logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ВАҲДАТ ВА ҶАВОНОН

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН


Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намудан дорад. Умеди онҳоро ба ояндаи дурахшон  қавӣ гардонд. Дар ин замина ҳар фарди кишвар бо нияти нек, бо дили гарм ба меҳнат камари ҳиммат баст.

Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон обруву манзалати зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаи ӯ дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътирофи  ҷаҳонӣ пайдо кард.
Бинобар ин, имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем, ки танҳо дар сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро устувор карда метавонем. Воқеан, ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амон ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз ба рӯз гул - гул мешукуфад, иқтисодиёташ равнақ меёбад, ҳам аз ҷиҳати  фарҳанг пеш меравад.
Имрӯз таҳаввулоти дигаргуншавии ҷаҳонӣ ҷомеаи башарро дар нуқтае қарор дода истодааст, ки ба сари хулосаи амиқ омадан душвор гаштааст. Абарқудратҳо барои талош ва ишғоли ҳарчи бештари минтақаҳои геополитикӣ равияву гурӯҳҳоеро созмон додаанд, ки, мутаассифона, аз зеҳну рӯҳу қувваи ҷавонони ноозмуда ба манфиату ғарази худ истифода мебаранд. Мисолҳои зиёдеро аз воқеаҳои хунини Ховари Миёна метавон овард, ки махсус ҷавонон ба гирдоби фиребу ғарази гурӯҳҳои табаҳкор афтодаанд. Агар сидқан сафи аъзои гурӯҳҳои даҳшатафкан ба синну сол ҷудо карда шавад, дақиқан метавон шоҳид шуд, ки аксари онҳо ҷавононанд. Ҷавононе, ки ҳанӯз лаззату рангинии дунёро надидаанд. Ҷавононе, ки падару модаронашон оҳи ҷигарсӯз дар сина доранду онҳо бошанд, даст ба террору қатлу ваҳшоният зада истодаанд. Аммо дар қиболи чунин гирудори ҷаҳонӣ Тоҷикистон тавонист, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба сӯи ободкориву созандагӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва гулгулшукуфии Ватани азизамон раҳнамун созад. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ, ки худ як институти замонсолорӣ ва сиёсатмадории баргузидаи Пешвои миллатро нишон медиҳад, як мавзӯи алоҳидаест, ки борҳо муфассирону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ перомуни он гуфтаанд.
Ба қарибӣ гуфтори як ҷавони фаъоли ҷамъиятии Афғонистон маро ба андеша бурд:
"- Агар Худованд ба кишвари мо мисли Эмомалӣ Раҳмон сарваре медод, бешак, кайҳо дар ватани мо низ сулҳ пойдор буду кӯдакони мо ба ҷойи тирк тӯп садои алларо мешуниданд" .
Ин ҳарфҳояш ҳаводисеро ба хотирам меоранд, ки имрӯз баъзе ҷавонони мо бо вуҷуди он ки дар кишвари азиз оромиву ободӣ ҳукмфармост, бо буҳтонбофию дурӯғ дар кишварҳои Ғарб худро ҷабрдида нишон медиҳанд, то ки мақоми паноҳандагӣ дарёфт намоянд. Афғонистонро фаҳмидан мумкин, ки он ҷо ҷанги дохилӣ идома дорад ва мардум осуда зиндагӣ карда наметавонанд. Аммо дар ҳоле, ки кишвари мо саршори сулҳ аст, магар камоли ношукрӣ нест, ки ба чунин давлат ва бахусус Пешвое, ки ҳатто дигар миллатҳо орзуяшро мекунанд, хиёнат намоем?
Ҳамеша такя ба қувваи бузурги ҷавонон кардани сиёсати Пешвои миллат неруи пешбаранда ва азими ҷомеа будани ҷавононро нишон медиҳад. Барои устувории ваҳдати миллӣ дар кишварамон лозим меояд шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин, баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба камол расондани насли наврас хеле муҳим аст. 
Камолиддин ТИЛЛОЕВ, шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 121

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед