logo

иҷтимоиёт

РАШТ. РУШДИ БЕМАЙЛОНИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ

Ноҳияи Рашт низ дар қатори дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ободу зебо ва сатҳи некуаҳволии сокинонаш рӯз ба рӯз хубтару беҳтар мегардад. Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Рашт, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” дар хусуси рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия чунин иттилоъ дод:
- Таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давоми солҳои охир равшан менамояд, ки ноҳияи Рашт бо суръат рушд ёфта, зиндагии сокинони ноҳия бамаротиб беҳтар гардидааст. Чуноне рақамҳо собит месозанд, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот тайи 10 соли охир аз 69 миллиону 207 ҳазор сомонӣ то 646 миллиону 792,9 ҳазор сомонӣ, яъне 9,3 баробар ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба ҳар нафар  шаҳрванди ноҳия 7,2 баробар зиёд гардидааст. Бо афзоиши ҳаҷми буҷети маҳаллӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд гардида, соли гузашта ба 51 миллиону 701,5 ҳазор  сомонӣ расид.
Дар афзун намудани иқтидори иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию  иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016”, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  гардид, нақши муҳим бозид.         Натиҷаҳои амалишавии барнома беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муҳайё шудани шароити муосири илмомӯзӣ бо бунёди 14 бинои нави  таълимӣ, аз 100 то 743 нафар зиёд шудани шумораи кӯдакони синни томактабӣ дар боғчаҳои бачагона ва марказҳои инкишофи кӯдакон, боло рафтани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар деҳот (мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани маркази муосири саломатӣ ва 7 бунгоҳи тиббӣ), аз 1 ба 10 адад расидани шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина таъсис ёфтани  ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ мебошанд, ки барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия имконияти мусоид фароҳам оварданд. 
Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва таъмини  рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ айни ҳол амалисозии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2017-2020”, ки фарогири 95 лоиҳаю барнома бо арзиши умумии 240,3 миллион сомонӣ аст, идома дорад,
Бояд тазаккур дод, ки берун аз ин барнома низ дар ҳудуди ноҳия иншооти зиёде сохта шудаанд, ки дорои аҳамияти на танҳо ноҳиявӣ, балки минтақавӣ ва ҷумҳуриявианд. Бунёди шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт - сарҳади Қирғизистон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, корхонаи ордбарорӣ дар шаҳраки Ғарм, боғҳои интенсивӣ, даҳҳо иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ аз ин ҷумлаанд.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт зери роҳбарии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо Холиқ фаъолиятро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ва барномаҳои рушд равона намуда, дар самти тараққии иҷтимоию иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Бовар дорам, ки дар ин раванд ҳар як фарди заҳматкаши ноҳия саҳми босазои худро мегузорад, - гуфт Ҳамдулло Шарифзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 220

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед