logo

иқтисод

МОИ "СУҒД". БАРАКАТ АЗ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ

Тақрибан се сол пеш, аниқтараш 20 октябри соли 2015, дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд воқеаи таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифи нахустин ба ин ҷо яке аз аввалин ва калонтарин корхонаҳои МОИ - коргоҳи коркарди чӯбу тахтаи “Арча”- и ҶДММ “Фортуна ва компания”- ро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат намоишгоҳи маҳсулоти гуногун, аз ҷумла дару тиреза, профилҳо, ашёи хона, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар маводи ороишии  чӯбиро тамошо карда, ба сифати онҳо баҳои баланд доданд. Аз суханҳои рӯҳбахши Ҷаноби Олӣ сари соҳибкор Дадохон Очилов ба осмон расид. Ӯ бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар муддати яку ним сол ин истеҳсолоти замонавиро ба роҳ монд, ки қудрати баровардани беш аз 150 намуд дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ дорад. Дар маҷмӯъ, иқтидори солонааш коркарди 25 ҳазор метри мураббаъ чӯбу тахта буда, соле ба маблағи 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Иқтидори пуррааш бошад, 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тавре Пешвои миллат таъкид карданд, чунин соҳибкорон метавонанд дару тиреза ва мебели сатҳи ҷаҳонӣ бароварда, бозори дохилиро бо маҳсулоти воридотивазкунанда таъмин созанд ва ҳам содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд. Зимни гуфтугӯи ошкоро ва самимӣ аз ояндаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди иқтисоди миллӣ супориш доданд, ки тарғиби маҳсулоти  чунин корхонаҳои ватанӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин, маслиҳат доданд, ки барои тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳам барои аҳолӣ, бояд маҳсулоти арзону босифат бароранд.
Аз ин ташриф ва мулоқоту суҳбатҳои судманду ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат бо роҳбарияти минтақаи озод, ширкатҳои дар ҳудуди он амалкунанда, вилояту шаҳр ва вазоратҳо қариб се сол мегузарад. Алъон “Арча”, ки бо тавсияи Пешвои муаззами миллат чунин ном гирифт, аз коргоҳҳои муваффақи МОИ ба ҳисоб меравад. Дару тирезаҳо ва дигар маҳсулоти хушсифати он, ки тавассути технологияҳои муосири итолиёӣ, русӣ ва дигар кишварҳо тавлид меёбад, дар бозори дохилӣ харидори зиёд дошта, ба хориҷа низ содирот карда мешаванд. 

АЗ “АРЧА” ТО “АРЧА - МЕБЕЛ”
Дар МОИ “Суғд” фарорасии 26 июнро бо ҳаяҷону ифтихор интизоранд. Зеро дар ин рӯз ба минтақа Пешвои муаззам меоянд ва ба шурӯи фаъолияти боз як корхонаи нав - “Арча - мебел ”фотеҳаи нек медиҳанд. Ин ҷавоби амалии онҳо дар роҳи иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат ва армуғон ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Чанде қабл хабарнигори “Ҷумҳурият” бо муовини раиси раёсати Ассотсиатсияи «Кедр» Нарзулло Дадабоев вохӯрд. Мавзӯи суҳбат табиист, ки дар доираи вижагиҳои ин субъекти нави минтақа шакл гирифт.
-Мулоқоти 20 октябр бо Пешвои муаззам ҳамоно бо ҷузъиёташ пеши назар аст. Аз тамошои истеҳсолоти муосир, аз корбасти технологияҳои пешқадами корхона, мутахассисони омоданамудаамон шод шуданд. Намунаи маҳсулот писандашон омад. Чун ин абармарди миллат чашмандози хориқулодаи иқтисодӣ доранд, зарурати афзунсозии номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда, ҳамчунин, содиротӣ, аз қабили мебелҳои махсусро таъкид карданд. Аслан, сухан дар бораи боз як корхонаи нав мерафт.  Бо камоли масъулият дар роҳи иҷрои ин супориш дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаю дастовардҳои чандин кишвар, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Украина, Чин, Туркия, иддаи давлатҳои Аврупо, ки қариб яку ним сол идома ёфт, билохира мо яке аз ширкатҳои бонуфузи туркиро, ки дар дунё бо бренди «Уч юлдиз» машҳур асту ҷумлаи молаш бо стандарти аврупоӣ истеҳсол мегардад, ба шарикӣ интихоб намудем. Ҳамин тавр, бо нияти тавсеаи истеҳсоли ҳам маҳсулоти воридотивазкунанда ва ҳам содиротӣ, мисли мебелҳои махсус, корхонаи муштараки «Арча-мебел» бо саҳми Бонки рушд ва таҷдиди Аврупо, ширкати бонуфузи Туркия «Уч юлдиз» ва соҳибкори номии вилоят Дадохон Очилов бунёд ёфт.
Интихоби маҳз ширкати туркӣ тасодуфӣ набуд. Аввалан, дар Туркия, ки шомили Иттиҳоди Аврупо мебошад, технологияҳои пешрафта ба таври гус-турда мавриди истифода қарор доранд. Сониян, мо бо ширкатҳои туркӣ солҳои зиёд ҳамкорӣ карда, дар симои онҳо шарикони боэътимодро пайдо намудаем. Мавриди зикр аст, ки яке аз коргоҳҳои ассотсиатсия - «Силкоат бойя» корхонаи муштарак бо соҳибкорони ин мамлакат мебошад ва ин ҳамкорӣ натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

- «Арча - мебел» аз дигар корхонаҳои хурду калони мавҷудаи мебелбарорӣ, ки тибқи баъзе маълумот теъдодашон қариб ба ду ҳазор адад мерасад, чӣ  вижагиҳо хоҳад дошт?
- Пеш аз ҳама, бо таҷҳизоти худ. Хатҳои технологии корхона асосан аз се кишвар ворид карда шудаанд. Аз ин миён таҷҳизотеро махсус зикр карданиям, ки бо барномаҳои компютерӣ идора мешаванд. Онҳо бо тамғаи ширкати итолиёии «GSM» дар дунё машҳуранд. Зимнан, Италия ва Олмон дар мавриди истеҳсоли таҷҳизоти коркарди чӯб дар ҷаҳон пас аз Ҳолланд дар мавқеи дуюму сеюм қарор дорад. Қисми дигари таҷҳизот, хосса оне, ки оҳанро коркард мекунад, моли туркист. Ҳамчунин, аз Чин таҷҳизот овардаем. Дар маҷмӯъ қариб 50 адад таҷҳизоти гуногунтаъйиноти муосир дар «Арча-мебел» насб карда шуд.
Корхона дар ибтидо соле 3-3,5 миллион сомонӣ маҳсулот бароварда, соли 2021 онро ба 9 миллион сомонӣ мерасонад. Ҳаҷми маблағгузорӣ барои бунёди корхона 7-7,5 миллион сомонӣ дар назар буд, аммо дар маҷмӯъ беш аз 9 миллион сомонӣ масраф шуд. Масоҳати корхона 7,5 ҳазор метри мураббаъ буда, дар беш аз 2,5 ҳазор мет-ри мураббааш истеҳсолот ба роҳ монда шудааст. Бинои махсус барои намоиши маҳсулот низ бунёд шудааст.
“Арча - мебел” бо иқтидорҳои техникии худ имкон дорад, ки то 3000 намуд мебел истеҳсол кунад. Айни замон дар асоси талаботи бозори дохилӣ корхонаи «Арча» истеҳсоли 40 - 50 намуд мебелро ба роҳ мондааст.

-  Шумо дар боло мебели махсус гуфтед. Он чӣ гуна мебел хоҳад шуд?
-  Мебели таъйинотӣ. Омӯзиши имкониятҳои бозори дохилӣ, ҳамчунин, кишварҳои хориҷи наздик моро ба хулоса овард, ки истеҳсоли маҳсулоти корхонаи навро дар чор самт роҳандозӣ намудан судовар хоҳад шуд. Якум - мебели махсус барои муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, дувум - барои муассисаҳои тиббӣ, сеюм - барои идораҳои давлатӣ ва самти чаҳорум – мебели маишӣ барои аҳолӣ.
Воқеан, ҳаҷми бозори дохилӣ хеле калон аст, лекин иқтидори “Арча - мебел” ба дараҷаест, ки метавонад на танҳо эҳтиёҷоти дохилиро бо мебели махсус пурра қонеъ созад, ҳамчунин, бо ин навъи мол дар бозорҳои Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, ҳатто иддаи вилоятҳои Чину Русия рақобатпазир бошад.

- То ҷое фаҳмидам, “Арча - мебел” дар масъалаи мебели мактабӣ, яъне мизу курсиҳо таҳаввулот ба амал оварданист. Оё воқеан чунин аст?
- Мизу курсиҳое, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар мавриди истифодаанд, бо технологияи куҳна, яъне усули кафшер сохта шудаанд, ки истифодаи он на танҳо бар зарари сифат аст, балки муҳлати истифодаашонро низ хеле кӯтоҳ месозад. Ғайр аз ин, аксар вақт хусусиятҳои синнусолии хонандагону донишҷӯён ба эътибор гирифта намешаванд. «Арча-мебел» аз ҳисоби технологияҳои махсуси оҳанқатсозӣ истифодаи кафшерро чанд маротиба кам менамояд. Дар натиҷа мебели махсуси корхона аввалан, аз диди эстетикӣ хеле зебост, дигар ин ки мизу курсиҳо хушсифату бадошт буда, муҳлати истифодаашон бамаротиб зиёд мегардад.
Боз як хусусияти вижаи онҳоро таъкид карданиям. Мизу курсиҳоро дар асоси илми эргономика махсус ба ду гурӯҳ ҷудо кардем: барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва барои синфҳои болоию макотиби олӣ. Яъне мизу курсиҳо тавре сохта мешаванд, ки ба рушди дурусти сутунмуҳраи хонандагон, махсусан дар синфҳои ибтидоӣ, мусоидат намоянд. Зеро хавфи каҷшавии сутунмуҳраи кӯдак дар ин синну сол, ҳамчунин, дар синфҳои болоӣ зиёд аст, ки метавонад боиси бемориҳои вазнин гардад.
Дар кишварҳои Аврупо ба ин масъала эътибори хосса дода мешавад ва стандартҳои махсуси истеҳсоли мизу курсиҳои мактабӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар Тоҷикистон яке аз созмонҳои бонуфуз – Барномаи рушди СММ, ки як қисм мактабҳои ҷумҳуриро маблағгузорӣ мекунад, ин масъаларо дар мадди аввал гузоштааст. Аз ин рӯ, «Арча-мебел» дар асоси ҳамин стандартҳои аврупоӣ барои мактабҳои кишвар  мизу курсиҳои навсохт мебарорад.

- Дар корхона барои мебелҳои махсус ашёи хоми ватанӣ низ истифода мегардад ё ҳамааш воридотианд?
- Ашёи хом, яъне чӯбро мо табиист, ки аз Русия харид мекунем. Суоли шумо ба маҳсулоти коркарди дуюмдараҷа, яъне тахтачӯбҳои ДВП, ДСП, ДЛСП дахл мекунад, ки истеҳсоли онҳо дар кишвари худамон ё Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст.  Қисмати оҳанӣ дар ин мебелҳо, яъне профилҳо низ аз маҳсулоти ватанӣ мешавад. Зимнан, яке аз чунин корхонаҳо аз мо ба қавле ду қадам дуртар, дар ноҳияи Спитамен фаъолият дорад. Бо он аллакай созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд. Бешубҳа, мавриди истифода қарор додани маҳсулоти ватанӣ арзиши аслии маҳсулоти корхонаро паст мекунад, ки ба манфиати харидорон хоҳад шуд.

- Мегӯянд, ки дар “Арча - мебел” варзишро ҳам фаромӯш накардаанд. Ин гуфтаҳо асосе доранд?
- Комилан. Мо дар ҳақиқат тренажёрҳои гуногун, майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои бачагона бо воситаҳои гуногуни бозиҳо истеҳсол мекунем, ки шояд як дараҷа ғайричашмдошт бошад. Чунки маъмулан ин қабил мол сирф аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. «Арча-мебел» мехоҳад ба ин бозор маҳсулоти стандарти аврупоии ватаниро пешниҳод созад. Ин мебели таъйиноти махсус айни замон дар намоишгоҳи навбунёд гузошта шудааст. Яъне дар худи кишварамон аллакай истеҳсоли чунин таҷҳизот шурӯъ шуд ва изҳори умед мекунем, ки пас аз ҳузури мубораки Пешвои муаззами миллат дар маросими ифтитоҳи корхонаи нав ба ташкилоту идораю корхонаҳо, марказҳои варзишӣ ва шаҳрвандон онҳо писанд меоянд ва ҳоҷати харид аз хориҷа намемонад. Зеро ғайр аз сифати баланд ин молҳои мо аз амсилаи хориҷияшон хеле арзонтаранд.

- Шумо таҷҳизоти ширкати итолиёиро бо барномаҳои компютерӣ тавсиф кардед. Оё мушаххас гуфта метавонед, ки он ба корхона чӣ манфиат меорад?
-Аввал ба шумо як факти аҷиб мегӯям. Тибқи омӯзиши шуъбаи маркетинги ширкати “Арча”, солҳои 2014 - 2015 дар бозорҳои Душанбе дарҳои чӯбӣ бо ранги чормағз хуб ба савдо мерафтанд. Яку ним соли охир бошад, мизоҷон бештар ба дарҳои ранги сафед бо коркарди тилло таваҷҷуҳ доранд. Дизайнерҳо ва муҳандисон - тарроҳони “Арча - мебел” бо истифода аз барномаҳои компютерии ана ҳамин таҷҳизоти итолиёӣ метавонанд дар як рӯз чунин талаботи бозорро ба инобат гирифта истеҳсоли дарҳои тиллорангро ба роҳ монанд. Дар як рӯз, ки фантастика менамояд. Ба ҳамин дараҷа аст имконияти техникию истеҳсолии корхона. Ҳол он ки ба калонтарин корхонаҳои мебели Русия, Беларус ё кишвари дигар моҳҳо ва маблағи калон зарур аст барои ворид кардани хурдтарин тағйирот дар шакли маҳсулот. 

- Тахмин мекунам, ки бо чунин дараҷаи технология ҳайати кормандони корхона он қадар калон нест.
- Бале, ҳамин тавр. Ба ҳар ҳол, ба ин васила 50 нафар соҳиби ҷои кор ва маоши хуб гашт. Аксар аз тариқи озмун қабул шуд. Барои омӯзондани мутахассисони маҳаллӣ аз Италия, Русия ва Туркия коршиносони баландпоя даъват шуданд.

- Ширкати “Арча” дар бозорҳои кишвар бо силсилаи мағозаҳои фирмавӣ беш аз пеш ном мебарорад ва молаш серхаридор мешавад. “Арча - мебел” низ дар фикри кушодани чунин мағозаҳост?
- Чанде пеш дар Душанбе боз як мағозаи нави фирмавии “Арча” кушода шуд. Нуқтаҳои фурӯши он дар бозорҳои “Султони Кабир”, “Ҷал - Ҷам”, ҳамзамон, мағозаи фирмавӣ дар маҳаллаи 104 фаъоланд. Намоишгоҳ - мағозаи нав дар масоҳати зиёда аз 200 метри мураббаъ дар Мағозаи марказии Тоҷикистон (СУМ) кушода шуд. Ҳамчунин, дар кӯчаи Шестопалови пойтахт дар растаи мағозаҳои мебел фурӯшгоҳи мо боз гардид, ки барои савдои молҳои ширкати “Арча - мебел” махсус гардонда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар тамоми манотиқи Тоҷикистон 29 нуқта ва маркази дилерӣ маҳсулоти ширкатҳои “Арча”, “Силкоат бойя” ва “Арча - мебел”- ро мефурӯшад.
Бояд гуфт, ки то имрӯз дар марҳилаҳои муайян то 70 дарсади маҳсулоти корхонаи «Арча» дар асоси фармоиши давлатӣ сурат мегирифт. Ин, пеш аз ҳама, гувоҳи дастгирию ғамхории Пешвои муаззам аз истеҳсолоти ватанист. Зимнан, пас аз як соли фаъолияти корхона муҳтарам Сарвари давлат муассиси мо Дадохон Очиловро бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонданд, ки боиси сарафрозии тамоми кормандони «Арча» мебошад. Ин, ҳамчунин, эътирофи сифати баланди маҳсулоти корхона аз ҷониби мақомоти давлатист. Ва мо тамоми донишу маҳоратро сарф месозем, то ки сазовори ҳамин боварӣ амал кунем ва дар рушди иқтисоди миллӣ барои шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм гирем.
Дар арафаи 21 – ум солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дидан кардани Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар яки мо шарафи бузург аст.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 116

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед