз ҷумла, Ғайратшо Тоҳиров, истиқоматкунандаи деҳаи Ҳалқаёри Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, бо истифода аз ҳузури раиси вилоят арз кард, ки 17 километр роҳҳои деҳаҳои маркази ҷамоат бисёр хароб буда, ниёз ба таъмиру навсозӣ доранд. Дар ин робита, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба идораи роҳсозии минтақа супориш дод, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳ роҳҳоро таъмир ва мушкили сокинонро дар ин самт осон намоянд.
Омӯзгор Олимҷон Олимов хоҳиш кард, ки роҳбарияти вилоят бинобар афзоиши аҳолии ҷавон дар маркази ноҳия оид ба ифтитоҳи филиали коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб мусоидат кунанд. Раиси вилоят омӯзиши ин масъаларо ба зиммаи сардори раёсати маорифи вилоят вогузошт.
Мавҷуда Салимова барои сари вақт анҷом додани сохтмони нотамоми якчанд шуъбаи беморхонаи марказии ноҳия аз раиси вилоят ёрӣ хост. Пешниҳод пазируфта шуда, масъулони соҳа, аз ҷумла раёсати сохтмони асосии минтақаи Кӯлоб уҳдадор гардид, ки бунёди иншооти мазкурро дар кӯтоҳтарин фурсат ба анҷом расонад. Амирхон Саидов, Малоҳат Сатторова, Талабшо Гулмуродов, Неъматулло Қаландаров дар мавриди ба хатсайри сайёҳӣ шомил кардани ноҳияи Ховалинг дархост ба миён гузоштанд, ки хуш қабул карда шуд.   
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон ба масъулони вилоят ва ноҳия дастур дод, ки ҳамаи масъалаҳои матраҳшударо мавриди таҳлилу баррасӣ ва иҷро қарор дода, ҳалли мушкилоти бамиёномада ва рӯз ба рӯз беҳбуд бахшидани рӯзгори мардумро дар меҳвари фаъолияти худ қарор диҳанд.
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 104

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед